Соле, ки гузашт…
Соли 2025-ум 84805 нусха адабиёт ба маблағи умумии 1392284 сомониву 64 дирам ба Китобхонаи миллӣ ворид карда шуда, мавриди коркард қарор гирифтааст. Дар захираи мубодилавии эҳтиётӣ 772 нусха китоб ба маблағи умумии 16080 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин бора директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода рӯзи 9-уми сентябр дар ҷаласаи умумии ҷамъбасти фаъолияти Китобхона дар соли 2025 хабар дод.
Директори Китобхонаи миллӣ дар ҷаласа иброз дошт, ки бо ироа гардидани Паёми Асосгузори сулҳу ватҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чанд рўз қабл мову Шумо шоҳид гардидем, кишвари маҳбуби мо Тоҷикистонро боз ҳадафу мақсадҳои созанда ва бунёдкоронаву равнақдиҳанда дар пеш хоҳад буд. Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ санади раҳнамое маҳсуб меёбанд, ки ба татбиқи тадриҷии ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла беҳтар намудани шароити иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифатнокии аҳли ҷомеа нигаронида шуда, дар заминаи таҳлилҳои амиқ, натиҷагириҳои асоснок ва масъалагузориҳои мушаххас ба ривоҷу равнақи тамоми соҳаҳои давлатдорӣ дар кишвари мо мустақиман зина ба зина мусоидат мекунанд.
Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, ки санаи 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олӣ ва дар симои он тариқи тамоми шабакаҳои радиоиву телевизионии кишвар ба мардуми шарифи Тоҷикистон – ҳар як фарди худогоҳу ватандўст, шаҳрванди пурмасъулияту созандаи кишвар ва ба тамоми тоҷикони ҷаҳон, инчунин, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ироа гардид, сараввал, соли 2025-ро дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо тамоми дастоварду пешравиҳо ба сифати боз як соли бобарор арзёбӣ намуд. Яке аз нуктаҳои калидии Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, дар баробарии зикри дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, пешравиҳои бахши инфрасохтори соҳаи маориф, рушди имкониятҳои сайёҳӣ, тадбирҳо ҷиҳати пешгирии омилҳои терроризму экстремизм ва ҳифзи суботу оромии кишвар, ин масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳли ҷомеа – рушди соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг мебошад, ки зимни ироаи он таъкиду масъалагузориҳои мушаххас сурат гирифт.
Ба боварӣ метавон зикр намуд, ки дар тамоми самту равиши фаъолияти Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳар як дастуру супориши Пешвои миллат, ки тавассути Паём ироа мешаванд, корҳои мушахасси созанда ба нақша гирифта шуда, баҳри татбиқи онҳо аҳли кормандони Муассиса бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ фаъолият доранд.
Сипос профессор Ҷумахон Файзализода ба таҳлили фаъолияти бахшу шуъбаҳои Китобхона пардохт ва аз ҷумла гуфт: Кормандони шуъбаи мукаммалгардонии фонд 4283 нусхаи ҳатмии китобҳо, 62362 нусха адабиёти туҳфашуда аз шахсони алоҳида, 3308 нусха китоб аз сарчашмаҳои гуногун, 657 нусха маҷаллаи обунавӣ, 5840 нусхаи ҳатмии рӯзномаҳо, 4822 нусха рӯзномаҳои обунавӣ, 496 нусха китоб аз сафоратхона ва ташкилоти хориҷӣ, 2276 нусха аз ҶДММ “Сайри Чилдухтарон” ва ҳамчунин 223 нусха аз ҶДММ “Аҳли Кор”-ро ба дафтари бақайдгирӣ сабт кардаанд. Ба хотири мукаммал гардонидани феҳристи анъанавии Китобхона ба китобҳо барга навишта, ба шуъбаҳои дахлдор ирсол намудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ ба 73112 нусха адабиёти коркардшуда рамзбандии вижавӣ (часпонидани штрих-код) сурат гирифтааст.
Дирктори Китобхонаи милли дар бахши дигар аз суханронии худ гуфт, ки то ба ҳолати 1-уми декабри соли 2025 фонди хизматии Китобхонаи миллӣ аз 3 601861 нусха китоб ва дигар маводи иттилоотӣ иборат мебошад.
Профессор Файзализода ҳамчунин дар бораи фаъолияти шуъбаи коркарди адабиёт ҳарф зад ва гуфт, ки дар як сол кормандони ин шуъба 68115 номгӯи адабиётро қабул ва коркард намудаанд, ки аз он 17990 нусха бо забони тоҷикӣ, 37609 нусха бо забони русӣ, 2883 нусха ба фонди захираҳои ёрирасон, 617 нусха рисолаи илмӣ, 617 нусха автореферат ва 305 нусха бо забони давлатҳои узви ИДМ ва 61 нусха нашрияҳои давомноки илмӣ ва ғайра мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ ба 10537 нусха китоби тозанашр аз рўйи ҷадвали Таснифоти даҳгонаи универсалӣ (ТДУ) рақамгузорӣ шуда, ҳамин миқдор 10537 барга (як нусхагӣ) ва 31611 адад барга (се нусхагӣ) чоп гардидааст.
