Қаҳрамони Тоҷикистонро шиносем. Шоҳбаҳор Шоҳхуморов. «Ҷавонии ҷовидон”. Бахши 4
Дарси Худшиносӣ
Чизе, ки аз ҳама бештар хотири Шириншоҳро малӯл месохт, аҳволи бародарону хоҳарони ятимаш буд. Хусусан Бобошоҳ бисёр вақт ба хобаш медаромад ва сухани охиринаш ҳангоми видоъ дар гӯши Шириншоҳ ба мисли зангӯла садо медод: “Маро фаромӯш макун”. Чӣ тавр ӯ метавонист бародари азизашро фаромӯш созад? Боре ғарқи баҳри ҳамингуна хаёлоти мағшуш, андешаманд сарро болои зону монда, назди остонаи хона менишаст ва наздик омадани хӯҷаинро пай набурда монд. Дмитрий Степанович оҳиста даст ба китфи Шириншоҳ гузошт ва ӯ як қад парида, аз ҷо хест.
– Бинишин, дӯстам,бинишин. Чӣ ин қадар ба фикр фурӯ рафтаӣ? Ё ягон душворӣ пеш омад?- дилсӯзона пурсид хӯҷаин.
Ва Шириншоҳ ба ҷуз ифшои рози дилаш илоҷе наёфт. Саргузашти худ, аҳволи аҳли оила, илтимоси Бобошоҳро ҳам нақл кард. Дмитрий Степанович лаҳзае ба фикр фурӯ рафт ва сонӣ гуфт:
– Бисёр ғам махӯр, ҳамааш хуб шуда меравад. Маслиҳат карда мебинем, шояд имконият ёбем, ки барои бародарат ҳам кор пайдо кунем. Пас аз ду ҳафта штабс-капитан мужда овард, ки аспбон ба рухсатӣ меравад, барои нигоҳубини аспҳо коргар лозим шудааст.
– Агар бародарат аз ӯҳдаи ин кор баромада тавонад, хабар деҳ, ки фардо биёяд. Ман бо сардори отряд маслиҳат кардам.
Дар чашмони андешаманди Шириншоҳ шарораи шодмонӣ барқ зад. Вай ба хӯҷаин изҳори миннатдорӣ намуда, ба майдони пеши қалъа шитофт. Ба воситаи марди ҳамдеҳае, ки алафи овардаашро фурӯхта буду азми бозгашт дошт, ба хона пайғому салом фиристода, омадани Бобошоҳро дархост кард.
Барои Бобошоҳи наврас нигоҳубини улоғу тозакунии оғил душвор набуд. Вай, ки аспсаворӣ аз бозиҳои дӯстдоштааш буд, бо ҳар аспи саркаш ҳам муомила карда метавонист. Фаслҳои тобистон мардуми деҳоти Поршинев одатан улоғҳояшонро ба ҷангалзорҳои атрофи Майдонак ҳай карда мемонданд ва онҳо то тирамоҳ – оғози мавсими боркашонӣ баҳузур чаро карда мегаштанд. Наврасон онҳоро дошта, ба Майдонак оварда, бе зину лаҷом саворӣ мекарданд, дар оби дарё шустушӯ медоданд ва боз мусобиқаҳои асптозӣ барпо менамуданд. Дар ингуна бозиҳо Бобошоҳ яке аз пешсафон буд. Старшинаи рус, ки ба нигоҳубини аспҳо назорат мебурд, аз рӯзҳои аввал аз кори Бобошоҳ қаноатманд шуд. Вай ба тозагии аспҳо ва бино, сари вақт обу хӯрок додани аспҳо аҳамияти ҷиддӣ медод. Дар лаҳзаҳои фориғ аз кор дафтару қаламашро аз кисабағал бароварда, навиштани ҳарфҳои русиро машқ мекард. Ҳарчанд назди падари раҳматиаш савод бароварда, ба форсӣ хондану навиштан метавонист, вале инро кифоя ҳисоб намекард ва ҳамеша дар паи донишомӯзӣ буд. Дар ин бобат ба Шириншоҳ пайравӣ мекард, аз вай ёрӣ мепурсид. Шириншоҳ ба вай тарзи навиштану хондани ҳуруфоти русиро омӯзонда, инчунин калимаҳои серистеъмоли забони русиро ёд медод, талаб мекард, ки бо сарбозони рус бо забони онҳо сухан гӯяд, то ки забонро зудтар ёд гирифта тавонад.
