Тақвими моҳ. Январи соли 2026

Якуми январ
– 75-солагии зодрўзи Абдулалӣ Абдулалиев (1951), олими соҳаи тиб.
– 70-солагии зодрўзи Азизулло Авезов (1956), доктори илми иқтисод, профессор.
– 70-солагии зодрўзи Раҳматулло Валиев (1956), олими соҳаи химия.
– 80-солагии зодрўзи Мирзо Гадоев (1946), журналист.
– 60-солагии зодрўзи Маҳмадшо Гулов (1966), доктори илми тиб.
– 70-солагии зодрўзи Карим Муҳаммад (1956), рассом.
– 90-солагии зодрўзи Абдулло Қодирӣ (1936-2009), шоир, Кормандишоистаи маданияти Тоҷикистон.
– 60-солагии зодрўзи Алишер Муродов (1966), доктори илми тиб.
– 85-солагии зодрўзи Муқаддас Расулова (1941), коргардони радио, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
– 105-солагии зодрўзи Парпӣ Тоҷиев (1921), пахтакор, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ.
– 70-солагии зодрўзи Мирзоамин Ҳалимов (1956), журналист.
– 75-солагии зодрўзи Маҳмадшукур Ҳомилов (1951), журналист.
– 60-солагии зодрўзи Бойалӣ Ҳусайнов (1966), олими соҳаи иқтисод.
– 70-солагии зодрўзи Аладўст Чобулов (1956-2013), доктори илми тиб, профессор.
– Соли нави милодӣ.
– 65-солагии баргузор шудани аввалин Анҷумани кормандони китобхонаҳои Тоҷикистон(1961).
Дуюми январ
–105-солагии зодрўзи Ҷаҳонгир Қаршиев (1921), муаррих.
– 85-солагии зодрўзи Татяна Лозавая (1941), доктори илми биология.
– 95-солагии зодрўзи Насриддин Мирзоев (1931), журналист.
–95-солагии зодрўзи Шарафбону Пўлодова (1931), адабиётшинос.
– 105-солагии зодрўзи Абдулҳамид Умаров (1921-1984), пахтакор, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ.
Сеюми январ
– 90-солагии зодрўзи Норайр Арутюнян (1936-2008) ҳайкалтарош,Ходими шоистаи ҳунариТоҷикистон.
–135-солагии зодрўзи Мирзораҳмат Олимов (1891-1971), Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.
– 80-солагии зодрўзи Тағоймурод Солиев (1946), доктори илми физикаю математика, профессор.
–90-солагии зодрўзи Назар Халил (1936), шоир.
–115-солагии зодрўзи Абдулло Ҷўраев (1911-1994), актёр ва коргардони театру кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Чоруми январ
– 80-солагии зодрўзи Саидамир Аминов (1946-2024), мактабшинос, олими соҳаи педагогика.
– 90-солагии зодрўзи Шодӣ Маҳмадов (1936-1999), журналист.
– 70-солагии зодрўзи Раҳматбой Муҳиддинов (1956), муаррих.
– 80-солагии зодрўзи Аҳмад Юсуфов (1946), рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
– 85-солагии зодрўзи Зайнаб Яъқубова (1941), доктори илми тиб, профессор.
– ҷашни Сирсур – иди хуҷастаи ниёгон.
– Рӯзи ҷаҳонии алифбои Брайл.
Панҷуми январ
– 60-солагии зодрўзи Каромат Абдулҳаев (1966), файласуф.
– 90-солагии зодрўзи Қурбон Алӣ (1936-1984), нависанда.
–90-солагии зодрўзи Очаой Зокирова (1936), муаррих.
– 75-солагии зодрўзи Субҳон Исломов (1951), олими соҳаи педагогика.
– 115-солагии зодрўзи Мақсуд Мансуров (1911-1996), журналист.
– 100-солагии зодрўзи Шарафнисо Маҳмадҷонова (1926), журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
– 100-солагии зодрўзи Сергей Налбандян (1926), забоншиноси арман, муҳаққиқи забони форсии қадим ва миёна.
– 75-солагии зодрўзи Нодирахон Ниёзова (1951), журналист.
–100-солагии зодрўзи Маҳмудҷон Оқилов (1926-1998), адабиётшинос-шарқшинос.
– 90-солагии зодрўзи Нурмат Норматов (1936), олими соҳаи педагогика.
– 75-солагии зодрўзи Муҳаммадзамони Солеҳ (1951-2009), нависанда.
– 75-солагии зодрўзи Нелла Сухачева (1951), журналист.
Шашуми январ
– 115-солагии зодрўзи Муъминҷон Ашўров (1911-1994), журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
– 120-солагии зодрўзи Нина Горбунова (1906-1991), олимаи соҳаи кишоварзӣ.
– 135-солагии зодрўзи Сергей Илин (1891-1948), доктори илми геологӣ, профессор.
– 60-солагии зодрўзи Шарифи Мисайзод (1966), шоир.
– 80-солагии Мирзобек Ҳоҷиев (1946), журналист.
Ҳафтуми январ
– 70-солагии зодрўзи Сафар Аюбзода (Маҳзун) (1956), шоир.
– 75-солагии зодрўзи Лола Додихудоева (1951), муаррих.
– 60-солагии зодрўзи Шарифмурод Исрофилниё (1966), доктори илми филология, профессор.
– 100-солагии кушодашавии (1926) аввалин мағозаи китоб дар шаҳри Душанбе.
Ҳаштуми январ
– 85-солагии зодрўзи Давлат Даврон (1941), журналист.
– 85-солагии зодрўзи Додоҷон Деҳқонов (1941-1992), муаррих.
– 125-солагии зодрўзи Раҳматулло Расулов (1901-1976), пахтакор, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ.
– 140-солагии зодрўзи Абдулғании Ҷавдат (1886-1981), шоир.
Нуҳуми январ
– 75-солагии зодрўзи Набиҷон Усмонов (1951), олими соҳаи тиб.
– 70-солагии зодрўзи Мақсудҷон Ҳайдаров (1956), олими соҳаи геология.
– 90-солагии зодрўзи Ғанӣ Ҷўразода (1936-2021), адиб, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
– 90-солагии таъсисёбии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанду Қумсангир(1936).
– 90-солагии ба ш. Ленинобод табдил додани ш. Хуҷанд(1936). Соли 1992 аз нав шаҳри Хуҷанд номгузорӣ карда шуд.
Даҳуми январ
– 85-солагии зодрўзи Тошпўлод Абдурулов (1941-1998), адабиётшинос.
– 75-солагии зодрўзи Амирхон Аҳмадхонов (1951) журналист.
– 100-солагии зодрўзи Бобоев Шехсафо (1926), журналист.
– 60-солагии зодрўзи Наҷмиддин Ғафуров (1966), журналист.
– 60-солагии зодрўзи Масъуд Қаҳҳоров (1966), олими соҳаи педагогика.
– 115-солагии зодрўзи Сироҷиддин Исоев (1911-1996), арбоби хоҷагии қишлоқ, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ.
– 90-солагии зодрўзи Намоз Ойматов (1936-1990), актёри театр.
– 90-солагии зодрўзи Маъруф Орифов (1936), журналист.
– 70-солагии зодрўзи Фархунда (Ҳаитгул Саъдуллоева) (1956), шоира.
– 70-солагии зодрўзи Баҳриддин Хайруллоев (1956), номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.
– 85-солагии зодрўзи Темур Хоҷаев (1941), журналист.
– 90-солагии зодрўзи Иброҳим Ҷалилзода (1936-1998), шоир.
– 75- солагии зодрўзи Сабзалӣ Шералиев (1951), журналист.
– Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.
70-солагии зодрўзи Комила Камолова (1956), нависанда, тарҷумон.
Ёздаҳуми январ
– 110-солагии зодрўзи Мухтор Бобоев (1916-1993), актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
– 60-солагии зодрўзи Нозирҷон Бўриев (1966), журналист.
– 80-солагии зодрўзи Нарзулло Исматуллоев (1946), олими соҳаи тиб.
– 115-солагии зодрўзи Наврўзшоҳ Қурбонҳусейнов (1911-1993), Ҳофизи халқии Тоҷикистон.
– 60-солагии зодрўзи Ҳақдоди Сафар (1966-2015), шоир.
– 95-солагии таъсиси Ассотсиатсияи нависандагони пролетарии Тоҷикистон(1931). Аз соли 1934 ба инҷониб Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Дувоздаҳуми январ
– 115-солагии зодрўзи Ефим Мителман (1911-1965), коргардони театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ходими шоистаи ҳунари ҷумҳурӣ.
– 125-солагии зодрўзи Евгений Ноздрин (1901-1965), актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
– 95-солагии зодрўзи Соима Ховарӣ (1931), мутарҷим.
– 75- солагии зодрўзи Шодмон Ҷўра (1951), шоири ўзбекзабони Тоҷикистон.
– 80-солагии таъсиси ансамбли «Шашмақом»-и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ(1946).
Сенздаҳуми январ
– 75-солагии зодрўзи Азимҷон Аминҷонов (1951), доктори илми химия, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон.
– 70-солагии зодрўзи Довуд Амирбахшов (1956-2012), олими соҳаифизика.
– 100-солагии зодрўзи Давид Винокуров (1926-1999), рассом.
