Баррасии вазъи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар як мизи гирд

кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ“Вазъи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар шароити рушди равандҳои инноватсионӣ таҳти ҳамин унвон имрӯз бо ибтикори маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир карда шуд, ки дар кори он намояндагон аз Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, директорони китобхонаҳои вилоятии Хатлон Суғд ва Бадахшон, муовинони раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар самти фарҳанг ва иттилоот, мутахассисони соҳаи китобдорӣ ва кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок ба назару андешаҳои худро иброз намуданд.

Нахуст директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Лутфия Абдулхолиқзода доир ба фаъолияти китобхонаҳои кишвар вазъ ва дурнамои соҳаи китобдорӣ, норасоии кадрҳои ихтисоснок ҳарф зада, ҳозиринро бо ҳадаф ва мақсади баргузории мизи гирд ошно намуд.

Лутфия Абдулхолиқзода аз ҷумла иброз дошт, ки ҳадаф аз ташкил ва баргузории мизи мудаввари имрӯза таҳти унвони “Вазъи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар шароити рушди равандҳои инноватсионӣ”, баррасии вазъ ва пайдо намудани роҳу усулҳои самарабахш ва мақсадноки ҳалли масъалаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ мебошад, зеро такмили ихтисос дар низоми таълим ва маорифи кишвар яке аз масъалаҳои муҳим ва зинаи самарабахши фарогирии кормандон ба донишҳои замонавӣ, усулҳои наву муосири кор бо технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва маърифатноккунонии кормандони дилхоҳ муассиса, алалхусус кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ мебошад.

кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣПрофессор Абдулхолиқзода дар идомаи суханронии худ аз вазъи тахасусии кормандон дар китобхонаҳои ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ карда, ба он ишора кард, ки мувофиқи маълумоти дар ихтиёрбуда, натиҷаи таҳқиқоти анҷомшуда аз ҷониби кормандони Китобхонаи миллӣ ва ҳамчунин натиҷаи санҷиши гурӯҳи корие, ки бо дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2025, №26/10-303 ташкил гардида буд, мутаассифона, вазъи тахассусии кормандони китобхонаҳои кишвар нигаронкунанда ва боиси ташвиш мебошад. Масалан, тибқи иттилои сарчашмаҳои зикршуда дар китобхонаҳои вилояти Суғд ба ҳолати нимсолаи аввали соли 2025, 741 нафар ба кор машғул мебошанд, ки аз онҳо 77 нафар ё худ 10,4%-и кормандон дорои таҳсилоти олии тахассусӣ буда, 90 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ, 78 нафар донишҷӯ, 129 нафар бо маълумоти миёнаи ғайритахассусӣ ба кор ҷалб шудаанд. Ин вазъ дар китобхонаҳои вилояти Хатлон низ нигаронкунанда буда, аз 977 нафар корманди китобхонаҳои вилоят 104 нафар дорои тахассуси олии китобдорӣ мебошад, ки 10%-ро ташкил медиҳад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 386 нафар корманди китобхонаҳо 72 нафар дорои ихтисоси китобдорӣ аст, ки 11%-ро ташкил медиҳад. Вазъ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ ташвишовар буда, чораандешии саривақтӣ ва дарозмуддати ниҳодҳои дахлдорро талаб менамояд. Агар шумораи умумии кормандони китобхонаҳои ҷумҳуриро аз лиҳози тахассусӣ ба ҳисоб гирем, дарсади кормандони соҳибтахассус аз 15-20% зиёд нахоҳад буд, ки ҷойи тааммули ҷиддиро дорад.

кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣСипас, дар қисмати дигар аз суханронии худ директори Китобхонаи миллӣ аз иштирокдорон тақозо намуд, то дар идомаи маърузаҳои худ пешниҳодоти худро барои беҳтарнамоии вазъ дар китобхонаҳои марказӣ ва навоҳии дурдаст ироа намоянд.

Баъдан маъруза ва пешниҳодоти муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Бобозода шунида шуд.

кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣМуовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама мавзуи рақамикунонии тамоми паҳлуҳои фаъолияти китобхонаҳоро мавриди таҳлил қарор дода, пешниҳод намуд, ки  аз ин раванд бояд китобхонаҳои деҳот бояд дур намонанд.

“Китобдори муосир бояд менеҷери иттилотӣ бошад”- гуфт Бобозода, яъне ӯ дар баробари хидматрасони ба хонандагон ба тариқи анъанавӣ ҳамчунин аз технологияҳои огоҳ бошад ва онҳоро дар фаъолияти худ истифода намояд.

Ташкили гурӯҳҳои сайёр ва равона кардани онҳо ба тамоми минтақаҳо низ метавонад, равандро хубтар ва корро ҷоннок созад.Низоми нави аттестатсиони ташкил карда шуда, аксариятро дар китобхонаҳо маҳз кормандон бо ихтисоси китодор ташкил диҳанд ва аз платформаи ягона истифода намоянд.

Зафари Шариф, директори “Агентии милии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон” дар идома мавзуи “Такмили ихтисос ва бозомӯзии китобдорон дар Тоҷикистон: вазъ ва тамоюлҳои рушд”-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Ташкили курсҳои омӯзишӣ ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар шароити имрӯза аз мавзуҳои ҷаҳарӣ маҳсуб меёбад,чунки ҳоло инкишофи илм ва технология бо суръати бисёр тез ҷараён дорад ва такя ба усулҳои анъанавӣ моро аз ҷаҳонишавӣ дур нигоҳ медорад.

кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣДар қисмати дигари кори ҳамоиш Сайзароб Нодирзода, муовини ректори Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, Манзура Абдусаломзода-муовини раиси вилояти Хатлон, Баҳром Мирсаидов-директори китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирии шаҳри Хуҷанд ва дигар иштирокдорон андешаҳои худро вобаста ба мавзуи матраҳгардида иброз доштанд.

Ҳамчунин аз ҷониби Баҳром Мирсаидов-директори китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирии шаҳри Хуҷанд ба Китобхонаи миллӣ ду нусха китоб ва туҳфаи размӣ тақдим карда шуд.

Дар назди Муассисаи давлатии “Китобхнаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ (собиқ Маркази такмили ихтисос) аз соли 2012 инҷониб фаъолият менамояд, ки дар баробари ба курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифтани кормандони Китобхонаи миллӣ барои китобдорони китобхонаҳои кишвар низ курсҳои сайёри такмили ихтисос ташкил ва роҳандозӣ менамояд.

Ҳақиқат ин аст, ки марказ ё донишкадае доимамалкунанда бо мақсади такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ вуҷуд надорад. Пас масъалаи бо донишҳои соҳавӣ фаро гирифтани кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва ташкили курсҳои такмили ихтисос барои онҳо ҳамчун масъалаи доғи соҳа ва ниёзманди чораҷӯии қатъӣ боқӣ мемонад.

кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣТавре маълум гардид, масъалаи ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифтани кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ ниёзи тахассусии соҳа буда, ҳамкории зичи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бо Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо менамояд, зеро Китобхонаи миллӣ аз лиҳози илмӣ – яъне кормандони соҳибтахассус, дорандагони дараҷа ва унвонҳои илмӣ ва мутахассисони ботаҷрибаи соҳа буда, аз лиҳози моддӣ-техникӣ низ шароити хуби ташкил ва баргузории курсҳои такмили ихтисосро дорад. Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ барои ташкил ва баргузории курсҳои такмили ихтисос ду синфхонаи алоҳида (ба ғайр аз синфхонаҳое ки барои дигар курсҳо истифода мешавад) бо тамоми шароити муосири таълимӣ омода карда шуда, дар онҳо курсҳои такмили ихтисоси кормандони Китобхона роҳандозӣ карда мешавад.

Бо дарназардошти таҳлили вазъ ва имконоти ҳалли масъалаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ, Китобхонаи миллӣ омодагии худро дар ду шакл иброз медорад:

  1. Ташкили курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар Китобхонаи миллӣ. Дар ин сурат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро мебояд, сафарбарии кормандони китобхонаҳояшонро такшил ва онҳоро дар шаҳри Душанбе бо ҷойи хоб, ғизо ва дигар заруриёти раванди таълим таъмин намуда, дар ин баробар омӯзгорони Китобхонаи миллиро низ бо музди меҳнат таъмин намоянд.
  2. Ташкили курсҳои сайёри такмили ихтисос дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ҷалби омӯзгорони Китобхонаи миллӣ. Дар ин сурат бошад мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро мебояд, аз лиҳози ҷойи хоб, ғизо ва роҳкиро омӯзгорони Китобхонаи миллиро таъмин намоянд. То ки гурӯҳи кории Китобхнаи миллӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар карда, кормандони китобхонаҳои ҷумҳуриро ба курсҳои такмили ихтисос фаро гиранд.

Мавриди зикр аст, ки дар ҳарду шакли фаъолият Китобхонаи миллӣ кормандони китобхонаҳои кишварро бо “Сертификат” таъмин менамояд.

Наргис НАЗАРЗОДА,
робита бо ҷомеа