Профессор Асозода: “Устодон  Айнӣ ва Лоҳутӣ рамзи Тоҷикистон буданд”. Бахши аввал

Устодон АйнӣАгар адабиёти нави тоҷикро ба таъсиси Ҷумҳуии мухтори Тоҷикистон вобаста бидонем, метавон гуфт, ки он дар шахси устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ ду сарпараст доштааст, ки ҳарду аллакай ҳамчун шоирони баркамол шинохта шуда буданд. Оғози эҷодиёти яке ба поёни асри нуздаҳ рост меояду дигаре ба даҳ соли аввали асри бист. Яке хатмкардаи мадраса буду дигаре мактаби ҷиддие нахонда, балки аз мактаби шеъру шоирии Кирмоншоҳ ва падари шоираш дарси шеър гирифта буд. Ҳарду дар замоне рӯзгор дидаанд ва ба шеър гуфтан оғоз кардаанд, ки ҳам дар сарзамини Осиёи Миёна ва ҳам дар кишвари Эрон ҷамъиятҳои таҷаддудгароён арзи вуҷуд карда буданд ва мехостанд, ки ҷомеаро тағйир бидиҳанд.

Дар Эрон машрутахоҳон ба фаъолият пардохтанд ва дар Бухоро ҷадидон бо барномаҳои навгароёнаи хеш таваҷҷӯҳи мардумро ҷалб менамуданд. Агар устод Айнӣ баъд аз мутолиаи “Наводир-ул-вақоеъ” дар худ инқилоби фикриро эҳсос карда бошад, устод Лоҳутӣ маҷаллаи “Қонуни Малкум”-ро пинҳонӣ аз падар мутолиа менамуд ва гуфта буд: “Ин ҳамон оташест, мехостам, бояд ҳарчи зудтар ба он дохил шавам”. Ҳарду устод инқилоб мехостанд, аммо бо тарзи дигар. Яке бо роҳи инқилоби фарҳангӣ, дигаре бо роҳи инқилоби мусаллаҳона мехостанд, ки сохти амириву шоҳиро аз байн бибаранд. Яъне устод Лоҳутӣ “Ин ҳамон оташ аст”, гуфта, инқилобро дар назар дошта бошад, вале устод Айнӣ мардумро босавод кардан мехост.

Аз ин ҷост, ки устод Лоҳутӣ худро бо неруҳои жондармерӣ пайваст ва бо номи “Инқилоби Лоҳутихон” ба муборизаи зидди шоҳ пардохт,ҳукуматро дар Табриз ба даст овард, аммо баъд аз ёздаҳ рӯз ба шикаст рӯ ба рӯ омад ва ниҳоят ҷониби сарҳади Шӯравӣ фирор намуд. Устод Айнӣ бошад, мактабҳои нав таъсис дод, маорифпарвар шуд ва то ҷое худро ба ҷониби ҷадидҳо пайваст, натиҷа он шуд, ки 8-уми апрели соли 1917 хидматгузорони амири Бухоро аз тирезаи ҳуҷрааш дар мадрасаи Кӯкалтош кашолакунон ӯро поин фароварданд ва худи ҳамон рӯз ба “Обхона”-и арки амир партофтанд ва рӯзи дигараш бо амри амир Олимхон 75 чӯбро дар пушташ шикастанд. Агар аскарони рус як рӯз дер мемонданд, ӯ ҷисман нобуд мегардид. Ин лаҳза устод Айнӣ дар симои аскарони рус наҷотдиҳандагони худро дид ва баъдҳо барои ташвиқу тарғиби ҷомеаи сотсиалистӣ пардохт ва то поёни умр ба он содиқ монд.

Устод Лоҳутӣ бо фирор кардан ба хоки Шӯравӣ мехост, ки дубора мусаллаҳ шаваду ба Эрон пас гардад ва инқилоби дуюми Лоҳутихонро рӯйи кор биёрад, аммо чунин нашуд, балки ба ӯ гуфтанд, ки дар назди мардуми Шӯравӣ қасам ёд кунад ва то расидани мавриди мувофиқе дар ин кишвар рӯзгор бубинад. Ҳамин буд, ки Лоҳутӣ соли 1922 бо номи “Калимаи шаҳодати ранҷбарӣ” шеъре эҷод намуд, ки он воқеъан, қасамномаи Лоҳутӣ ба кишвари Шуроҳо буд. Баъд аз як соли таҳсил дар мактаби марксизм-ленинизм ӯ узви фаъоли Коминтерн шуд ва моҳи октябри соли 1925 ба асоси мактуби Чичерин ба Муҳиддинов ба Тоҷикистон ҷиҳати фаъолият намудан дар соҳаҳои маорифу рӯзноманигорӣ фиристода шуд. Қабл аз ин ки Лоҳутӣ ба Душанбе фиристода мешавад, ӯро ғоибона ба исмҳои С. Айнӣ, А. Мунзим, Пайрав Сулаймонӣ, Фитрат ва дигар шахсиятҳои Бухорову Самарқанд шинос мекунанд. Лоҳутӣ дар ин нахуст сафар ба Душанбе сади роҳ дар Самарқанд меҳмони С.Айнӣ мешавд ва табиист, ки мақсади сафарашро ба устод Айнӣ иброз медорад. Мақсад аз ҳамин сол сар карда барои таъсис додани Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон омодагӣ гирифтан лозим будааст. Устод Лоҳутӣ чунин супоришро аз роҳбари сирриаш Остров гирифта буд ва бар ивази чунин хизмат замоне бо вуқӯъ пайвастани инқилоби коммунистӣ дар Эрон Лоҳутӣ ҳамчун шахси аввал сохтори нави давлати Эронро бояд ташкил медод. Эҳтимол меравад, ки худро ба хизмати ОГПУ пайваста  буд, ё ӯро пайваста буданд. Ҳанӯз соле, ки Лоҳутӣ дар мактаби ҳизбӣ таҳсил менамуд. Остров ба ӯ ҳушдор дода буд, ки дар ашъораш фақат аз воқеияти сотсиалистӣ сӯҳбат намояд. Остров лозим намедонист, ки Лоҳутӣ ба меъёрҳои шеърӣ риоя кунад. Гап дар ин аст, ки дар он айём Лоҳутӣ барои Шӯравӣ як шахси инқилобгаро ва чеҳраи сиёсии корозмуда маҳсуб мешуд, касе, ки мехост  инқилоби сотсиалистӣ дар Эрон низ дер ё зуд пирӯз шавад. Бинобар ин Шӯравӣ мехост, ки Лоҳутӣ барномаи инқилобиашро дар Тоҷикистони навбунёд ҷомаи амал пӯшонад, зеро ин ҷумҳурие маҳсуб меёфт, ки барои Лоҳутӣ бегона набуд, балки он ҷузъе аз Эронзамин буд ва метавонист барои Лоҳутӣ ҳамчун ватани дуюм дониста шавад. Ин ҷиҳат ба Лоҳутӣ мақоми шаҳрванди Тоҷикистон доштанро медод. Ин ҳама супоришҳое буданд, ки ҳанӯз аз тарафи Ҳукумати марказӣ назди Лоҳутӣ гузошта шуда буданд. Ҳоло вобаста ба ин масъала саҳифаҳои дар торикимонда хеле зиёданд, ки бо гузашти солҳо равшан хоҳанд шуд.

Ҳамин тариқ, ин ду устоди сухан бо ҳам шинос шуданд ва ин ошноӣ хеле зуд ба дӯстиву бародархондагӣ табдил ёфт ва ба нафъи миллати тоҷик ҳал гардид. Яке аз сабабҳои ба Тоҷикистон фиристодани Лоҳутӣ ба масъалаи хеле муҳими сиёсӣ, яъне тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна дахл дошт. Устод Айнӣ менависад: “Яке аз самараҳои ин тақсимоти миллӣ дар Осиёи Миёна, барпо шудани Тоҷикистони Советӣ буд. Тоҷикистони Советӣ дар вилоятҳои кӯҳистони Бухоро, ки вайро Бухорои Шарқӣ ҳам мегуфтанд, барпо…” шуданаш лозим буд (С.Айнӣ Шеърҳои Тоҷикистонӣ- Ёдбуди устод Лоҳутӣ, саҳ 3) Яъне ин Ҷумҳурӣ дар минтақае ташкил меёфт, ки дар он ягон маркази фарҳангӣ ба мушоҳида намерасид. Ин яке аз мавзуъҳое буд, ки бояд миёни С.Айнӣ ва Лоҳутӣ матраҳ мегардид. Ҳамин буд, ки Лоҳутӣ бо як дидан аз Душанбе фавран шеъри “Саройи тамаддун”-ро менависад ва бо ин роҳ ба пойтахти Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон мақоми маркази фарҳангиро медиҳад:

“…Бурҷе қадиму кӯҳнаву пӯсидаву баланд,

            Аркони он шикаставу аз ҳам гусехта.

