Бишнав аз дил, дил мақоми Кибриёст
Рӯзе нест, ки дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомаде барпо нагардад. Имрӯз низ яке аз толорҳои барҳавои ин макони маърифату адаб таҳти навои дилфиреб меҳмонони худро истиқбол гирифт, зеро кормандони шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Муассиса бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон анҷумани шодиву сурур таҳти унвони “Кӯдакон -дунёи моянд” барпо намуд.
Дар ҷаласа роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, кормандони Муассиса, хонандагон-аъзои шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, меҳмонон, намояндагон аз Фонди хайриявии Музаффар, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Мурғкабоб”, дастаи гулдухтаракон аз кӯдакистони №79 ноҳияи Шоҳмансур, ҳунармандон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Ҳамоиши идонаро директори Муассисаи Давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои педагогӣ, профессор Лутфия Абдулхолиқзода ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Директори Муассисаи Давлатии “Китобхонаи миллӣ” зимни суханронии хеш аз ҷумла ёдовар шуд, ки “Бузургони гузаштаи мо дастгирию кӯмак ба ин қишри осебпазири ҷомеаро барои ҳар як инсони соҳибдил фарз медонистанд. Ҳукумати Тоҷикистон аз ибтидои давраи истиқлоли давлатӣ Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва дигар асноди байналмилалиро эътироф карда, дар ин замина санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии кишварамонро бо муқаррароти онҳо мутобиқ намудааст”.
Лутфия Абдулхолиқзода қайд кард, ки ба ин қишри осебпазири ҷомеаи мо Роҳбари давлату Ҳукумати Тоҷикистон диққати махсус зоҳир менамояд ва пайваста баҳри беҳдошт ва дастгирии ҳаёти шахсиву ҷамъиятии эшон чораҳо меандешад.
Муовини директори Китобхонаи миллӣ Муҳаммадиқбол Атозода кулли меҳмонон ва кӯдакону наврасонро бо ин рӯзи хурсандӣ табрик намуда, иброз дошт, ки кормандони шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхона ва сардори шуъбаи мазкур Саодат Набиева ҳамаи талоши худро ба он равона месозанд, ки модарону пайвандони хонандагони шуъбаашон дар чеҳраи фарзандони худ табассуми самимиву беолоишро бубинанд. Ҳамчунин муовини директори Муассиса қайд кард, ки роҳбарият ва кормандони Китобхона ҳамеша мекӯшанд, то дархости хонандагони худро сари вақт иҷро намоянд.
Нашнав аз най, най навои бенавост,
Бишнав аз дил, дил мақоми Кибриёст
Най бисӯзад мушти хокистар шавад
Дил бисӯзад оламе дигар шавад.
Сипас барои ҳамкориҳои судманд ба шарикони чорабинии мазкур “Сипоснома”-и Муассисаи Давлатии “Китобхонаи миллӣ” тақдим карда шуд.
Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш ҳофизони хушхон бо оҳангу таронаҳои марғуби хеш хотири иштирокдоронро шод гардонида, барояшон як олам шодиву сурур эҳдо намуданд. Ҳамзамон дастаи гулдухтаракон бо рақсҳои зебои худ бинандагонро мафтун сохтанд.
Дар фаровард сарпарастон-ашхоси саховатпешаи ватанӣ ба якояки хонандагони имконияташон маҳдуд туҳфаҳо тақдим намуданд.
Зимнан, бори аввал Рӯзи байналмилалии кӯдакон соли 1950 ҷашн гирифта шудааст. Қарор дар бораи гузаронидани он аз ҷониби Федератсияи Байналмилалии Демократии Занон дар иҷлоссияи вежа моҳи ноябри соли 1949 қабул карда шуда буд.
Муҳидинова Махфират,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа