Порсигӯёни Ҳинду Синд. Саййидмирҷон  Муҳаммади Разавӣ

Порсигӯёни Ҳинду СиндМаъруф ба Ҷонуллоҳшоҳ  ва мутахаллис ба “Мир”. Мутаваффо ба  соли 1147  ҳиҷрӣ, орифи комил ва беҳтарин шоири замони худ буд. Дар матонату истеҳком ва пухтагии хаёлу фалсафаи ирфонӣ ва ашъори рӯҳонӣ монанд надошт.Девонаш шомили ғазалиёту қасоид ва таркиббанду тарҷеъбанд ва маснавӣ дар ҳудуди ду ҳазору шашсад байт аст, вале аҳамияту имтиёзаш бештар дар навъи аввал мебошад.

Аз ӯст:

Илоҳӣ, ҷӯши тӯфон бахш чашми ашкборамро,

Саҳоби даҷлаафшон кун раги абри баҳорамро.

Хушунатҳои нафсамро ба лутфи хеш бардорӣ,

Чаманпирои гулзори таҷаллӣ соз хорамро.

Дилам дар сина аз шавқи дами теғи ту мерақсад,

Зи гул сад бор рангинтар кунӣ мушти ғуборамро.

Ба муштоқон  мурувват аз нигоҳе метавон кардан,

Ба як паймонаи май дафъ кун ранҷи хуморамро.

Зи соил рӯй гардондан аз оини карам набвад,

Гулистон кун ба доми ишқ ҷисми хоксорамро.

Ғуломи ҳиммати ишқам, ки ҳар дам, Мир гардонад,

Тарози чангули шаҳбоз кабки кӯҳсорамро.

****    ****    ****

Шабе, ки гарди қудрат нишаста дар дил буд,

Сиришк бар мижаам ҳамчу муҳраи гил буд.

****    ****    ****

Вақти пирӣ гиряе бар ҳоли худ афсурдагист,

Донаи пӯсидаро борон намеояд ба кор.

****    ****    ****

Дег то дар ҷӯш бошад, ҳамл бар хомӣ кунад,

Нест гулбонги “аналҳақ” дар сарои бехудӣ.

Дар дили ҳар кас наёяд маънии барҷастааш,

Интиҳои орифон аст ибтидои бехудӣ.

****    ****    ****

МИР АЛИШЕРИ ҚОНЕЪ

Мутаваффо ба соли 1203 ҳиҷрӣ, писари Азаматуллоҳ , касирулосор ва аз ҷиҳати танаввуъ бузургтарин шоири Синд ба ҳисоб аст. Дувоздаҳсола буд, ки шуруъ ба сурудани шеър кард ва исми худро тахаллус қарор дод. Чанде нагузашт, ки девоне ҳаштҳазорбайтӣ мураттаб кард.

Аммо ба илале чанд ба об шуст. Сипас, тахаллуси “Маҳзарӣ” барои худ интихоб кард, ки баъд аз муддате ба “Қонеъ” табдил кард.

Осори назмии мавҷуди ӯ иборат аст аз “Девони Қонеъ”, дар ҳудуди нуҳ ҳазор байт, “Мухторнома” дар ҳудуди ҳафт ҳазор байт, “Қиссаи Комруп” (намунаи ашъори он) “Мукаллинома”– лар ҳудуди ҳазору понсад байт, “Чаҳор манзил” дар ҳудуди  як ҳазор байт, маснавии “Қазову қадар”, маснавии “Аъломи ғам”, “Зиннат-ул-ахлоқ”, нусхаи “Ғавсе дар олами сулук”, “Хамт-ус-сулук” муштамил бар румузу  никоти (нукта) тасаввуф, “Мизон-ул-афкор”, “Равзат-ул-анбиё”, маснавии “Шаммае аз қудрати Ҳақ”, “Соқинома”, “Таърихи Аббосия” (нотамом), баёзи “Маҳак-уш-шуаро” (интихоб аз ашъори шуарои мухталиф), ашъори мутафарриқа (дар ҳудуди як ҳазор байт) ва ғайра. Ғайр аз ин тазкираи “Мақолот ушшуаро”, ки дар он ашъору аҳволи ҳафтсаду нуздаҳ шоири бумию бегона, ки то соли 1173 ҳиҷрӣ ба Синд омадаанд. Дар сохтани моддаи таърих каммонанд буд.

Аз ӯст:

Аз калисо то ба Каъба сар ба сар гардидаам,

Хонае чун хонаи дил аз Худо маъмур нест.

Гурро Баҳром агарчӣ сайд мекардӣ мудом,

Менадонист он ки сайёдаш ба ғайр аз гӯр нест.

****    ****    ****

Як ҷилва зи берангии ӯ ранг гирифта,

Лайлӣ ба Араб гаштаву дар Ҳинд Даман шуд.

Аз мӯйи диловезу лаби лаъли нигоре,

Буе ба Хутан рафтаву ранге ба Яман шуд.

Аз лаъли шакаррези ту бурданд мазоқе,

Себе ба Сифоҳон шуду анбе ба Дакан шуд.

Афсус, ки андар чамани даҳр пас аз сол,

Бар қолаби гул ҷома буриданду кафан шуд.

Қонеъ, дари касрат чу зада ваҳдати зоташ,

Дар Басра Ҳасан шуд, ба Яман Вайси Қаран  шуд.

****    ****    ****

Дилро ду нима карда ба дилбар супурдаем,

Ин Зулфиқор дар кафи Ҳайдар супурдаем.

****    ****    ****

Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли  2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.

Таҳияи Манижа Иброҳимова,
шуъбаи тарғиб ва
чорабиниҳои фарҳангӣ