Тирамоҳ ва маҳфили “Ман метавонам”
Маҳфили навбатии «Ман метавонам», бо тасвир намудани манзараи тирамоҳи зарин бо хонандагони фаъоли шуъбаи кўдакон ва наврасон баргузор гардид.
Сараввал муовини сардори шуъба Шаҳноза Дониёрова маҳфилро оғоз намуда, ба хонандагон дар доираи ин мавзӯъ маълумот дод.
Ӯ дар бораи тирамоҳ сухан ронд ва гуфт, ки ин фаслро фасли заррин меноманд, чун манзараҳои хотирмону ҷолибе дорад. Дар ин фасл кишоварзону боғкорон ҳосили расида ҷамъоварӣ мекунанд, дарахтон барг зард мекунанд, алафҳои сабз мехешканд. Тирамоҳ қадам ба қадам моро ба зимистони сард наздик мекунад. Ҳар рӯзи тирамоҳ қадамест ба сӯи зимистон, ба сардиҳо, ба барфу боронҳои шадид.
Хонандагони шуъба, ки ширкаткунандагони ин маҳфил буданд, дар бораи тирамоҳ шеърхонӣ карданд.
Муаллима бо истифодаи маводи конселярӣ бо хонандагон чӣ гуна тасвир намудани манзараҳои тирамоҳро нишон дод.
Хонандагон ҳар кадом як манзараеро аз тирамоҳ наққошӣ карданд ва ё сохтанд.
Нафиса Қурбонова.