Бо бачаҳо. Донистаниҳо аз ҷуғрофия. Абрҳо ва барфу борон
Нурҳои офтоб Замин ва қабати болоии обанборҳоро метасфонад ва он дар шакли бухор ба ҳаво бармехезад. Бухори об дар ҳаво ҷамъ шуда, қабати абрҳоро ба вуҷуд меорад, сипас ба қатрачаҳои об табдил меёбад.
Қатраҳои нисбатан вазнин дар намудиборон ба Замин меборанд. Қатраҳои хурд сабуканд ва чун бухори ғализ дар таркиби абр боқӣ мемонанд. Навъу шаклҳои абрҳо вобаста ба шароити ташаккулёбиашон гуногун мешаванд: Абрҳои пармонанду ғафси анбўҳ ба чинҳои рўйи об монанданд. Абрҳои сафеди ғафсу тўда ба ғалтакчаҳои патдор шабоҳат доранд. Шакли абрҳои ғализи анбўҳ ба гулкарам монанд аст. Абрҳои серқабат ҳамвор буда, аз абрҳои дигар поинтар ҷойгиранд ва дар осмон силсилаи пардаи зичро ба вуҷуд меоранд.
Чаро барфу борон меборад?
Дар натиҷаи бухоршавии оби баҳру дарёҳо ва нафаскашии набототу ҳайвонот об дар шакли буғ фазо, яъне қабатҳои атмосфера мебарояд. Қатраҳои хурди об дар таркиби абр ях баста шўшаҳои яхиро ба вуҷуд меоранд. Ин шўшахо, яъне зарраҳои шашгўшаи булўрин пайваст шуда, зарраҳои зебои барфро ҳосил мекунанд. Шушаҳои яхӣ ба поин мерезанд. Ҳангоми дар қабати наздик ба Замин аз 0 дараҷа паст будани ҳарорати ҳаво нисбатан гарм бошад,онҳо об шуда, ба қатраҳои борон табдил меёбанд. Қатраҳои нисбатан вазнини бухори оби дар ҳаво ҷамъшуда дар намуди борон мерезанд.
Раъду барқ чист?
Раъд ҳангоми тағйирёбии намӣ ва ҳарорат дар қабати атмосфера ба вуҷуд меояд. Вақте ки ҳавои гарм бо суръат боло мебарояд ва об ҳавои хун бармехўрад, аз асари ин бархурд қатраҳои борон падид меоянд. Бо ҳам бархўрдани қатраҳои борон ва ҳавои гарм садои баландро ба вуҷуд меоранд, ки онро раъд меноманд.
Дар абри раъду барқӣ аз таъсири ҷараёнҳои ҳаво қатраҳои об бо резаҳо (шўшаҳо)–и ях бармехўранд, ки дар натиҷаи соиш хўрдани онҳо андаруни абр зарраҳои ба ҳам муқобил ба вуҷуд меоянд. Ҷамъшавии онҳо боиси пайдоиши энергияи электрикӣ, яъне шарораи бузурги барқ мегардад. Гулдурроси раъд барои он аст, ки ҳавои атрофи барқ шадидан гарм шуда, босуръат васеъ ва бо неруи садоӣ раҳо мешавад. Барои муайян муайян намудани макони пайдо шудани раъду барқ вақти байни шарораи барқ ва гулдурроси барқро ҳисоб кунед– 5 сония ба фосилаи 1,6 км мувофиқ мекунад.
Тирукамон ё (камони рустам) аз чӣ пайдо мешавад?
Тирукамон дар осмон баъди боридани борон аз сабаби шикастани нурҳои Офтоб дар қатраҳои борон пайдо мешавад. Қатраҳои дар ҳаво муаллақ нурҳои Офтобро ба 7 намуд ранги мавҷи рўшноӣ: сурх, норинҷӣ, зард, сабз, нилобӣ, кабуд ва бунафш ҷудо мекунанд. Барои дидани тирукамон пушт бо Офтоб истодан лозим аст.
Аз китоби “Ҷуғрофия” (Донишнома) таҳияи Ситора Расулова,
шуъбаи хизматрасони ба шахсони имконияташон маҳдуд