Бо бачаҳо. Мустафо Шарқӣ: “Фохтаҳои Гулнора”
Хонаам дар ошёнаи дуюм воқеъ гардида, тирезаҳояш ба тарафи кўҳ, ки шаҳрро ҳалқа барин печонида гирифтааст, кушода мешавад. Аз ин ҷо тамошои манзараи атроф, махсусан дар баҳорон, хеле хуш аст.
Дар рў ба рўи тирезаи хонаи мо дарахти калони маҷнунбед чун раққосаи моҳири ҳиндӣ ҳангоми рақс печу тоб хўрда, қомат барафрохтааст. Шохҳои як навдаи калони он ба тарафи тиреза расида меистанд, баргҳои зарифу кабуди онҳо дар зери шўълаҳои офтоби пагоҳирўзии баҳор ба чандин ранг ҷило медиҳанд. Аз байни баргу шохҳо ҳавлиҳои ҳамсояҳо, теппаю пуштаҳои канори шаҳр, ки сар то сар сабзапўшанду манзараи бошукўҳ ва зебояшон дили касро ба сўи худ мекашад, намудоранд. Ҳамин ки тирезаро кушодед, насими шўх баргҳои зарифро алвонҷ дода, таровати баҳори пурнакҳатро ба машом мерасонаду рўятонро мулоим лесида мегузарад. Ана дар чунин лаҳзаи фараҳбахш ба баҳри хаёлҳои ширин ғўта зада, аз фикр мегузаронед: «Оҳ агар болу пар медоштам, чун шиҳини баландпарвоз парзанон ҳаворо ду дарронда, дар як он худро ба он теппаю пуштаҳо мерасондам ва зебогии табиати фусунгарро, ҳар қадаре дил ҳоҳад, тамошо мекардам!».
Ҳамин сол як рӯзи аввали баҳор аз пагоҳӣ осмонро абрҳои тира фаро гирифтанд. Аввал шамоли сахт бархеста, дарахтонро ларзонда, сари навдаҳои борики дарозро қариб то ба замин хам кард. Баъд раъду барқ гулдурросзанон ба оташфишонӣ даромад, аз осмон борони сел ҷорӣ шуд. Он шохаи маҷнунбед, ки дар муқобили тирезаи мо сўи бом қад меёзонд, ба шиддати шамол тоб оварда натавонист ва дар рў ба рўи тиреза аз буғум қарсӣ карда шикаст. Аз байн ду руз гузашт. Борон монд, абрҳои тира пароканда шуданд ва боз ба рўи осмони лоҷуварди шарқ офтоби босаховати оламоро табассум кард. Пас аз шикастани навдаи дарахт пеши тиреза кушода шуд ва тарҳи пуштаю доманаҳо, қишлоқро бо боғу токзорҳояшон, инчунин кўҳҳои азими қулласафед ба назар боз равшантар намуданд.
Ман сарамро аз тиреза берун бароварда, он ҷои навдаи дарахтро, ки аз шиддати шамол шикаста буд, даст-даст карда дидам. Он ҷо чуқурчае ба амал омада, гирдашро навда ва баргҳои тару тозаи нав аз пумбакҳо баромада иҳота мекарданд.
Аз куҷое як ҷуфт фохта парвоз карда омад. Фохтаҳо чуқурча ва атрофи онро бо диққат аз назар гузарониданду боз куҷое парвоз карда рафтанд. Гумонам буд, ки дигар барнамегарданд, лекин саҳв кардам. Онҳо тез баргаштанд ва бо нўлҳои худ хас гирифта оварданд. Ман фаҳмидам, ки фохтаҳо ин ҷоро барои худ қулай дониста, маскан қарор додаанд.
Духтарчаам Гулнора фохтаҳоро дида хурсанд шуд.
– Ота, – гуфт ў аз мақсади фохтаҳо пай бурда, – фохтаҳоро бинед, хона месозанд.
–Ҳа, Гулнораҷон, – тасдиқ кардам, танҳо калимаи «хона»-ро ба «лона» иваз намуда, – онҳо лона месозанд.
– Лона?
– Ҳа, лона, – ҷавоб додам. – Одам хона месозад, паранда лона.- Ва илова кардам, – лона гуфтанат ҳам хато не…
– Хона ки сохтанд, баъд чӣ кор мекунанд?
– Фохтак- оча дуто тухм мезояд.
– Тухм?
– Ҳа, тухм. Дуто тухм мезояду муддате онҳоро ба тагаш гирифта хоб мекунад.
– Хоб мекунад?
Гулнора духтарчаи беқарор, шўх ва кунҷков аст. Он чиро ки барояш номафҳум аст, ҳамон лаҳза пурсида мефаҳмад. Ман ба вай тариқи тухммонӣ, чўҷабарорӣ ва бо онҳо обу дон додани фохтаҳоро ҳикоя кардам.
Лона тайёр шуд, фохта-оча дуто тухм зоиду ба болояшон баромада нишаст. Фохта-ота бошад, ҳар рўз аз пагоҳӣ то бегоҳӣ бо нўли худ ба фохта-оча обу дон оварда медод. Ману Гулнора аз паси тиреза менигаристем: ман ба ҷойҳои дуродур, ба теппаю пуштаҳои махмалин, ба кўҳҳои қулласафед, Гулнора ба лонаи паранда, ба фохта-оча. Фохта–оча хобу бедор ба рўи тухмҳояш менишасту дам чашмонашро мепўшид ва дам мекушод, – кушода ба Гулнора чашмак мезад, салом медод.
Он пагоҳии рўзи баҳор, борону бўрон, раъду барқ, шикастани навдаи маҷнунбед ҳанўз аз лавҳи хотири мо нарафта буд, ки як пагоҳӣ осмон боз абрў чин кард: шамоли сахт бархест ва анбўҳи абрҳои сиёҳро ба тўғён оварду сонитар шиддати тўфон паст шуда борон борид. Рафта – рафта борон ба барф мубаддал гардид ва то нимаи шаби дуйўм беамон боридан гирифт. Фохта – оча на аз гулдурроси раъду барқ ва на аз тўфон ва на аз борону барф тарсид, ба ҳамааш тоб оварда дар лонааш нишаст. Вай модар буд, мехост чўҷа барорад, онҳоро обу дон дода, калон кунад.
Лекин пас аз мондани барф хунукӣ таҳдид кард ва ҳама чиз ях баст. Гулнора аз хоб бедор шуду дарҳол ба паси тиреза, ба фохта – оча нигарист.
– Ота, – гуфт ў – Фохта – оча нишастааст, вай хунук намехўрад?
Ба рости чӣ ҷавоб доданамро надонистам. Кӣ медонад, ки аз ин хунукии ногаҳонӣ ҳолу аҳволи фохта – очаи бечора чӣ шуд!
Ман ҳам назди тиреза омада, ба лона назар кардам, Фохта – оча гўё фикр мекарда бошад, чашмонашро пўшида менишаст. Аммо фохта – ота бесаранҷом менамуд. Вай дар атрофи маҷнунбед парвоз карда, дам ба дам ба лонааш омада менишаст ва бо нўли худ фохта – очаро нихта мекард. Аз куҷое се фохтаи дигар омада монданд. Онҳо ҳам ба атрофи лона нишаста, фохта – очаро нихта кардан гирифтанд. Гулнора ин холатро дида гуфт:
Фохта – оча сахт хоб кардааст, ҳеҷ бедор намешавад.
Бесаранҷомии фохта – ота ба ман аён гардид. Фохта – оча ба умеди ин ки тухмҳояш нобуд нашаванду дар ҳар ҳолате набошад, чўҷа барорад, лонаашро партофта нарафтааст, лекин аз хунукӣ дар ҷояш шах шуда мурда мондааст.
Ман ба лона даст дароз карда фохта – очаро гирифтам. Ҷисми ў ҳанӯз мулоим буд. Ин фоҷеа Гулнораро ғамгин кард. Ў бо оҳанги ҷидддӣ гаштаю баргашта аз ман пурсид:
– Акнун тухумҳо чӣ мешавад?
Чӣ шудан ё нашудани тухумҳоро худи ман ҳам намедонистам, бинобар он ба Гулнора ҷавобе надода фохтаи беҷонро аз лона он тарафтар, ба рўи навдае гузоштам.
– Акнун фохта – ота танҳо монд? – пурсид Гулнора.
– Ҳа, танҳо монд, – ҷавоб додам, – дигар бо ҳеҷ кас ҳамсар намешавад…
Дар мавридҳое ки фохтае мемирад, фохтаи дигар, яъне ҳамсараш тамоми умр танҳо ҳаёт ба сар мебарад. Аммо аз ёрӣ додан ба ҳамҷинсонаш даст намекашад: дар лонасозӣ ва паррончак кардани бачаҳои онҳо мадад мерасонад. Ман инро ба Гулнора бо суханони зерин фаҳмондам:
– Ҳа, фохта – ота дигар оча намегирад, худаш танҳо умр мегузаронад.
Гулнора саволе доданӣ шуд, лекин дар ин дам фохта – отаро дида, хомўш монд. Фохтаи аламзадаю мискин ба рўи тухумҳо, ба лона худаш нишаст. Дере нагузашта фохтаҳои дигар, ки эҳтимол аз мусибати ў аллакай огоҳӣ ёфтаанд, ба вай обу дон оварда додан гирифтанд.
– Ота, бинед, – гуфт Гулнора лонаро нишон дода, – фохта-ота…
– Ҳа, акнун фохта – ота ба ҷои фохта – оча нишаста худаш чуҷа мебарорад.
Баргчаҳои зарифи кабуд, ки дирўз аз пумбакҳо зада баромада буданд, ҳоло калонтар шуда, панҷаҳои тару тозаи навдаҳоро оро дода, дар зери шуоъҳои тиллоранги офтоб ба як тарзи дилрабое медурахшиданд. Гулнора тирезаро калон кушода, аз баргҳои зарифи кабуд ва ҷилодиҳанда бо завқ менигаристу механдид, чашмак мезад. Фохта – ота ҳам аз лонаи худ, ки онро анбўҳи баргу шохчаҳои тару тоза аз чашм пинҳон медоштанд, ба Гулнора чашмак мезад.
Ниҳоят аз ду тухм ду чўҷа баромд. Барои он ки фохта – ота аз паси обу дон ба ҷойҳои дур парвоз карда наравад, Гулнора ба рўи лаълӣ обу дон монда, онро ба рафти тиреза мегузошт. Рафта – рафта фохта ба Гулнора чунон одат кард, ки ҳатто аз рўи кафи дасташ дон гирифта мехўрд.
Давраи паррончак кардани чўҷаҳо расид, ки инро фақат Гулнора, балки ман ҳам бори аввал мушоҳида мекардам. Чор панҷ фохта рўзе чанд бори паси ҳам ба лона парвоз карда меомаданду аз таги қанотҳои фохтачаҳо даромада, бо тахтапушти худ паҳн ва хаму рост мекарданд. Баъд фохта – ота бачагонашро бо нўли худ нихта карда – нихта карда аз лона ба навда ва аз навда ба лона меронд: падар фарзандонашро бодиққат ба парвоз тайёр мекард.
Гулнора ҳам ба фохта ва фохтачаҳо чунон дил баст, ки ҳар лаҳза, дар омаду ноомади гап, албатта, аз онҳо сухан мекард: «Фохтаи ман… фохтачаҳои ман».
Вай як рўз хурсандона фарёд кард:
– Ота, тўи фохтаҳоро бинед!
Ба назди тиреза омадам. Чунон ки дирўзакак дида будам, чор – панҷ фохта аз таги қанотҳои фохтачаҳо даромада, қанотҳои онҳоро паҳн карда, таккон медоданду боз паси ҳам ба рўи бом парвоз карда мерафтанд. Онҳо ҳамроҳи фохта – ота фохтачаҳоро ба парвоз тайёр мекарданд.
Дар тамоми давраи ба парвоз тайёр кардани фохтачаҳо фохта – ота аз лона дур нашуда, бачагонашро аз ҳар хавфу хатар муҳофизат мекард. Ин дафъа ҳамин ки пои фохта – ота аз навда канда шуд, фохтачаҳо низ яку якбора қанот афшонда, худро ба ҳаво гирифтанду аз паси падар парвоз карда рафтанд.
Ману Гулнора фохта ва фохтачаҳоро бо нигоҳи чашмони худ гуселонида ва бо онҳо фикран хайру хўш карда, гўё мегуфтем:
– «Роҳи сафед, мурғони озод! Аз хавфу хатар натарсед, дар осмони кушод баланд – баланд парвоз карда гардед ва аз мо ба ҳамаи дўстон салому паём расонед!
Хайр то соли дигар, то баҳори оянда!».
МАНБАЪ: Мустафо Шарқӣ: “Кабӯтарони сулҳ”. Ҳикояҳо барои бачаҳо. Нашриёти “Ирфон”. Душанбе, соли 1964
Таҳияи Зуҳро Матимова, сардори шуъбаи депозитарӣ