Финг Чин Юан «Фарҳанги исломӣ ва эронӣ дар Чин»

Финг Чин ЮанСозмони фараҳанг ва иртибототи исломӣ вазифаи ошно сохтани фарҳангҳо, тамаддунҳо ва дастовардҳои мусулмонони манотиқи мухталифи ҷаҳон бо якдигарро бар уҳда дорад, Ин ошноӣ ба издиёди огоҳии милали мусулмон ва афзоиши ҳамкориҳои фарҳангию иқтисодии онон, коҳиши фақр, ба вижа фақри фарҳангӣ, ки сарчашмаи ҳамаи костиҳо аст, кумак мекунад ва омили ниҳоии пешрафт ва сулҳ хоҳад буд.

Талош барои дастрасӣ ба фарҳангҳо ва одобу русуми мардуми мусулмон дар нуқоти дурафтода ва бино ба далоили иқлимӣ ё сиёсӣ дур аз дастрас, бахше душвор ва дар айни ҳол, муҳим аз ин вазифа аст. Дар айни ҳол, созмон бо эҳсоси тааҳҳуди амиқе, ки дар заминаи вазоифи илоҳӣ  ва мардумии  худ дорад, ниҳояти саъю кӯшишро ба кор хоҳад бурд ва итминони комил дорад, ки бо истионат аз Худованди мутаол ва баҳрабардорӣ аз ҳамкории пажӯҳишгарони мутааҳҳид ва мутахассис ба аҳдофи худ даст хоҳад ёфт.

Тарҷума ва интишори китоби «Фарҳанги исломӣ ва эронӣ дар Чин» навиштаи оқои Финг Чин Юан – муҳаққиқи Муассисаи мутолиоти қавмиятҳо дар минтақаи худмухтори Нинг Шиё дар Ҷумҳурии халқии Чин  бахше аз талошҳои Маркази мутолиоти эронӣ ва байналмилалии созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ аст, ки умедворем мавриди назари алоқамандон ба мутолиоти роҷеъ ба фарҳангу тамаддуни мусулмонон Чин ва иртиботҳои таърихии онон бо кишварҳои Ховари Миёна қарор гирад.

Китоби мазкур соли гузашта дар тарҷумаи Муҳаммадҷавод Умедворниё ва баргардони М.Амиршоев аз хатти форсӣ ба крилӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик  чоп шудааст.

Чуноне дар муқаддимаи ношҳиргн омадааст, баррасии ислом дар Чин аз ҷумлаи масоили муҳим ва қобили мутолаа дар бахше  васеъ аз Осиёст. Пажӯҳиш  дар бораи ин амр дар даҳаи гузашта, бавижа дар давраи инқилоби фарҳангӣ дар Чин (1966-1976) дар арсаи камбуди манобеъ, якҷониба будани қазоват ва адами дастрасӣ ба манотиқи мусулмоннишин ва муҳаққиқони исломӣ бо мавонеъ ва мушкилоти бузурге рӯ ба рӯ буд. Аз авоили даҳаи 1980-ум бо эъломи поёни  инқилоби  фарҳангӣ, иттихози сиёсати дарвозаҳои бози иқтисодӣ ва падид омадани фазои ба нисбат озод дар Чин, китобҳо ва мақолаҳои мутааддиде дар заминаи ислом дар Чин интишор ёфтааст ва роҳ барои баррасии ин амр то ҳудуде гушуда шудааст. Акнун  бисёре аз донишгоҳҳо, марокизи мутолиотӣ ва академияҳои улуми иҷтимоӣ дар Пекан, Шангҳай, устонҳо ва манотиқи худмухтор, бавижа Гансу, Син-киёнг ва Нинг-шиё дар бораи ислом мутолаа мекунанд ва натоиҷи кори худро мунташир месозанд. Авомили дигаре, чун пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон, фурӯпошии Шӯравӣ ва таҷдиди ҳаёти ислом дар Осиёи Марказӣ, моварои Қафқоз ва муборизоти сарсахтонаи мусулмонон дар гӯшаву канори ҷаҳон, аз ҷумла  дар Афғонистон, Тоҷикистон, Чечен, Миср, Алҷазоир ва нуқоти мухталифи Ховари Миёна, бавижа Исроил, дар ҷалби таваҷҷуҳи муҳаққиқони чинӣ ба нақши ислом дар дигаргуниҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ таъсири асосӣ доштааст.

Албатта, аз он ҷо ки пажӯҳишгарони чинӣ барои муддатҳои мадид аз манобеъ ва иттилооти лозим ҷиҳати мутолааи дақиқи ислом маҳрум будаанд ва ҳанӯз ҳам муваззаф ба риояти нукоте дар заминаи «ҳифзи якпорчагии кишвар», «таъмини иттиҳоди қавмиятҳо» ва «озодӣ дар чорчӯби сотсиализми вижаи Чин» ҳастанд, матолибе, ки мунташир месозанд, аз кайфияту диққати лозим бархурдор нест. Аммо бо таваҷҷуҳ ба талоши пайгиронае, ки дар маҳофили мутолиотии он кишвар дар ҷиҳати тақвияти кори пажӯҳишӣ ҷараён дорад, метавон интизор дошт, ки дар оянда китобҳову мақолаҳои бештар ва дақиқатаре дар заминаи адёну андешаҳо, аз ҷумла дар мавриди ислом, дар Чин интишор ёбад.

Китоби «Ислом дар Чин», навиштаи оқои Финг Юан-муҳаққиқи гаронқадри Муассисаи мутолиоти қавмиятҳо дар минтақаи худмухтори Нинг-шиё, дар муқоиса бо бисёре аз китобҳои  мунташиршуда дар солҳои ахири Чин, арзише бартар дорад. Танаввуи матолиб, таваҷҷуҳ ба вуҷуҳи  мутааддиде аз нақши созандаи фарҳанги исломӣ ва эронӣ дар Чин ва низ доштани дидгоҳе мусбат ба фарҳанги исломӣ – эронӣ аз авомили ин бартарӣ ба шумор мераванд.

Дар айни ҳол, китоб аз бархе костиҳо низ барканор нест. Нисбат додани ҳамаи дастовардҳои ислом дар Чин ба аъроб ва нодида гирифтани нақши аслии эрониён дар ин амре бузург, араб  хондани бисёре аз касоне, ки дар эронӣ будани онон тардиде нест, чун Ибни Синову Закариёи Розӣ ва амсолуҳум. Арабӣ донистани бисёре аз калимоти форсӣ, зиёдаравӣ дар арзёбии таъсири андешаи конфусиюсӣ бар ислом дар Чин, аз ҷумла нуқоти заъфи китоб ба ҳисоб меоянд, ки умед меравад бо дастёбии нависанда ба манобеъ ва мадорики бештар ва ҳатто боздиди эшон аз минтақа, дар чопҳои оянда бартараф шавад.

Хонандагон китоби Финг Чин Юан «Фарҳанги исломӣ ва эронӣ дар Чин» -ро метавонанд аз Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.

Адиба Мардонзода,
мутахассиси пешбари
шуъбаи  мукаммалгардонӣ.