Чордаҳуми январ
– 100-солагии зодрўзи Николай Калягин (1926-2003), арбоби ҷамъиятӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
– 100-солагии зодрўзи Мирзоодил Наимов (1926), доктори илми таърих, профессор.
– 75-солагии зодрўзи Марям Турсунова (1951), актрисаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
– 85-солагии таъсиси Пойгоҳ зилзиласанҷии ш. Душанбе(1941).
Понздаҳуми январ
– 75-солагии зодрўзи Муъмин Додобоев (1951), журналист.
– 80-солагии зодрўзи Мирзомуддин Мирзоев (1946), рассом.
– 70-солагии зодрўзи Баҳриддин Муъминҷонзода (1956), генерал-майор.
– 70-солагии зодрўзи Давлат Солеҳов (1956), олими соҳаи физика.
– 75-солагии зодрўзи Хуршед Ўлмасов (1951), олими соҳаи техника.
– 95-солагии зодрўзи Ғайбулло Файзиев (1931), олими соҳаи кишоварзӣ.
– 155-солагии зодрўзи Агафангел Кримский (1871-1942), шарқшиносиукраин, муҳаққиқи таъриху маданияти халқҳои эронӣ, давраи сафавиҳо ва истилои муғулҳо.
– 75-солагии таъсиси унвони Ирригатори шоистаи Тоҷикистон(1951). Соли 1989 барҳам дода шудааст.
– Рўзи Википедия (Донишномаи ҷаҳонӣ).
Шонздаҳуми январ
– 85-солагии зодрўзи Абдуфаттоҳ Кулолӣ (Юнусов, 1941), шоир.
– 80-солагии зодрўзи Қодир Раҳимов (1946), ширинкор, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
– 60-солагии оғози сохтмони роҳи оҳани Тирмиз – Қўрғонтеппа – Ёвон(1966). Соли 1974 мавриди истифода қарор гирифт.
Ҳабдаҳуми январ
– 95-солагии зодрўзи Аҳмад Бобоқулов (1931-1990), сароянда, Артисти халқии СССР, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.
– 90-солагии зодрўзи Антон Горбачевский (1936), адабиётшинос.
– 75-солагии зодрўзи Латофат Насриддинова (1951), арбобзани давлатӣ.
– 85-солагии зодрўзи Ширинбек Холиқов (1941), доктори илми химия, профессор.
– 85-солагии ба истифода додани НБО (ГЭС)-и ш. Хоруғ(1941).
Ҳаждаҳуми январ
75-солагии зодрўзи Неъмат Беняев (1951), доктори илми техникӣ.
– 70-солагии зодрўзи Исматҷон Пўлодов (1956), журналист.
– 60-солагии зодрўзи Абдуназар Раҳмонқулов (1966), забоншинос.
– 70-солагии зодрўзи Парда Сариев (1956), журналист.
– 130-солагии зодрўзи Корнелий Велинский (1896-1970), адабиётшиноси рус, муҳаққиқи адабиёти муосири тоҷик.
Нуздаҳуми январ
– 125-солагии зодрўзи Гадойбой Алиев (1901-1989), пахтакор, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ.
– 85-солагии зодрўзи Ҳаким Шоймардонов (1941-1978), файласуф.
– 95-солагии таъсиси Институти вараҷа ва паразитологияи Тоҷикистон (1931). Аз соли 1935 Институти эпидемиологии ҷумҳурӣ.
– 90-солагии таъсиси н. Нуробод.
Бистуми январ
– 80-солагии зодрўзи Гулос Меҳрубонов (1946-1993), арбоби ҷамъиятӣ.
– 80-солагии зодрўзи Аҳмадҷон Неъматов (1946-2013), забоншинос.
– 60-солагии зодрўзи Султон Саидов (1966), адабиётшинос.
– 90-солагии зодрўзи Валӣ Самад (1936-2019), адабиётшинос.
– 90-солагии зодрўзи Ҷамоли Шароф (1936), шоири ўзбекзабониТоҷикистон.
– 70-солагии зодрўзи Наимҷон Юнусов (1956), журналист.
Бисту якуми январ
–60-солагии зодрўзи Муҳаммад Алиҷон (1966), журналист.
– 85-солагии зодрўзи Файз Маҳкамов (1941-2012), мутриб, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
– 85-солагии зодрўзи Кароматулло Мирзоев (1941-2025), Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.
– 75-солагии зодрўзи Аҳмад Сияров (1951), забоншинос.
– 60-солагии зодрўзи Ҳотами Ҳомид (1966), рўзноманигор.
– 85-солагии зодрўзи Муҳаббат Шарифов (1941), бетонрез, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ.
– 70-солагии зодрўзи Юсуфалӣ Шоҳназаров (1956), адабиётшинос.
