Китоби нав: Аҳмад ибни Яҳёи Балозурӣ «Футуҳу-л-Булдон»
Ин китоб аз таърихи зуҳури ислом ва фатҳкориҳои арабро дар кишварҳои арабӣ ва имперотурии Сосонӣ, Хуросони Бузург, махсусан фатҳкориҳо дар вилоёти Балх, Хутал, Шумон ва мулкҳои таърихии ҳудуди Тоҷикистони имрӯзаро дар бар мегирад ва барои доираи васеи хонандагон пешниҳод шудааст.
Мутарҷим дар муқаддимаи худ навиштааст, ки баррасии таърих ба ду шакл мумкин аст сурат пазирад: яке муроҷаъаи мустақим ба манобеъи таърихӣ ва дигар мутолаъаи осори дасти дуввум, яъне катбӣ, ки таърихнависон бо баррасии манобеъи дасти аввал (ва аҳёнан таълифоти дасти дуввуми дигарон) ба нигориш даровардаанд, ки дарвоқеъ натиҷаи истинботи шахсии онон аз манобеъи дасти аввал (ё навиштаҳои дасти дуввум) ба шумор меравад. Манобеъи дасти аввалро низ ба ду гурӯҳ метавон тақсим кард: нахуст, манобеъи навишта, аз қабили попирусҳо ва туморҳои бостонӣ, алвоҳ ва сангнавиштаҳо, кутуби муаррихони қадим ва назоири он. Дуввум, манобеъи ғайринавишта, аз қабили абзори кор, фаровардаҳои санъатгарон, абния, ҷангафзорҳо ва ғайра. Дар баррасии таърих гурӯҳи ахир аз манобеъи дасти аввал низ бисёр муфиди фоидаанд, лекин бадеҳист, ки иттилооти асос ва умдаро ғолибан манобеъи навишта дар дастраси мо қарор медиҳанд.
Ба рағми ин ҳақиқати сода, ки таърихро ба таври саҳеҳ бар асоси манобеъи асили он метавон дарк кард, то кунун гомҳоеанд, ки дар ироаи ин манобеъ ба оммаи мардум бардошта шудааст ва теъдоди китобҳое, ки дар ин замина мунташир шуда, нисбат ба осор ва навиштаҳое, ки аз онҳо ба унвони манобеъи дасти дуввум ном бурдем, бисёр ночизу андак аст.
Мумкин аст, тасаввур шавад, ки табъи одамӣ, бавижа дар ҷаҳони пурмахмасаи кунунӣ-осонгаро аст ва хонандагон ҳасби маълум, навиштаҳоеро, ки мувофиқи салиқаи замон сохтаву пардохта бошанд, тарҷеҳ медиҳанд.
Лекин ин гумон низ вуҷуд дорад, ки дар зеҳни ҳамон хонандагон нисбат ба асолати матолиб ва саломати истинботи нависанда тардид ҳосил шавад ва чунин тардиде ба ҳукми таҷриба пур беҷо нахоҳад буд.
Ҳадаф аз тарҷума ва нашри китоби «Футуҳу-л-булдон»-таълифи Аҳмад ибни Яҳё ибни Ҷобир, маъруф ба Балозурӣ ин аст, ки хонандаи эронӣ ба манобеъи асили таърихи кишвари худ ва ҷаҳони ислом дастрасии мустақим пайдо кунад ва об аз сарчашмае бинӯшад ва хиради худро фориғ аз тасарруфи ниёту андешаҳо ва равишҳо барои дарки ҳақоиқи таърихӣ ба кор андозад.
Сабаби гузиниши ин китоб вижагиҳои мумтоз ва мунҳасир ба фарди он аст. «Футуҳу-л-булдон» аз ҷумла манобеъи камназир ва дар мавориде беназири таърихи Эрон ва ҷаҳони ислом дар қарнҳои ҳафтум, ҳаштум ва нуҳуми милодӣ ба шумор меравад ва на танҳо дар даврони мутааххир, балки тайи қуруни мутамодӣ ба унвони яке аз муҳимтарин манобеъи Ховари Миёна ва ҷаҳони Араб мавриди истифодаи муҳаққиқон ва таърихнависон будааст.
Муқаддимаи ҳозир ба манзури нишон додани ин воқеъот ва ошноии хонандагон бо зиндагӣ ва шахсияти Балозӯрӣ ва аҳаммияти осори ӯ танзим шуда ва ба тартиб дар чанд бахш ироа хоҳад гардид.
Гуфтанием, ки ин китоб соли гузашта то кӯшиши Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик дар тарҷумаи Муҳаммади Таваккул ва баргардонии Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ ва Тоҷиддин Ғуломов аз хатти форсӣ ба крилӣ чоп шудааст.
Хонандагон ҳоло имкон доранд китоби Аҳмад ибни Яҳёи Балозурӣ «Футуҳу-л-Булдон»-ро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Адиба Мардонзода
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд