Ҷойи дуюми як корманди Китобхонаи миллӣ дар озмуни ноҳиявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”
Як корманди Шуъбаи такмили ихтисоси Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштирок дар озмуни ноҳиявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” сазовори ҷойи дуюм шуд ва ба дарёфти Дипломи озмун шарафёб гардид. Исмоил Саидзода-мутахассиси пешбари Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ рӯзе қабл дар номинатсияи адабиёти муосир дар озмуни ноҳияи Исмоили Сомонӣ ширкат кард ва ҷойи дуюмро ба даст овард.
Маврид ба ёдоварист, ки соли сеюм аст, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” доир мешавад ва он як иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ, бедор намудани ҳисси худогоҳию хештаншиносӣ дар вуҷуди онҳо, дарёфти истеъдодҳои тоза мебошад.
Даври ниҳоии озмуни ёдшуда чун солҳои пеш дар бинои Китобхонаи миллӣ доир хоҳад шуд.