Директори Китобхонаи миллӣ аз фаъолияти бахш, шуъба ва марказҳои Китобхона вобаста ба таҳияи феҳристи электронии фонди асосӣ тариқи барномаи “Алиф” сухан ронд ва гуфт, ки ин фаъолиятҳо бомаром идома доранд ва тибқи муқаррарот ва меъёри муайяншуда дар ин самт корҳо анҷом дода мешаванд Вале бо назардошти рушди технологияи муосир, пайдо гардидани роҳу усулҳои нави хидматрасонӣ талаботи истифодабарандагон аз китобхонаҳо низ тағйир ёфта, истифода аз ҳама навъи ҳуҷҷат дар шакли рақамӣ тадриҷан меафзояд.
Китобхонаи миллӣ низ дар масири хидматрасонии рақамӣ қадамҳои устувор гузошта, барои ноил шудан ба ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат дар самти татбиқи “Ҳукумати электронӣ” ва хидматрасонии фаврӣ ба истифодабарандагон тадбирҳои мушаххас ва саривақтӣ меандешад. Бинобар ин, роҳбарият ва масъулони шуъбаи феҳристнигорӣ, автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ ва дигар бахшу шуъбаҳои Муассисаро лозим аст, ки барои ҳарчи зудтар анҷом додани вазифаҳои марбут ба феҳристнигории электронӣ тариқи барномаи “Алиф” чораҳои зарурӣ ва таъхирнопазир андешанд. Мавриди зикр аст, ки дигар китобхонаҳои кишвар барои феҳристнигории электронӣ ин гуна имкониятҳои технологиро надоранд.
Директори Китобхонаи миллӣ ҳамчунин дар бораи фаъолияти бахши бақайдгирии шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ сухан ронд ва гуфт, ки аз оғози фаъолият то ба имрўз 319 ҳазору 359 нафар узви Китобхонаи миллии Тоҷикистон шудаанд. Дар соли 2025 ба узвияти Китобхона 20 316 нафар пазируфта шудаанд.
Ба толорҳои шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон, ки фарогири толори хониш, толори тиб ва табиатшиносӣ, толори ҳуқуқ ва фалсафа, ҳамчунин толори “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад, соли гузашта 63 208 нафар хонанда ташриф оварда, 67 ҳазору 448 нусха адабиёт дархост кардаанд.
Бино ба ин гузориш соли 2025 ба фонди шуъбаи матбуоти даврӣ дар асоси нусхаи ҳатмӣ 4 258 нусхаи рӯзнома ба забони тоҷикӣ, 730 шумора ба забони русӣ, 2033 шумораи рӯзномаҳо дар асоси нусхаи обунавӣ ба забонҳои тоҷикӣ, 482 шумора ба забони русӣ, 1652 шумора рӯзномаҳои ноҳиявӣ аз рӯи нусхаҳои ҳатмӣ ва обунавӣ, 1383 шумора аз шуъбаи билиографияи миллӣ интиқол гардида, 617 шумораи маҷалла бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ аз ҳисоби нусхаи ҳатмӣ ва обунавӣ ва аз сарчашмаҳои гуногун ворид шудааст, ки дар маҷмуъ, 10 ҳазору 645 нусхаи рӯзнома ва 1 322 шумораи маҷалларо ташкил медиҳад.
Дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти яксолаи Китобхонаи миллӣ мудири бахши раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Зайналобиддин ширкат ва суханронӣ намуд.
Ҳамчуни Муовини якуми директор Салима Раҷабзода, муовинони директор Сайфиддин Камолзода, Муҳаммадиқбол Атозода ва Зафар Саидзода суханронӣ намуда, ҳар кадом ба фаъолияти бахшу шуъбаҳои Китобхонаи баҳо доданд.
Дар фарҷоми ҷаласа се нафар кормандон Китобхона бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як зумра кормандон барои иштироки фаъолона дар гузаронидани даври чоруми озмуни ҷумҳуриявиии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо “Ифтихорнома” ва “Сипоснома“-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳуриии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Гуфта шуд, ки фаъолияти Муассисаи давлатии “Китобхоаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки бо ҷавҳари асосии мақсадҳои нав бо барномаву нақшаҳои тоза барои ҳифзу нигоҳдошти хазинаи миллат фаъолияти назаррас дорад.
Ганҷина Ҷолаева,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.