«Шуҳрати даҳ ғазали Камол»
«Шуҳрати даҳ ғазали Камол» давоми мантиқии китоби «Мактаби Камол» буда, дар он матни даҳ ғазали Шайх Камоли Хуҷандӣ ва ҷавобияҳои он ҷамъ омадаанд. Албатта, ғазалҳое интихоб шудаанд, ки аз ҳама бештар шуҳрат доранд ва ба онҳо шоирони дигар пайравӣ кардаанд. Мураттибон хостаанд, то бо ин восита ҳам аз мақоми Шайх Камол ва ҳам аз шуҳрати сухани ӯ шаммае бозгӯ намоянд.
Баҳром Раҳматов,номзади илмҳои филологӣ ва директори МД «Маркази илмии Камоли Хуҷанӣ»дар сарсуханаш ба ин китоб аз ҷумла навиштааст, ки беш аз даҳ сол ба инҷониб Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» дар шаҳри Хуҷанд фаъол асту имрӯз ҳамчун рамзи ин санаи мабрук китоби ҳозирро пешкаши табъи зарифи хонандагон мекунад.
Китоб аз даҳ ғазали маъруфи Шайх Камол ва ҷавобияҳое, ки бар ин ғазалҳо гуфта шудаанд, иборат мебошад. Гуфта шуд, ки дар байни китобҳои нашрнамудаи мо китоби «Мактаби Камол» мақоми махсус дорад ва китоби ҳозир ҳам давоми мантиқӣ ва ё як навъ такмили он аст. Фақат фарқ ин ҷост, ки ҷавобияи бархе ғазалҳо бамаротиб дар ин маҷмуа афзудааст. Чун аз чопи китоби пешин чанд муддат гузаштаасту то кунун чандин мароҷеи наве ҳам ба даст омаданд, такупӯ ва ҷустуҷӯҳои мо ҳам перомуни ин мавзуъ хотима наёфта буд. Ин аст, ки бо чандин ҷавобияҳои дигар ҳам бархӯрдем ва хостем, ки онро дар лавну либоси дигаргунатар барои алоқамандон пешниҳод намоем. Маҳз ба ҳамин хотир аст, ки барои намуна даҳ ғазали Камоли Хуҷандӣ, ки бештар аз дигарон пайравӣ шудаанд, баргузида шуд.
Хосияти ин маҷмуа дар он аст, ки онро бо илова аз ғазалҳое, ки тоза ёфт шудаанд, такмил додаем ва ҳамчунин, калимот ва таъбирҳои душворфаҳмро дар поварақ тавзеҳ намудем. Барои фарқ кардани ғазалҳои навворидшуда дар қисмати охири мисраи аввали онҳо аломати ишоратии ситора (*) гузошта шуд.
Умед бар он дорем, ки армуғони кӯчаки мо бар муҳаббати хонандагони шеъри оламшумули форсӣ – тоҷикӣ биафзояду қабули хотири дӯстодорони каломи ноби бадеъӣ гардад.
Китоби «Шуҳрати даҳ ғазали Камол» ҳамакнун дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.
Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд