Армуғон. Муҳаммадризо Барзгар Холиқӣ «Шохи наботи Ҳофиз»

Шохи наботи Ҳофиз«Шохи наботи Ҳофиз»-и шореҳу ҳофизшиноси маъруф Муҳаммадризо Барзгар Холиқӣ яке аз шарҳҳои писандида байни форсизабонони ҷаҳон ва дӯстдорони ашъори Ҳофизи Шерозӣ ба ҳисоб меравад, ки бо забони нисбатан содаю фаҳмо таълиф шуда, барои дарки афкору орои Лисонулғайб ба шефтагони каломи ноби тоҷикӣ хидмат мекунад.

Дар ин китоб шарҳи чил ғазали Ҳофизи Шерозӣ ва шарҳи мазкур бо эҳтимоми яке аз ҳофизпажӯҳони тоҷик интихобан таҳияву тавзеҳ ёфта, бори нахуст дар Тоҷикистон нашр мегардад.

Мутолиаи ин китоб барои аҳли илму адаб, хусусан, онҳое, ки ба шеъру ҳунари шоирии Ҳофизи Шерозӣ ишқу алоқаи зиёд доранд, судманд хоҳад омад.

Хонандагон китоби Муҳаммадризо Барзгар Холиқӣ «Шохи наботи Ҳофиз»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд