Китоби нав: Масъалаҳо барои олимпиада ва роҳнамои химия
Ин китоби Шодиев С.С.,Рахмонов С.Р.Шодиев Ш.К.,Алиев Ч.Ч.
соли равон бо қарори Шурои методии Маркази ҷумхуриявии таълимию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Точикистон ба чоп тавсия гардидааст. Муаллифон дар сарсухани худ ба китоб навиштаанд:
Дар замони муосир, ки илму техника бо суръати тақрибан пайваста тараққӣ мекунад, омӯзиши фаннҳои дақиқ, аз ҷумла химия низ аҳамияти ниҳоят муҳим пайдо кардааст. Дар ҳаёти рӯзмарраи мо, истифодаи доимии маҳсулоти химиявӣ, аз қабили дорусозӣ, маводҳои сохтмонӣ, маводҳои саноатӣ ва гайра ҷои муҳимро ишғол мекунад.
Дастурамали мазкурро барои хонандагони мактабҳои миёна (барои синфҳои 8 – 11), донишҷуён ва иштирокчиёни озмуну олимпиадаҳо таҳия намудем. Сол аз сол шумораи озмуну олимпиадаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд гардида истодааст ва аз хонандагон, донишҷуён ва иштирокчиёни озмун малакаю маҳорати баландро талаб менамояд. Махсусан эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ-дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои боз ҳам мукаммал намудани сатҳи дониши худ фурсати хубест.
Ҳангоми омӯзиши фанни химия, донистани формулаҳои асосӣ ва доираи васеи методҳои ҳисобкунӣ ниҳоят мухим мебошад. Барои омӯзиши дурусти фанни химия ва татбиқи амалии он, донистани формулаҳои асосӣ, тавсифи реаксияҳо, усулҳои ҳисобкунӣ ва қонунҳои асосӣ аҳамияти ниҳоят муҳим пайдо мекунад. Дар ин китоб, шумо метавонед бо формулаҳои асосии химиявӣ, формулаи кислотаҳо, намакҳо эквивалентҳо, конфигуратсияи электронии элементҳо ва қонунхои асосии химия шинос шуда, онҳоро дар машқу амалҳои худ истифода баред. Ҳамчунин, дар ин китоб шумо ба мафҳумхои муҳим, намуди элементҳо, таркиби моддаҳо ва реакцияҳои мухталиф шинос хоҳед шуд.
Мақсади асосии ин китоб он аст, ки ба донишчуён ва хонандагон дар омӯзиши илми химия кумак расонида, ба онҳо имкон диҳад, ки пайдарпай ва мунтазам ба суйи дарки дурусти ин фан пеш раванд. Дар ҳоли хозир китобҳои зиёд дар ҳамаи ихтисосҳои илмӣ-техникӣ аҳамияти хосса пайдо кардаанд ва бетаъсир дар раванди таълим намебошанд.
Китоби “Масъалаҳо барои олимпиада ва роҳнамои химия”-ро хонандагон метавонанд дар Китобхоани миллӣ бихонанд.
Гулчеҳра Махсудова,
мутахасиси пешпари шуъбаи
адабиёти табиатшиносӣ ва илмҳои дақиқ.