Лео Яковлев «Зиндагиномаи Умари Хайём, ки худаш қисса кардааст»
Муаллифи ин китоб донишманд ва шоири бузурги асрҳои миёна Абулфатҳ Умар ибни Иброҳим ал – Хайём аст. Дар солҳои камолоти ӯ ба ин номи мураккаб лақаби «Ғиёсуддин» (унвони фахрии шахсе, ки бо имони комил ба Худованди яккаву ягона хидмати шоиста кардааст) илова гардида, бо нисбаи «ан – Найсабурӣ» (Нишопур – номи зодгоҳаш) анҷом меёбад. Пас аз сафараш ба Макка ва тавофи Каъба пеш аз номи ӯ вожаи эҳтиромии «Ҳоҷӣ» илова гардид.
Ҳоҷӣ Ғиёсуддин Абулфатҳ Умар ибни Иброҳим ал – Хайём ан – Найсабурӣ (Нишопурӣ) – чунин муроҷиат мекарданд ба ӯ дар маҷолиси уламои давлати Салҷуқиён дар нимаи дувуми асри XI ва то вафоташ. Бо мурури замон донишу хиради ин шахсияти нотакрор ба боди фаромӯшӣ рафт ва ӯро сарнавишти маъмулии пас аз марги аксар олимони маъруф интизор буд: ёдоварие дар чанд сатр дар таърихи риёзиёт, нуҷум ва фалсафа, ки айёми зиндагиаш ӯ донандаи бузурги ин соҳаҳои илм маҳсуб мешуд. Вале боз ашъори ӯ низ боқӣ монд ва маҳз онҳо, зиёда аз ҳашт аср пас аз реҳлати муаллиф, бозгашти музаффаронаи ӯро ба олами фонӣ таъмин карданд ва акнун шахсияти ӯ ҷовидонӣ бо номи мухтасару хотирмони «Умари Хайём» зинда аст ва хоҳад монд.
Ҳасби ҳоли пурра ва дақиқи Умари Хайём вуҷуд надорад. Ҳатто рӯзи таваллуд ва вафоти ӯ – мутаносибан 18-уми майи соли 1048 ва 4-уми декабри соли 1131, шартан муайян шудааст. Танҳо се нафаре, ки ӯро шахсан мешинохтанд, дар борааш мухтасар иттилоъ додаанд. Иттиллоти дигари марбут ба Хайём, ки дар осори муааррихону адибони баъди асрҳои миёна вомехӯранд, мабнӣ бар ривоятҳои шифоҳӣ буда, ғолибан бо ҳамдигар ва бо замони рӯйдодҳои воқеии таърихӣ ихтилоф доранд.
Аз ин лиҳоз, мувофиқи матлаб аст, ки аз анъанаи овардани пешгуфтор роҷеъ ба шарҳи ҳоли мухтасари муаллифи китоб худдорӣ шавад. Тарҷумаи ҳол ва фаъолияти адабии Хайём нисбатан пурра ва пайдарпай дар тасвири мураттаб (хронологӣ)-и ҳаёту осори ӯ дар ин китоб инъикос ёфтааст ва дар он кӯшиш ба харҷ дода шудааст, ки бидуни истисно, қариб ҳамаи ваҷҳу далелҳои мавҷудаи имрӯза дар бораи ӯ, сарфи назар аз он ки онҳо аз нигоҳи аввал носаҳеҳу беэътимод ба назар мерасанд, шарҳу тавзеҳ дода шаванд…
Ин як пора аз пешгуфтори китобе бо номи “Зиндагиномаи Умари Хаём, ки худаш қисса кардааст” иқтибос шуд.
Китобро аз русӣ Бӯстоналӣ Холиқзода тарҷума кардааст ва он зери назари адабиётшиноси маъруф Ҳафиз Раҳмон рӯи чоп омадааст.
Хонандагон китоби Лео Яковлев «Зиндагиномаи Умари Хайём, ки худаш қисса кардааст» – ро дар Китобхонаи миллӣ мутолаа карда метавонанд.
Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд