Сарсухани профессор Кӯчарзода ба китоби “Марди арсаи ҳунар”

Марди арсаи ҳунарШоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Сафармуҳаммад Айюбӣ (1945-2011) ба адабиёти муосири тоҷик чун адиб ва драматурги бомаҳорату соҳибистеъдод ворид гардида, бо осори пурмуҳтаво ва хотирмони манзуму мансур ва намоишномаҳои таърихии ҷолибу арзишманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ аз он маълум машҳур гаштааст. Солҳои 60-80-и асри гузашта дар адабиёт, махсусан, назми тоҷик ғояҳои озодандешӣ, ифтихори миллӣ ва масъулияти ватандорӣ ба ҷойи аввал баромад ва суханвароне чун Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ Гулрухсор, Гулназар ва дигарон ба тасвири мавзуъҳои иҷтимоӣ ва фалсафӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.

Сафармуҳаммад Айюбӣ ба ҷодаи сухан ва суханварӣ дертар ворид гардид, вале ҳунари фитрӣ ва истеъдоди худодод ба ӯ болу пар бахшид ва чун уқоби тезпарвоз дар осмони адабиёти нафиса бо сабку услуби фардӣ якбора аз худ дарак дод. Ба маҷмуаи аввалинаш-  «Гули гандум» (1981) устод  Бозор Собир сарсухан навишт ва вакте нахустин драмаи манзуми адиб – «Фишор» (1984) дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб ба номи Сайдалӣ Вализода ба саҳна гузошта шуд, дар Фестивали театрҳои касбии ҷумҳурӣ-«Парасту» соҳиби Шоҳҷоиза гардид. Ин комёбиҳои аввалин адиби ҷавону умедбахшро водор намуд, ки тавассути омӯзиши вижагиҳои шеър ва ҳамкорӣ бо кормандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ба ду паҳлуи каломи бадеъ-назми ва драматургия таваҷҷуҳи  зиёд намоянд.

Истеъдоди фавқулодаи нигорандагӣ, табъи саршори суханпардозӣ ва дониши фарогир аз таърихи халқу Ватани азиз дар маҷмуаҳои минбаъд –«Роҳи сафар», «Шохаи барқ», «Фалаки роғӣ», «Мунтахаби осор» бо истифодаи моҳиронаи жанрҳои суннативу шеъри нав ва муҳимтарин мавзуъҳои ишқиву иҷтимоӣ, фалсафӣ ва панду ахлоқӣ беш аз пеш намоён мешавад.

Бояд гуфт, ки дар эҷодиёти Айюбӣ шеър  мавқеи сазовор дорад ва истеъдоди модарзоду ҳунари худододи шоир боз дар «Мунтахаби осор» (2000), маҷмуаҳои «Хоҳиши дарё» (2002), «Катибаи нонавишта» (бо ҳуруфи арабиасоси тоҷикӣ-1384 х.ш) ва китобчаҳои ҷудогонае, чун «Модар» (2002), «Шайх Муҳаммадсаиди алайҳираҳма» (2003), «Мавлонои Хатон» (2003), «Шайх Ҳикматуллоҳи Ғилмонӣ» (2005) фароҳам омадаанд. Шоир ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои таърихӣ, ирфонӣ ва ходимони барҷастаи диниро дар беш аз 20 маснавӣ, аз ҷумла, маснавиҳои «Шаҳриёрнома», «Ниҳонам ошкори дидаи ӯст», «Як танему раста ҳар сӯ шох-шох», «Саре, ки сояи дасти Худо дошт», «Тавофи марқади пирон савоб аст» ба тасвир гирифтааст ва ҷолиб аст, ки аксари ин маснавиҳо бо як нишастан навишта шудаанд. Масалан, дар охири маснавии «Ниҳонам ошкори дидаи ӯст», ки ба Шайх Ҳикматуллоҳи Ғилмонӣ бахшида шуда, аз 213 байт иборат аст, чунин қайди шоир ба назар мерасад: «Ин достон 20-уми январи соли 2005 дар арафаи иди шарифи Қурбон, аз соати 2-30-и шаб то 7-и саҳар навишта шуд, ки онро атои идонаи Худованд мешуморем».

Дар мухаммаси «Сипар» мароми халқи тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони истиқлоли давлатӣ басо воқеъбинона ва самимона тараннум гардидааст.

Қавитар нест паймоне зи паймоне, ки мо кардем

Баробар нест давронҳо ба давроне, ки мо кардем

Намоён аст он кори намоёне, ки мо кардем

Ватанро гулшани бахти шукуфоне, ки мо кардем

Накарда ҳеҷ қарну қавмҳо оне, ки мо кардем…

Адиб дар насри бадеӣ низ қувваозмоӣ кардааст, ки намунаи он қиссаи ҳуҷҷатии «Айюб Исо» (2002) мебошад. Дар сарсухани қисса, ки ба қалами Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун таалук дорад, омада: «Драмнависи машҳур Сафармуҳаммад Айюбӣ тавонистааст, ки дар ҷодаи наср як асари аз ҷиҳати  мавзуъ доғ, хонданиву навиштанӣ ва аз ҷиҳати забон, бандубаст ва сирри нависандагӣ каму беш огоҳ аст, хуб медонад, ки кашидани ин бори гарон алалхусус, ноил гардидан ба мақсади эҷодӣ, чандон кори осон нест. Яъне, адиби мо истеъдоде дорад модарзод ва ҳунаре дорад худодод».

Махсусан, драмаҳои манзуму мансури адиб чун «Заволи Чамбули Мастон», «Алии Сонӣ», «Амир Исмоил», «Дақиқӣ», «Спитамон», «Сомонхудот», «Драмаи миллат», ки шумораи  онҳо ба 200 мерасад, аз нигоҳи  мазмуну муҳтаво ва тасвири таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии халқҳои тоҷику форс басо ҷолиб ва омӯзандаанд ва номи муаллифро дар қатори беҳтарин драматургони касбӣ – С.Улуғзода, Ғ. Абдулло, Ш.Қиём, Ф.Ансорӣ, М.Бахтӣ, А.Атобоев, С.Сафаров ҷой додаанд.

«Он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест» гуфтаанд. Дар китоби «Марди арсаи ҳунар», ки бо саъю кӯшиши духтари шоир Симо Айюбӣ ва наберааш Ғанизода Муҳаммад Кангуртӣ қисмате аз мулоҳизоти суханварону суханшиносон, мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва меҳрномаи адабиётшиносон, рӯзноманигорон ва мухлисони ин адиби барҷаста фароҳам омадаанд, зиндагинома, руҳи бедор, арзишҳо ва муҳтавои эҷодиёт чун дар оина акс ёфтаанд.

Оре,

Миллат ар ҷисм аст, шоир чашми ӯст,
Ҷисмро аз чашми  солим обрӯст. 

Аламхон Кӯчарзода,
узви вобастаи АМИТ,

доктори илми филология, профессор

Хонандагон китоби «Марди арсаи ҳунар»-ро метавонанд аз Китобхонаи миллӣ пайдо ва мутолаа намоянд.

Таҳияи Адиба  Мардонзода, мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.