            Ҳар гӯша қитъа-қитъа сутунҳои арҷманд,

            Аз ҷои худ баромада бар хок рехта,

            Дар сарсутуну сардару айвону сақфи он

            Бо хатти зар навишта ҳазорон китобҳо…

            Оҳ!. Ин бино тамаддуни тоҷик будааст..”

(Ниг. А. Лоҳутӣ,Куллиёт- Душанбе, 1987, саҳ 231)

Ин нахустошноӣ боз боис мешавад, ки Лоҳутӣ ба дастнависи китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” ошно мегардад ва масъалаи чопи онро дар Нашриёти Халқҳои Шарқ ваъда медиҳад. Зеро маълум мешавад, ки нашрияҳои Самарқанд онро ба асари фишорҳои пантуркистҳо чоп карда наметавонистанд. Пантуркистҳо бесаброна муқобилият мекарданд ва намегузоштанд, ки нахустин Шиносномаи миллат рӯйи чоп биояд. Устод Лоҳутӣ ба мундариҷаи он ошно мегардад ва аз мазмуни он як ҷаҳон маънӣ мебардорад ва ба муаллифи он аҳсант мехонад, ки дунёи форсизабонро ба чеҳраҳои соҳибдевони Мовароуннаҳр, ки барои фарҳангиёни Эрон номаълум буданд, ошно менамояд. Ҳамчунин устод Айнӣ ба намунаҳое аз ашъори Лоҳутӣ шинос мешавад ва Лоҳутиро ҳамчун шоири баркамол ва мактабдида барои худ кашф менамояд ва ба дохил кардани намунаҳое аз ашъори ӯ ба “Намуна.…” ба Лоҳутӣ мақоми “адиби  сурх”-ро медиҳад. Чунин рафтори устод Айнӣ дар мавриди ин ки Лоҳутиро ба сафи адибони Мовароуннаҳр шомил менамояд, як навъ аз доираи меъёри пешгирифтаи муаллиф, ки мақсад муаррифии фақат адибони зодаи Мовароуннаҳр буд, баромадан ҳам ҳисоб меёбад. Вале аз ин ки тақдири баъди тазкира ба ибтикори Лоҳутӣ иртибот мегирифт, устод Айнӣ ба чунин амал даст зад ва ин ҷиҳат боис гардид, ки Лоҳути ҳамчун шоири тоҷик ба муҳити адабии Тоҷикистон ворид гардид ва минбаъд сарпарастии шоирони навқалами ин диёрро ба ӯҳда гирифт ва дар ин ҷода бори гарони устод Айниро хеле сабук намуд.

Устод Лоҳутӣ баъд аз анҷоми супориши дигари Марказ, ки таъсиси Нашриёти давлатии Тоҷикистон ва садорати онҳо ба ӯҳда гирифтан буд, ҳамин сол китоби “Намуна.…”ро бо худ ба Маскав мебарад ва ба он пешгуфтор навишта ва чунин баҳоро ба тазкира раво мебинад: “Ба фикри ман, “Намунаи адабиёти тоҷик” беҳтарин намунаи сайри тараққии адабии тоҷикон аст. Устод Айнӣ барои ёфтани баъзе аз нусхаҳои хаттии шоирони тоҷик басо рӯзҳое, ки дар ба дар, кӯча ба кӯча рафта, то онро ёфта ва ба даст оварда ва дар натиҷа заминаи ҳозире барои танқид ва таҳлилоти адабии тоҷикон омода намуда.

Адабиёти имрӯзаи тоҷикон чун гулистонест, ки солҳои дароз посбонӣ надида ва обёрӣ нашуда ва мӯҳтоҷи ороиш ва пироиши бисёрест…” (А.Лоҳутӣ. Куллиёт, ҷ.5, с 113).

Муҳим он аст, ки устод Лоҳутӣ сарзамини Осиёи Миёнаро аз қадимтарин манбаъ ва сарчашмаи адабиёти форсӣ меҳисобад. Ҳамзамон устод Айниро эҳтиромона вазифадор менамояд, то ки дар оянда дар миёни ҷавонони наврас маҳфилҳои адабӣ ташкил диҳад ва сарпарастии ононро ба ӯҳда гирад. Ин таъкиди Лоҳутӣ баъдтар ба худи ӯ тааллуқ мегирад, ба ин маънӣ, ки ҳомии шоирони тозақалами тоҷик мегардад. Устод Айнӣ бошад, бештар ба тарбияи маънавии насрнависони ҷавон машғул мешавад. Ба таъбири М.Турсунзода: “Адабиёти тоҷик ду устоди забардаст дошт. Яке устод Айнӣ ҳам дар наср ва ҳам дар назм, дигаре устод Лоҳутӣ дар назм”.

