Таҷлили бошукӯҳи рӯзи модар дар Китобхонаи миллӣ
Имрӯз (05.03.2026) дар толори барҳавое роҳбарияти Китобхонаи миллӣ бо иштироки занону бонувон Рӯзи модарро таҷлил кард. Ҳамоиши идонаро директори Китобхонаи миллӣ профессор Ҷумахон Файзализода оғоз намуда, бо сухани муқаддимавӣ занону бонувони Китобхонаро хайрамақдам ва бо ин санаи муқаддасу таърихӣ муборакбод намуд.
Директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода зикр намуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба дастгирии бонувон, баланд бардоштани мақому манзалати онҳо тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда, дар симои зан, модар, хоҳар ва ҳамсар, тарбиятгари насли башар, сиёсатмадори шинохта, олими муваффақ, соҳибкори саховатпеша, бинокор, мураббӣ ва роҳбари соҳибэҳтромро тарбия намудааст. Мавқеи занону бонувон дар рушди соҳаҳои фарҳангу маориф, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат назаррарс буда, саҳми онҳо хело арзишманд эътироф гардидааст.
“Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар тамоми суҳбату вохӯриҳои худ аз бузургии модар ва меҳру муҳаббати ӯ сухан мегӯянд,ки ин сиёсат моро ба боло бурдани мартабаи зан-модар дар ҷомеа ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо дар тамоми соҳаҳо роҳнамои месозад”- гуфт директори Китобхонаи миллӣ.
Имрӯз занону бонувон дар тамоми соҳаҳо кору фаъолият намуда, дар вазифаҳои роҳбарикунанда низ мавқеъи худро устувор нигоҳ дошта истодаанд. Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ 390 нафар бонувон кору фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 20 нафари онҳо вазифаи роҳбариро иҷро мекунанд.
Сипас, бахши фарҳангии маҳфили идона бо рақсу суруд ва саҳнаҳои панду ахлоқӣ дар ситоиши зан модар идома ёфт.
Дар фарҷом муовини директори Китобхонаи миллӣ Муҳаммадиқбол Атозода барои ташкили барномаи фарҳангӣ ба дастдандаркорон миннатдори баён намуда, занону бонувонро ба Рӯзи модар шодбош гуфт.
Наргис НАЗАРЗОДА