Ҳазли шоирон дар беш аз ним аср пеш

Ҳазли шоирон. Замоне мо ин гуна ҳазлҳоро хеле зиёд мехондем. Аммо ин замон камтар ба назар мерасад. Чун ёде аз гузашта тасмим гирифтем як силсила ҳазлҳои шоири маъруф Аминҷон Шукӯҳиро ба ашъори Лоиқ Шералӣ, Мастон Шералӣ, Абдумалик Баҳорӣ ва эпиграммаҳои Бобо Ҳоҷӣ ва як назираи хеле хуби Бурҳон Ғаниро аз шумораи дуюми соли 1969-и маҷаллаи “Садои Шарқ” ин ҷо бикорем. Умед аст ин жанри адабӣ зинда мешавад ва мо шоҳиди ҳазлҳои зиёди шоирона мешавем.

АМИНҶОН ШУКЎҲӢ. ҲАЗЛҲО. БА ҚУТБӢ КИРОМ

«Ҳар рўз ман дар аҳди худ сад бор дигар мешавам

Гоҳе ҳамоҳанги замин, гаҳ ёри ахтар мешавам».

(Қутбӣ Киром)

«Ҳар рўз ман дар аҳди худ сад бор дигар мешавам».

Гаҳ чун биёбон хушку гаҳ мисли шибар тар мешавам

Гаҳ лаблабу, гоҳи каду, гаҳ шалғаму гоҳе карам,

Гаҳ ғузапўчоқу гаҳе чун тухми ҷавдар мешавам.

Гаҳ аспи тозӣ мешавам, гоҳ сангпушти сустрав,

Гоҳе хурўси ҷангара, гаҳ мурғи бепар мешавам.

«Сисола роҳи умри ман тай шуд, надонам кистам,

Ҳар рўз ман дар аҳди худ сад бор дигар мешавам».

                                   БА ЛОИҚ

«Бо гуноҳи бегуноҳӣ борҳо қурбон шудам,

Бо «вуболи» ҷонфишонӣ борҳо беҷон шудам

Гоҳ қурбони худо, гаҳ ғозии «Қуръон» шудам

Гаҳ ғуломи Темуру гаҳ абди Чингизхон шудам.

Гоҳ Фирдавсию гоҳе Рустами дастон шудам».

(Лоиқ)

Бо матои ҷони худ дар назди ҳар дўкон шудам,

Гоҳ қимат ҳамчу зар, гоҳе чу каҳ арзон шудам

Гаҳ табиӣ, гоҳ чун дарбеҳи ночаспон шудам,

Гоҳ ба ҳушёрҳову гоҳ бо мастон шудам,

 Оқибат ман ҷўраи Мастон шудам.

                                       БА МАСТОН

«Яке шому яке субҳи сафобахш,

Яке дар банди комасту яке ном,

Яке соқии худ бебода монда

Яке сарнўш, дигар дурдошом».

                                               (Мастон)

Яке ошу яке кафлесу чумча,

Яке дегу яке тушбераи хом.

Яке тоқии дур аз кала монда,

Яке коняк, яке як шиша боржом.

****

Яке гул додаву гул ногирифта,

Яке пул бурдаву пулро надода,

Яке баҳри газак чун ширмоҳӣ,

Вале дар бўшкаи сарнокушода.

БА ХУДАМ

Гули садбарги сурхеро харида,

Ба вақти ваъдагӣ сўят давида.

Туро аммо дар он ҷо ман надидам,

Нишастам оҳи вазнине кашида,

Дилам хун шуд зи раҳпоӣ, азизам,

Чаро охир намеоӣ, азизам.

                                             (А. Шукўҳӣ)

Шабе пайпоқу туфлиро кашида,

Ба лаб тоқии чустамро газида,

Ба вақти вадагӣ сўят давида,

Туро аммо дар он ҷо ман надида,

Нишастам бинии худро кашида.

Дилам хун шуд зи раҳпоӣ, азизам

Чаро охир намеоӣ, азизам,

                             БА АБДУМАЛИК БАҲОРӢ

«Аз ҳамон рўзе, ки ёр аз даст рафт,

Ман ба дил гуфтам, ки кор аз даст рафт

Лекин ин чӣ муъҷизоте ногаҳон

Гул ба каф афтоду хор аз даст рафт»

                                 (Абдумалик Баҳорӣ)

Он парӣ бо виговор аз даст рафт,

Орзуҳоям қатор аз даст рафт.

Мисли мошин мондаам дар ними роҳ,

Баски бензину  матор аз даст рафт.

Менишинам ман чу най ҳуштаккашон

Чунки танбўру дутор аз даст рафт.

«Лекин ин чӣ муъҷизоте ногаҳон»

Зар ба каф афтоду мор аз даст рафт.

 

БОБО ҲОҶӢ. ЭПИГРАММАҲО

                       Кирми пила

Хазида домани барги хазонро,

Надида не замин, не осмонро,

Ба рўи барг нақши хеш бигзошт-

Паи борики ҳамчун ресмонро.

Гумон кард ин ки андар зарфи як шаб

Бипаймуд ў ҳама рўи ҷаҳонро.

           ЧАРО ШОФИР НАШУД…

Соҳиби мошина чун шоир бишуд,

Дар фани ронандагӣ моҳир бишуд.

Хонда шеъру дида мошинрониааш,

Ҳайф хўрдам, ки чаро шофир нашуд…

 

БУРҲОН ҒАНӢ

  Назира ба таронаи «Ту кай парвои ман дорӣ» 

«Сари роҳат пур аз хор аст»,

Саги ҳамсоя бедор аст,

Ба по маҳсӣ чӣ даркор аст?

Ту кай парвои ман дорӣ.

 

«Манам Маҷнуни вовайло»

Манам сардори нонпазҳо,

Хўроки ман карамшўрбо,

Ту кай парвои ман дорӣ.

 

Чу оби ҳавз меҷўшам,

Чу оби кўл хомўшам,

Ба по ҷўроб кай пўшам,

Ту кай парвои ман дорӣ.

 

Чу хонӣ ту суруди ман,

Биларзад тору пуди ман,

Занад фаввора дуди ман,

Ту кай парвои ман дорӣ.

Манбаъ: Садои Шарқ соли 1969№2

Таҳияи мутахасси шуъбаи
матбуоти даврӣ Фараҳнози Тоҳирхон.