Агар умр вафо мекард…
Доктори илмҳои филологӣ, профессор, яке аз маъруфтарин забоншиносон ва услубшиносони тоҷик Баҳриддин Камолиддинов 90-сола шуд. Сад дареғ, ки ин санаи муборак бе иштироки ӯ ҷашн гирифта мешавад. Устод Камолиддинов панҷ сол пеш, 13-уми моҳи майли соли 2020 дар синни 84-солагӣ аз олам рафт.
Баҳриддин Камолиддинов, 8- уми октябри соли 1935 дар ноҳияи Ашт таваллуд шуда, баъди хатми мактаби миёна ба Омӯзишгоҳи педагогии ш.Конибодом дохил шуда онро 1953 ба итмом расонида худи ҳамон сол фаъолияти омӯзгориро ба ҳайси муаллими забону адабиёти мактаби деҳаи Сарои ноҳияи Ашт оғоз менамояд.
Соли 1959 факултаи филологии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, ба вазифаи муаллими кафедраи забони тоҷикӣ ба кор шурӯъ кардааст. Соли 1966 дар мавзӯи “Забон ва услуби ҳикояҳои Ҳаким Карим” рисолаи номзадӣ ва соли 1988 дар мавзӯи “Муродифоти наҳвӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ” рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Соли 1991 соҳиби унвони профессорӣ мегардад.
Марҳум солҳои 1992-1994 ба ҳайси проректори таълими донишгоҳ, солҳои 1994-2011 ба вазифаи мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ фаъолият намудааст.
Профессор Камолиддинов барои саҳми арзишмандаш дар рушди забоншиносии кишвар ба унвонҳои баланд аз қабили нишони сарисинагии “Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон” ва “Комёбиҳои беназир дар таълими мактаби олӣ” буда, бо 2 Грамотаи фахрии Раёсати Шўрои Олии ҶСШ Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Устод Баҳриддин Камолиддинов, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултаи журналистикаи ДМТ ва яке аз сутунҳои забони адабӣ унвон мешуд. Номбурда дар таълифи асару мақолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва ба воя расонидани мутахассисони соҳаи рӯзноманигорӣ ва олимони ҷавони забоншинос саҳми арзанда дорад.
Профессор Б.Камолиддинов муаллифи асарҳои илмии “Ҳаким Карим” (1965), “Забон ва услуби Ҳаким Карим” (1967), “Муродифоти синтаксисӣ ва ҳусни баён” (1986), “Муродифоти наҳвӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ” (2012), ҳаммуаллифи грамматикаи илмии академиявии забони тоҷикӣ (1985, 1989), “Масъалаҳои баҳсноки наҳви забони тоҷикӣ” (2003); муаллифи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимии “Услубшиносӣ” (1973, бо забони дарӣ 1978, 1985), “Маҷмӯаи машқҳои синтаксиси забони тоҷикӣ” (ҳаммуаллиф, 1976, 1981), “Услубшиносӣ” (1995, ҳаммуаллифи китоби дарсӣ барои хонандагони синфҳои 10-11), “Ҳусни баён” (1989), “Хусусияти услубии сарфу наҳви забони тоҷикӣ” (1992), “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд” (2001, 2015), “Сухандонон сухан санҷида гӯянд” (2005), “Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот” (2007), “Сухан гуфтию дурр суфтӣ ё рӯ ба рӯ бо микрофон” (2007), “Забони тоҷикӣ” (2007, 2015, китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 11), “Наҳви забони тоҷикӣ” (2010, китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ), “Чанд мушкили гузоштан ё нагузоштани вергул” (2014, 2015) ва зиёда аз 170 мақолаи илмӣ, илмию методӣ мебошад.
Ёди устоди азиз гиромӣ бод!
Таманно Салимова,
сармутахассиси шуъбаи
рисолаҳои илмӣ.