Бисту дуюми январ
– 75-солагии зодрўзи Шамсиддин Нуриддинов (1951), адабиётшинос.
– 60-солагии таъсиси унвони Корманди шоистаи савдои Тоҷикистон(1966). Соли 1989 барҳам хўрд.
– Рўзи кормандони мақомоти гумрук.
Бисту сеюми январ
– 85-солагии зодрўзи Нусрат Ашўров (1941), олими соҳаи иқтисод.
– 60-солагии зодрўзи Маъруф Исоматов (1966-2009), муаррих.
– 95-солагии зодрўзи Мамадёр Мамадназарбеков (1931-2014), иқтисоддон, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
– ҷашни Баҳмангон–иди хуҷастаи ниёгон.
Бисту чоруми январ
– 70-солагии зодрўзи Шарофиддин Имомов (1956), доктори илми таърих, профессор.
– 75-солагии зодрўзи Ҳушёр Қаробоев (1951), олими соҳаи техника.
– 70-солагии зодрўзи Хайриниссо Расулӣ (1956), журналист.
– Рӯзи байналмилалии маориф.
Бисту панҷуми январ
– 75-солагии зодрўзи Ҷаҳони Азонзод (1951), доктори илми тиб.
– 60-солагии зодрўзи Насиба Маликова (1966), олимаи соҳаи тиб.
– 110-солагии зодрўзи Сергей Нестеренко (1906-1941), олими соҳаи педагогика.
– 70-солагии зодрўзи Соҳибҷон Ёқубов (1956), олими соҳаи педагогика.
– Рўзи кормандони соҳаи меҳнат ваҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Бисту шашуми январ
–80-солагии зодрўзи Азизбек Зиёев (1946), гурўғлихон, Ҳунарпешаишоистаи Тоҷикистон.
– 70-солагии зодрўзи Маҳмадҷон Сафаров (1956), олими соҳаи техника.
– 90-солагии зодрўзи Рамазон Сафаров (1936-2008), Рассоми халқии Тоҷикистон.
– 60-солагии зодрўзи Эътибор Султонова (1966), журналист.
– Рўзи байналмилалии гумрук.
– Рӯзи байналмилалии энергияи тоза.
Бисту ҳафтуми январ
– 95-солагии зодрўзи Александр Макуха (1931-2007), меъмор.
– 110-солагии зодрўзи Обида Нуъмонова (1916-1996), пахтакор,Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ.
– 90-солагии кушодашавии (1936) аввалин Театри сайёри колхозии ҷумҳуриявӣ. (театри мазкур 21 нафар аъзо дошт, ки миёнашон Саидалӣ Вализода низ буд. Театр чор сол амал кард.
Бисту ҳаштуми январ
–85-солагии зодрўзи Мухбира Исмоилова (1941), олими соҳаи педагогика.
– 75-солагии зодрўзи Лумониддин Камолиддинов (1951), журналист.
– 70-солагии зодрўзи Олимҷон Салимзода (1956), арбоби ҷамъиятӣ, адабиётшинос, журналист.
– 80-солагии зодрўзи Мансур Эркабоев (1946), санъатшинос, коргардони кино.
– 90-солагии содир шудани (1936) қарори Бюрои КМ ПК (б) Тоҷикистон дар бораи нашри маҷаллаи ҳармоҳаи назариявӣ васиёсии «Коммунисти Тоҷикистон». Солҳои 1938-1941 «Коркуни партиявӣ», 1945-1952, «Болшевики Тоҷикистон» ном гирифт. Соли 1992 нашраш қатъ гардид.
Бисту нуҳуми январ
– 85-солагии зодрўзи Рустам Барамиков (1941 ) журналист.
– 75-солагии зодрўзи Имомалӣ Тоҳиров (1951-2025), наттоқи ТВ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
– 60-солагии таъсиси унвони Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон(1966).
Сиюми январ
–ҷашни Сада.
–85-солагии зодрўзи Абдусалом Қодиров (1941), доктори илми биология, профессор.
– 90-солагии зодрўзи Игор Пянков (1936), доктори илми таърих.
– 75-солагии зодрўзи Шодӣ Сафаров (1951), журналист.
– 85-солагии зодрўзи Наҷмиддинхоҷа Ҳокимхоҷаев (1941-2011), олими соҳаи химия.
– 75-солагии зодрўзи Каромат Ҳоҷиева (1951), сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
–Иди Сада – ҷашни хуҷастаи ниёгон.
Сиякуми январ
– 100-солагии зодрўзи Евгений Мелников (1926-1975), олими соҳаи тиб.
– 100-солагии зодрўзи Худойқул Назаров (1926-1987), пахтакор, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ.
– 100-солагии зодрўзи Борис Элнатанов (1926-1997), олими соҳаи математика.