Конгресси ҷаҳонии модарон ба кадом ҳадаф ташкил шуда буд?
Конгресси ҷаҳонии модарон, ҳамоиши байналмилалии модарон, ки соли 1955 бо ташаббуси Федератсияи байналмилалии демократии занон дар шаҳри Лозаннаи Швейсария баргузор шуд.
Ҳадаф: таҳияи нақшаи тадбирҳо оид ба ҳифзи кўдакон дар шароити шиддати вазъияти байналмилалӣ ва хатари ҷанги нави ҷаҳонии атомӣ. Дар ҳамоиш зиёда аз 1000 намоянда аз 60 кишвари ҷаҳон ширкат карданд.
Дар Конгресси ҷаҳонии модарон оид ба таълим, ҳифзи саломатии кўдакон ва ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоию фарҳангии онҳо чанд қарор қабул гардид. Қарор дода шуд, ки барои муттаҳид кардани занон ва ҳифзи сулҳу осоиш дар ҷаҳон Кумитаи доимии байналмилалии модарон таъсис дода шавад.
То охири солҳои 50-уми асри 20 занони Ҷопон ҳамкории худро бо Федератсияи байналмилалии демократии занон ба роҳ монданд ва Конгресси модарони Ҷопон (Nihon Hahaoya Taikai) ташкил ёфт.
Манбаъ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 476.
Муаллиф: М. Матробов.
Таҳияи Ҳусния Назарова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