Чунонки дар боло ишора намудем, устод Лоҳутӣ дар Ҳукумати марказӣ эътибори калон дошт ва месазад гуфт, ки ҳамон айём дар муҳити адабии Тоҷикистон ба истиснои устод Айнӣ, шахсияте ба сатҳи устод Лоҳутӣ ба назар намерасид. Яъне барои Шӯравӣ устод Лоҳутӣ шахси боваринок буд ва ҳам барои амалӣ сохтани мақсадҳои хеш беғараз маҳсуб меёфт. Агар ба маҳфилу ҷамъомадҳои поёни солҳои бист ва сӣ мутаваҷеҳ шавем, мебинем, ки хама вақт устод Лоҳутӣ бологузар будааст, дар анҷуману конференсияҳои Шуравиву байналмилалӣ аз ҷониби Ҳукумати марказӣ ва Тоҷикистон маърӯзаҳо мекард ва ғайра. Дар ин ҷода Лоҳутӣ бартариҳои зиёд дошт. Ӯ забонҳои русӣ, фаронсавӣ ва туркиро медонист, аз сиёсати пешгирифтаи Шӯравӣ огоҳии хуб дошт. Шарқро хуб мешинохт, ба хусус ҳангоми таҳсил дар мактаби ҳизбӣ ба таърихи халқҳои Осиёи Миёна ва урфу одатҳои онҳо маълумоти фаровоне ба даст оварда буд. Гузашта аз ин, ӯ аъзои фаъоли Коминтерн буд ва дарсҳои зиёди назариро оид ба ташкили давлатҳои навбунёд аз бар намуда буд. Маълум мешавад, ки як вазифаи Коминтерн тарбия кардани кадрҳои роҳбарикунанда барои давлату ҷумҳуриҳои сотсиалистӣ маҳсуб меёфт. Шоири инқилобӣ Лоҳутӣ аз ҳамин ҷумла буд. Тасаввур кунед, ки ӯ дар Коминтерн вазифаи муовини аввали раиси Ҳизби Коммунисти Эронро ба ӯҳда дошт ва тамоми аъзоёни ин ҳизб, ки дар кишвари Шуроҳо иқомат мекарданд, дар назорати бевоситаи Лоҳутӣ қарор доштанд ва илова бар ин Лоҳутӣ моҳвор ба Коминтерн оид ба фаъолияти ҳизб дар Эрон ҳисобот омода менамуд. Тавре ки мебинем, Лоҳутӣ барои Шуравӣ на фақат ҳамчун як шоири инқилобӣ, балки як шахсияти сиёсие, ки метавонист дар барқароркунии Тоҷикистони шуравӣ босамар фаъолият намояд ва фармудаҳои Ҳукумати марказиро пиёда созад. Метавон гуфт, ки устод Лоҳутӣ миёни Москав ва Тоҷикистон вазифаи миёнаравӣ ва курериро адо менамуд. Бесабаб нест, ки Лоҳутӣ баъд аз ҳар рафту омадаш ҳам ба идораи ОГПУ ва ҳам ба шӯъбаи шарқи хориҷии Коминтерн ҳисобот медод ва худи Лоҳутӣ медонист, ки ӯ ҳамеша таҳти назорати идораҳои марбута мебошад. Табиист, ки идораҳои сиррии Тоҷикистон ҳам  аз ин вазъияти Лоҳутӣ огоҳӣ доштанд. Аммо дигарон ҳар сафари Лоҳутиро таври маъмул мепиндоштанд. Аз ин ки соли 1933 ҷашнвораи Лоҳутиро дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Маскав таҷлил менамоянд, ҳамин бартариҳо бояд бошанд. Ба ибораи дигар, Лоҳутӣ одами Маскав буд. ҳамин буд, ки хоҷагиҳову мактабҳо ва кӯчаву хиёбонҳо ба номи Лоҳутӣ гузошта мешуд ва ба ҳар куҷое, ки сафар мекард, ӯро дар сатҳи ноҳиявиву вилоятӣ ва ҳукуматӣ пазироӣ менамуданд.

(Идома дорад)

МАНБАЪ: Худойназар Асозода: “Воқеият, сиёсат ва С.Айнӣ”. Душанбе, 2010.
Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ
ба истифодабарандагон