Вақтҳое мешуд, ки Бобошоҳ пас аз иҷрои вазифаи хизматӣ ба назди дари мактабхона рафта, менишаст ва ба гуфтугӯи муаллиму шогирдон гӯш медод, мехост то ягон чизи наверо ёд гирад. Чунин ҳам мешуд, ки шогирдон ба суоли муаллим ҷавоб ёфта натавониста хомӯш меистоданд, вале Бобошоҳ ҷавоби ин суолро медонисту ҷуръат намекард, ки аз паси дар ҷавоб гӯяд. Дере нагузашта, Бобошоҳ забони русиро ба қадре ёд гирифт, ки бо сарбозони рус бо забони онҳо гуфтугӯ мекард. Ҳамин қобилияту шавқи омӯзиш, ҳамчунин хислатҳои меҳнатдӯстӣ, ростқавлӣ, хушмуомилагии Бобошоҳ буд, ки баъди аз рухсатӣ баргашта омадани аспбон ӯро аз кор тамоман озод накарда, ёрдамчии ошпаз таъин намуданд. Дар ин вазифа ҳам боз ҳамон ақлу фаросати худодод, ғайрату меҳнатдӯстиаш ӯро сазовори таваҷҷӯҳ ва мақбули сарошпаз гардонданд. Ҳини иҷрои ин вазифа воқеае рӯй дод, ки Бобошоҳ онро пас аз ҳафтод соли умраш ҳам бо як ҳисси хиҷолату пушаймонӣ дар сӯҳбат бо духтараш Шакарбону ба хотир оварда буд.
“Боре сарошпазро кори таъҷилие пеш омад ва ӯ фармуд, ки худам хӯроки шомро барои сарбозону коркунон тайёр намоям. Ман пас аз доғ шудани гӯшт якчанд қайларо дар коса ниҳода мондам ва пас аз дам додани дег назди дар рафта истодам. Иттифоқан Шириншоҳро дидам, ки ба об додани дарахтони ҳавлӣ машғул буд. Ӯро ҷеғ задам ва бо ишораи даст пеши худ хондам. Омад. Гуфтам, ки ба дарун даро. Вай беҷуръатона даромада, назди дар истод ва саволомез ба ман нигарист. Ман бе он, ки сухане гӯям, косаро пеши ӯ ниҳодам. Вай ба даруни коса назар андохта, кабобро дид ва якбора аз хашм даргирифт. “-Ту чӣ кор карданӣ? Ман гӯшти туро хӯрда бошам, агар ба ин коса даст расонам. Ва гӯшти маро хӯрда бошӣ, агар чунин кор кунӣ. Зудтар даруни дег андоз, бо ҳамагон якҷо мехӯрем”.
Ман аз авзои ғазаболуду талаби шиддатноки омиронааш чунон мутаассир шудам, ки бо кадом даст ба дег холӣ кардани косаро дар ёд надорам. Вай бо қатъият аз ман рӯ гардонда, баромада рафт. Ман аз шиддати шарму хиҷолат ва пушаймонӣ то чӣ дараҷа сурх шуда тафсидани рӯямро худам ҳам ҳис намудам. Хайрият, ки касе ин ҳолатамро надид. Ва ин бароям то охири умр як сабақи муҳими худшиносӣ шуда монд”.
**** ****
Ҳамин тавр, Шириншоҳ ҳам дониш меомӯхту ҳам ризқу рӯзиашро бо меҳнати ҳалол ба даст меовард. Соли 1914 мактабро бо дониши аъло тамом намуда буд, ки дар Аврупо ҷанги якуми ҷаҳонӣ оғоз ёфт. Бисёр афсарони отряди сарҳадии Помир ба сафи артиши амалкунанда даъват карда шуданд. Сардори отряд полковник Г.Л. Шпилко ва штабс – капитан Д.С. Топорнин фармон гирифтанд, ки ба Тошканд баргарданд.
