Китоби нав: Шамсуддин Аҳмади Афлокӣ «Маноқибу – л – орифин»
«Маноқибу – л – орифин»-и Шамсуддин Аҳмади Афлокӣ яке аз сарчашмаҳои қадимтарин перомуни таваллуд, зиндагӣ, ҳиҷрат, аҳвол, ҳолот, малфузот ва каромоти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва ёрони ӯ ба ҳисоб рафта, барои шинохти ҷузъиёти ҳаёту фаъолияти Мавлоно аз манобеъи муҳим ва беназир ба ҳисоб меравад. Аз ин сабаб, таҳия ва нашри асари мазкур барои оммаи хонандагон ва бахусус, мавлоношиносон муфид арзёбӣ мешавад.
Яке аз таҳиягарон Раҳматшо Исроилов дар сарсухане таҳти унвони “Сухане чанд оид ба муаллиф ва китоб”навиштааст:
Анъанаи маноқибнависӣ аз замони зуҳури ислом шуруъ шуда, дар мадҳу ситоиш ва фазоили баъзеи бузургону имомони мазоҳиби исломӣ, суфиёну орифон ва машоихи тариқатҳои гуногуни тасаввуф менавиштанд, ки баъдтар ҳамчун як жанри адабӣ мақоми хоссаи худро пайдо намуда, аз ҷониби аҳли илму адаб ва муҳаққиқону алоқамандон эътироф шудааст.
Ба иборати дигар, дар тули таърих шахсиятҳои барҷастае зиндагиву эҷод кардаанд, ки бо ҷаҳонбиниву афкори пешқадамонаи худ дар рушди фарҳангу маънавиёти ҷомеа саҳми бориз гузоштаанд ва ин хидмату ҷонфидоиҳои онҳоро пайравони эшон дар саҳифаҳои рӯзгор, ҳамчун маноқибу табақоту сиярнависӣ дар риштаи тасвир кашидаанд. Чун маънии луғавии вожаи «маноқиб» аз «манқабат» ба маънии ҳунар, фазилат, мадҳ, ситоиш ва сано мебошад, асари мазкур фарогири ҳамин маъниҳо будааст. «Маноқибу – л – орифин»-и Шамсуддин Аҳмад Афлокии Орифӣ дар шинохти аҳволу тариқи зиндагӣ ва малфузоту каромоти подшоҳи олами ишқу ирфон – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ яке аз сарчашмаҳои қадим ва боэътимод ба шумор меравад.
Перомуни соли таваллуду ҷараёни зиндагии Шамсуддин Аҳмади Афлокӣ дар манобеъу мароҷеъи адабию таърихӣ маълумот хеле кам аст. Бархе муҳаққиқон соли таваллуду фавти ӯро ба солҳои 690 – 761 / 1290 – 1360 дар Қуния тахмин кардаанд. Афлокӣ аз ҷумлаи маснавихонони хонақоҳи тариқати мавлавия будааст.
«Маноқибу – л – орифин» ягона таснифоти Афлокӣ буда, чиҳил сол баъди фавти Мавлоно Балхӣ ба тавсияи Орифи Чалабӣ онро ба қалами таҳрир даровардааст. Шуҳрати Афлокӣ низ ба ҷиҳати таълифи «Маноқибу – л – орифин» будааст. Ба қавле, Афлокӣ нахустин тазкиранигорест, ки рӯз, моҳ ва соли таваллуди Мавлоноро дақиқ овардааст.
Афлокӣ «Маноқибу – л – орифин» – ро дар ду ҷилд ва даҳ фаслу зерфаслҳо гирдоварӣ намудааст.
Фасли аввал: Дар зикри маноқиби ҳазрати Султонулуламо Баҳоуддин Валад.
Фасли дувум: Дар зикри маноқиби Муҳаққиқи Тирмизӣ.
Фасли севум: Дар шарҳи ҳол ва маноқиби Мавлонои Балхӣ.
Фасли чаҳорум: Дар баёни маноқиби Шамсуддини Табрезӣ.
Фасли панҷум: Дар зикри маноқиби Салоҳуддин, маъруф ба Заркӯб.
Фасли шашум: Дар зикри маноқиби Ҳусомуддин, маъруф ба Ибни Ахии Турк.
Фасли ҳафтум: Дар зикри маноқиби Мавлонои Балхӣ.
Фасли ҳаштум: Дар зикри маноқиби Ҷалолуддини Чалабӣ.
Фасли нуҳум: Дар зикри маноқиби Шамсуддини Чалабӣ.
Фасли даҳум: Дар зикри номҳои фарзандон, дудмони онҳо ва шарҳи силсилаи зикр.
Афлокӣ дар ҷилди аввали китоб аз шарҳи ҳоли Султонулуламо Баҳоуддин Валад ва Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ маълумоти муфассал додааст. Ӯ дар бораи ҳиҷрати Баҳоуддин Валад аз Балх ба Осиёи Хурд ва ҳамсафарону сабаби ҳиҷрати ӯ маълумоти муҳим овардааст.
Мусанниф қисмати бузурги китобро аз рӯйи ҳикоёту ривоётҳое, ки аз ҷониби муридони Мавлоно Балхӣ ба самъи ӯ расидаанд ва бахши дигари китобро дар заминаи сурудаҳои Мавлоно дар маҳофилу маҷлисҳои самоъ ё воқеаву ҳаводисе, ки дар ҳаёти ӯ рух додаву Мавлоно бо донишу ақлу фаросат ва ё каромату хориқулодате онҳоро бартарф намудааст, айнан ба қалам овардааст. Ба гуфтаи Бадеуззамони Фурӯзонфар, мутолеаи ин китоби азиз ва номаи нафис, ки комилтарину машруҳтарин асар дар ин ҳавза аст, барои ошноӣ бо Мавлоно ва сайри маънавии ӯ зарурӣ мебошад.
Матни илмӣ – оммавии ҳозира дар заминаи чопҳои асар, ки дар Теҳрон бо кӯшиши Таҳсини Ёзиҷӣ таҳқиқ гардидааст, омода шуд ва барои осон гардонидани дарки маъниҳои он аз ҷониби таҳиякунандагони чопи дардастбуда изофаи шарҳи луғоту тавзеҳот лозим дониста шуд.
Ҷилди аввали китоби “Маноқибу-л-орифин” дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.
Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.