АНОНС. Ҳамоиши илмӣ-оммавӣ бахшида ба 110-солагии профессор Додоҷон Тоҷиев
22-юми октябри соли 2025 Китобхонаи миллӣ бахшида ба 110-солагии доктори илмҳои филологӣ, профессор Додоҷон Тоҷиев ҳамоиши илмӣ-оммавӣ зери унвони «Додоҷон Тоҷиев ва инкишофи илми забоншиносии тоҷик» баргузор менамояд.
Масъули ин ҷаласа шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ буда, дар он иштироки роҳбарияти Китобхона, олимону мутахассисони соҳаи забоншиносӣ, устодони ДМТ, намояндагон аз Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ВАО ва кормандони Китобхонаи миллӣ дар назар аст.
Хоҳишмандонро ба ин ҳамоиши илмӣ-оммавӣ хайрамақдам мегӯем!
Рӯзи баргузорӣ: 22-юми октябри соли 2025
Замони баргузорӣ: соати 14:00
Макони баргузорӣ: Китобхонаи миллӣ(ошёнаи сеюм)
Вуруд озод.