Қадрдонии ғолибони маҳфил-озмуни “Китобхони беҳтарини моҳ”
Шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шуъбаи менеҷмент ва маркетинги Китобхона ва дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва телевизиони кӯдакон ва наврасон “Баҳористон” маҳфили навбатии “Китобхони беҳтарини моҳ”-ро ҷамъбаст намуд.
Маҳфили “Китобхони беҳтарини моҳ” бо иштироки директори муассиса Лутфия Абдулхолиқзода ва хонандагони фаъоли шуъбаи кӯдакону наврасони Китобхонаи миллӣ баргузор шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар маҳфили имрӯза ғолибони се моҳ: январ, феврал ва март қадрдонӣ гаштанд.
Китобхони беҳтарини моҳи январи соли 2026 Марҷона Холмирзозода хонандаи синфи 9-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 28, шаҳри Норак бо хондани 230 асар дар як моҳ ғолиб дониста шуд. Гуфтан ба маврид аст, ки Марҷона Холмирзозода иштирокчии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинатсияи адабиёти бачагона мебошад.
Дар моҳи феврали соли равон хонандаи синфи 5-уми гимназияи № 74 -и ноҳияи Фирдавсӣ Сабуров Муҳаммад китобхони беҳтарини моҳ дониста шуд. Муҳаммад дар ин моҳ бештар аз ҳамаи хонандагони маҳфил китоб мутолиа намудааст, ки шумораашон ба 200 мерасад.
Мадина Муродзода бошад бо мутолиаи 250 китоб пешсафи маҳфили “Китобхони беҳтарини моҳ” дар моҳи март гашт. Ӯ хонандаи синфи 10-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 ноҳияи Данғара мебошад.
Дар маҳфил ғолибонро наздикону пайвандонашон ҳамроҳӣ менамуданд. Дар рафти суҳбат модари Марҷона Холмирзозода ӯро ҳамчун як духтараки фаъолу меҳрубон муаррифӣ намуда, қайд кард, ки ӯ пайваста дар озмунҳои гуногун ширкат меварзад. Тӯли ҳашт сол иштирокчии Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” буданаш худ далели ин гуфтаҳост. Боиси хушнудиву таҳсин аст, ки соли гузашта дар даври ниҳоии Озмун соҳиби ҷойи ифтихорӣ гашт.
Сабуров Муҳаммад чун хонандаи фаъолу боинтизом мутолиаи китобро хеле дӯст медорад ва пайваста аз адибони классикии тоҷик, адибони адабиёти ҷаҳон ва адабиёти бачагона ба забонҳои русиву тоҷикӣ китоб мехонад.
Барои дастгирӣ Мадина Муродзодаро муаллимааш ҳамроҳӣ намуда, ӯро духтараки дидадарову китобдӯст муаррифӣ намуд. Ҳамчунин муаллима иброз дошт, ки баргузории ин гуна маҳфилҳо ба нафъи ҷамъият буда, шавқу завқи хонандагонро ба китобу китобхонӣ меафзоянд.
Ғолибони маҳфили “Китобхони беҳтарини моҳ”-ро директори Китобхонаи миллӣ Лутфия Абдулхолиқзода табрик намуда, афзуд, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои насли наврас ин боргоҳи илму маърифатро бо тамоми шароитҳои замонавӣ фароҳам овардааст. Лутфия Абдулхолиқзода ба китобдӯстони беҳтарин аз тарафи Китобхонаи миллӣ Сипоснома, медал (бо нишони Китобхонаи миллӣ) ва дигар тӯҳфаҳои рамзӣ тақдим намуд.
Ҷараёни маҳфили мазкурро хоҳишмандон метавонанд аз телевизиони кӯдакон ва наврасон “Баҳористон” тамошо кунанд.
Махфират Муҳидинова
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.