Табиат дар гуфтумонҳо ва боварҳои мардум. ҚОЗҲО, ҚУҲО ВА ИНСОН

Қози хокистарӣ аввалин парандаест, ки инсон хонагӣ кард. Ин ҳодиса дар Баҳри Миёназамин наздик ба 20 ҳазор сол пеш ба вуқуъ пайваст.

Қозҳо дар таърих чун наҷотбахши Рум шуҳрат доранд. Тибқи ривоят ин чунин сурат гирифта буд: дар шаби торик неруҳои галлҳо (номи румии қабилаи келтҳо) ба деворҳои қалъа воқеъ дар теппа Капитолий наздик омаданд. Сагҳо хомӯш буданд, сарбозони посбон омадани душманро пай набурданд. Танҳо қозҳо аз хасм огоҳ шуданд ва бо ғо-ғо-ғо”-и изтиробовар  ҷанговарони Румро аз хоби ғафлат бедор карданд.  Гап сари он ки қозҳо парандагони басо эҳтиёткорнад ва вақте селаи онҳо ба хоб меравад, чанд қоз бедорхобӣ мекашад ва селаро аз душманони эҳтимолӣ посбонӣ мекунад. Он шаби торик ҳам маҳз ҳамин посбонони қозҳо садо бароварданд ва ҷанговаронро бедор карданд. Аз ҳамон замон дар Руми бостон қозҳо соҳиби эҳтироми зиёд шуданд. Ҷолиб он аст, ки имрӯз ҳам баъзан қозҳоро барои посбонӣ ва ҷилавгирӣ аз ғорат истифода мебаранд. Масалан, соҳиби як анбори калони шароб дар Англия даҳҳо қозро дар анбораш нигоҳ медошт…

Дар бораи қозҳо ривоёту афсонаҳо басо зиёданд. Масалан, худои ҳиндуҳо Браҳма дар қоз бовиқорона нишастааст, худои юнониёни бостон Аполлон дучархаи худро ба қоз баста буд. Зевси барқафкан ҳам шарм надошт, ки худро ба қоз мубаддал кард, то ки бо ин васила ба зебосанам Лед наздикӣ кунад ва ҳосили ин омезиш зебодухтар Елена буд, ки аз Лед ба дунё омад.

Дар шаҳри юнонии Спарт дар яке аз ибодатгоҳҳо ҳатто пӯчоқи тухми азимҷуссаеро нишон медоданд, аммо юнониҳои ботақво ба ин ин муқаддасот нигариста, ҳатто намедонистанд, ки он тухми шутурмурғ аст…

Дар як афсонаи бурятӣ омадаст, ки шикорчие дар як кӯл дидааст, ки се қоз худро ба шакли се духтар даровардаву оббозӣ мекарданд. Вай яке аз ин пӯстҳои парандаро гирифт ва бо қоз-духтари зебо издивоҷ кард. Ва дар пирӣ ҳамсараш аз шикорчӣ пӯсти ҳамон парандаро хост ва онро пӯшиду ба қоз табдил шуд ва аз мӯрӣ парвоз карда рафт.  Шикорчӣ талош кард онро аз панҷаи олудашудааш дорад, аммо натавонист. Аз он вақт то кунун панҷаи қоз сиёҳ аст.

«ТАРОНАИ  ҚОЗ»

Одамон мегӯянд қоз 300 сол умр мебинад ва дами марг аввал таронаи марғуберо месарояд ва баъд ҷон медиҳад. Ин ду ривоят асоси мантиқӣ ва илмӣ надорад. Қоз наметавонад таронасароӣ кунад ва садои ӯ барои инсон гӯшнавозу форам ҳам нест.

Онҳо ҳамагӣ то 40 сол умр мебинанд. Аммо барои паранда ин ҳам умри кам нест.  Қозҳои хонагӣ бошанд, боз ҳам камтар (то 25 сол) зиндагӣ мекунанд.  Танҳо дар Англия як қози дарозумр будааст ва он замоне тарки олам кард, ки баъди чор моҳ мебоист панҷоҳсола мешуд!

МАТОЛИБИ ҲАМСОН:

КОШИФИ АСРОРИ ТАМАДДУНИ НИЁГОН (ЧАНД МУЛОҲИЗА ДОИР  БА РИСОЛАИ Б.МАРШАК «ҲУНАРИ  СУҒДИ БОСТОН) 

ҚИССАИ  ЛАЙЛӢ ДАР ДОСТОНҲО

 ТАБИАТ ДАР ГУФТУМОНҲО ВА БОВАРҲОИ МАРДУМ. ЛАРЗОНБЕД, БЕДИ ЛАРЗОН, СИЁҲБЕД

  ЧАРО ЗЕБУНИССО АСЛАН ИЗДИВОҶ  НАКАРД?

 ҚОРУН ВА ГАНҶИ Ӯ. ДАР ИН БОРА ЧӢ МЕДОНЕМ?