Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
Шуъба фаъолияти худро дар асоси Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», қарору супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи китобдорӣ ва Оинномаи Муассисаи давлатии Китобхонаи милллии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Вазифаҳои асосии фаъолияти шуъба:
– фаъолияти байналмилалии шуъбаҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ҳамоҳанг сохта, масъалаҳои барқарор намудани робитаҳои онҳоро бо муассисаҳои марбутаи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар бахшҳои таҳсилот, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос , ҳаллу фасл менамояд;
– тарғиби фондҳои китобхонаро тавассути шаклҳои гуногуни корҳои иттилоотӣ дар байни муштариён ба роҳ мемонад ва фаъолияти муассисаро бо китобхонаҳои мамлакатҳои хориҷ ҳамоҳанг месозад;
– маълумот оид ба фаъолияти байналмилалии шуъбаҳои кории Китобхонаро ҷамъоварӣ ва таҳлил менамояд;
– дар корҳои ташкилотҳои байналмилалии касбӣ фаъолона иштирок менамояд;
– таъмини иштироки китобхона дар муҳимтарин лоиҳаҳои байнамилалӣ, махсусан барои таъсиси китобхонаҳои электронӣ;
– ташкилу вусъатдиҳии муносибатҳои дӯстии китобхона бо китобхонаҳои миллии мамлакатҳои хориҷи кишвар;
– ташкил ва иштироки китобхона дар таҳлил ва амалисозии барномаҳои байнидавлатии соҳаи китобдорӣ;
– таъмини фаъолияти иттилоотӣ ва методии Китобхона роҷеъ ба масъалаