Пандномаи ҷаҳониён

 

Андарзҳо аз  Мартин Лютер, донишманд ва рӯҳонии маъруфи Олмон, ки солҳои 1483 – 1546 зистааст.

 

Дурӯғ монанди барфкулула аст, ҳар чӣ бештар онро ғелонӣ, бузургтар мешавад.

***

Агар медонистам, ки дунё фардо ба поён мерасад, ҳамин рӯз як ниҳоли себ мешинонидам.

***

Дунё дунё аст, ӯ на адолатро дӯст медорад ва на онро таҳаммул мекунад.

***

Ҷавонӣ монанди шароби норасида аст, ки наметавон онро барои муддати ктӯлонӣ захира кард. Вай бояд ба ҷӯш омада, сар биравад.

***

Шахс то 40 солагӣ аҳмақ мемонад. Агар ӯ ҳамоқати худро пас аз он бипазирад, дигар зиндагияш ба поён расидааст.

***

Агар нахоҳед кори хайр анҷом диҳаед, бояд ин корро бо исроф анҷом диҳед.

***

Пирӯзӣ бидуни шуҷоат ва зиндагӣ бидуни бозӣ имконпазир нест.

***

Наметавонӣ пеши селаи парандагонро бигирӣ, ки болои сарат парвоз мекунанд, аммо метавонӣ аз лона гузоштани онҳо дар мӯйҳоят пешгирӣ кунӣ.

***

Маблағи зиёде барои риёкорӣ вуҷуд дорад, вале ҳақиқат заъиф аст.

Касро набояд ба эътицод маҷбур сохт.

***

Дар асл марг танҳо тарс аз марг аст.

***

Нодорӣ дар шаҳр зиёд аст, вале танбалӣ афзунтар.

***

Агар касе як соат таърих дошта бошад, амалан рӯзро низ аз даст медиҳад.

***

Таҳриқ  дер фаромӯш мешавад, амали хайр зудтар.

***

Сафедӣ хубтар эҳсос мешавад, агар дар муқобилаш сиёҳиро гузорӣ.

***

Хоҳӣ ба пирӣ бирасӣ, барвақттар пир шав.

***

Ҳар касе бидуни эҳсоси ташнагӣ нӯшаду бидуни эҳсоси гуруснагӣ ғизо бихӯрад, ҷавон хоҳад мурд.

***

Шикам гӯш надорад.

***

Сазои чӯби дурушт табари тез.

***

Аз китоби “Панду андарз, зарбулмасал, ҳикоя ва латифаҳо аз диёри ошно ё сайре ба ҷаҳони андешаи доноёни олмонизабон”, ки ахиранд дар шаҳри Душанбе чоп шудааст. Маилаби китбро Наврӯз Раҳимзода тарҷума кардаст ва Ибодулло Оқилпур муҳаррири китоб аст.

Китобро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

 

Таҳияи Барноа Самиева