Дасти сахои накукорон, ё шоме саропо меҳр

Шоми дирӯз, 21-уми апрел дар ошхонаи Китобхонаи миллӣ як зумра  шахсони некхоҳ ва некандешу некманзару накукор дар ҳамкорӣ ва мусоидати Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои 250 нафар шахсони имконияташон маҳдуд ифтор доданд. Дар таърихи Китобхона ин як иқдоми беназир дониста мешавад, чун дар гузашта ҳарчанд чунин зиёфатҳову хайрот доир мешуданд, вале дар моҳи Рамазон ин аввалин талоши хуш кардани хотири касоне буд, имконоти ҷисмониашон маҳдуд буд.

Дар нишасти шомгоҳӣ суҳбат аз меҳр буду муҳаббат, аз иттифоқиву ҳамдилӣ ва маърифати инсонӣ мерафт ва ҷамъомадагон сари дастурхони пурнеъмати рамазонӣ ба шахсони саховатманд ва хайрхоҳ изҳори ташаккур мекарданд.

Дар баробари ташкили як шоми хотирмон, ба 10 нафар шахсони имконияташон маҳдуд ва дорои маъюбиятдошта шиму костюм тақдим гардид ва шодиву нишоти нишастагонро ҳадду ҳудуд набуд.

Дасти хайр дар моҳе, ки муборак аст, барои миллати мусалмони мо анъана шудааст. Мо ҳа марӯза даҳҳо ин гуна ташаббусҳоро мехонем. Хайрхоҳон дасти фидодагонро мегиранд, сари ятимонро сила мекунанд, ба бехонагон хона медиҳанд, ҳақи доруи беморонро мепардозанд, танҳоён, пирону барҷомондагонро аёдат мекунанд ва барояшон ёриҳои худро дареғ намедоранд ва бо ин васила дарҳои Фирдавсро ба рӯи худ мекушоянд.

Шоми гузашта он чизе, ки дар Китобхонаи миллӣ иттифоқ уфтод, аз ҳамин силсила иқдомҳои мардони дастбахайр буд.