Шириншоҳ, ки акнун 15 – сола шуда буд ва ба неку бади дунё то андозае сарфаҳм мерафтагӣ шуд, шиштухезу сӯҳбатҳо бо сарбозону афсарони рус ҷаҳонбинии ӯро васеъ намуда буданд. Вай хабари саршавии ҷанг ва аз Помир рафтани сарпарастонашро шунида, хеле ғамгин шуд ва дар андешаи бимноки ҳаёти минбаъдаи худ афтод. Вай, ки мактаби ибтидоиро тамом карда, ба забони русӣ озодона гуфтугӯ карда метавонист, орзу дошт, ки дар оянда таҳсилашро давом диҳад ё дар ҳамин ҷо ба хизмат дохил шаваду мисли ҳамин сарбозони рус ба кишвараш, баҳри осудагии ҳаёти ҳамдиёронаш садоқатмандона хизмат намояд. Боре лаҳзаи мувофиқ ёфта, аз ин хусус ба хӯҷаин рози дил кард. Дмитрий Степанович қаноатмандона лабханде заду гуфт: – Сарбозе, ки орзуи генерал шудан надошта бошад, сарбози хуб шуда наметавонад, гуфтааст устоди ҳарбиён Суворов. Ва ту ҳам ҳарчанд сарбоз набошӣ ҳам, вале миёни сарбозон зиндагӣ мекунӣ, бо ҳаёту хизмати онҳо пурра шинос ҳастӣ. Мебинам, ки хизмати ҳарбӣ ба ту маъқул шудааст, вале синну солат ҳанӯз камӣ мекунад. Ва ман вазифадорам, барои давом додани таҳсил ба ту ёрӣ расонам, охир, ту акнун бароям чун додар ҳастӣ. Маро ба Тошканд талаб кардаанд, пас аз як ҳафта меравам. Ту ҳам тайёриатро бин, бо бародаронат маслиҳат кун, розигии онҳоро бигир. Дар Тошканд имконияти давом додани таҳсил бештар аст.
Рӯзи дигар Шириншоҳ аз хизмат ҷавоб гирифта, ба деҳа, ба хонаи падарӣ раҳсипор шуд. Сари роҳ аз бозори Хоруғ барои додарону хоҳаронаш ба пули пасандоз кардааш тӯҳфаҳои майда-чуйда харид. Аҳли оила ӯро мисли он ки аз сафари дур гашта омада бошад, бо шодию хуррамӣ пазироӣ намуданд, аз таҳсилу зиндагиаш, аз аҳволи Бобошоҳ саволборон мекарданд. Вай дар бораи ҳамааш муфассал нақл кард ва дар охир изҳор намуд, ки ҳамроҳи афсарони рус ба Тошканд хондан рафтанист ва барои дидорбинию хайрухуш омадааст. Гарчанде бо ин суханон аз чеҳраи бародарону хоҳаронаш шӯълаи шодию хуррамӣ парид, вале касе ба ин нияташ эътироз накард. Ҳамаи онҳо медонистанд, ки Тошканд маркази сиёсию маъмурӣ ва илмию фарҳангии кишвари Туркистон аст ва Помир чун як воҳиди хурди маъмурӣ ба ҳайати он дохил мешавад. Ҳарчанд он хеле дуру рафтуомад ба он ҷо басо душвору хатарнок бошад ҳам, чандин ҳамдиёрони далеру нотарс аллакай рафта омаданд. Мамадаслам ҳамчун сарвари оила пас аз лаҳзаи хомӯшӣ гӯё фикри ҳамаро ҷамъбаст намуд:
–Ту, Шириншоҳ, акнун калон шудаӣ, неку бади дунёро медонӣ. Нияти хондан, илмомӯзӣ дошта бошӣ, ин хеле хуб. Бузурге гуфтааст:
Мероси падар хоҳӣ, илми падар омӯз,
К-ин моли падар харҷ тавон кард ба ду рӯз.
Аз моли падар ба моён ба ҷуз порчаи замини санглох чизе боқӣ намондааст. Вале илми падару аҷдодони мо – накӯкорӣ кардан, халқро раҳнамоӣ намудан тамомношуданист. Он илмро биомӯз ва барои халқат хизмату раҳнамоӣ кун. Худо ёри ту, сафарат бехатар бод. Омин!- гӯён даст ба рӯй кашид…
Аз китоби Шоҳбаҳор Шоҳхумор: “Ҷавонии ҷовидон”. Хоруғ, 2014.
Хоҳишмандон метавоннад ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Мафтуна Алихонзода,
мутахассиси пешбари Маркази забони
тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