Лаҳзаҳое бо бозиҳои дилошӯб
Бо ибтикороти шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯмаки молии ҶДММ “Фуд-Мастер” ҳудуди 40 нафар аъзоёни шуъбаи мазкур дар маркази дилхӯшии кӯдакона ба фароғату дилхӯшӣ фаро гирифта шуданд.
Онҳо асосан кӯдакону наврасони шуъбаи зикршуда ва фарзандони кормандони ниёзманди Муассиса буданд.
Хушбахтиву таасуроти хонандагони шуъба ниёз ба тасвир надорад, хушҳолии онҳоро мешуд аз чеҳраашон хонд. Дар баробари рақсу сурудхонӣ, намоишҳои ҷолибу дилошуб, барномаҳои фароғатӣ ва бозиҳои шавқовари кӯдакона ғизои лазизи ройгонро ширкатдорони он ҷо нӯши ҷон намуданд.

Қобили ёдоварист, ки шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд тавассути дастгириҳои моливу маънавӣ ва ҳамкории пайвастаи ҷамъияту созмонҳои хайрхоҳе мисли ҶДММ “Фуд-Мастер” ба шахсони ниёзманду имконоти маҳдуддошта равони тоза бахшида, онҳоро ба зиндагӣ бештар дилгарм месозад.
Саодат Набиева, мудири шуъбаи мазкур мегӯяд, шуъба барои пешрафти аъзоёнаш пайваста талош варзида барои боло бурдани огоҳии онҳо, лаззат бурдан аз зиндагӣ, омӯзиш дидану маънавиёташонро баланд бардоштан пайваста иқдомот мекунад. Ин ҳам яке аз чунин ташаббусоте, ки шуъба пеш гирифт, аъзоёнашро аз маркази дилхӯшии кӯдакон баҳравар намудан буд, ки ба воситаи шахсони хайрхоҳ амалӣ шуд.
Шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ то ин замон иқдомоти дигареро низ пеш гирифта буд. Ба тамошои синамо, театр, осорхона ва ҷойҳои дидании кишвар бурдани хонандагонаш. Баргузор намудани мизҳои гирд бахшида ба ҷашну рӯзҳои муҳими давлатӣ ва ҷаҳонӣ, дар сатҳи баланд доир намудани ҷашнҳои милливу ҷаҳонӣ, маҳфилҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, семинар, тренингҳои омӯзишӣ аз ҷумлаи корҳои шуъба ба ҳисоб меравад.
Натиҷаи ин кӯшишҳо буд, ки имрӯз сафи аъзоёни шуъба ба 1 ҳазору 62 нафар расидааст.
Раҳима Аъзам, бахши робита бо ҷомеа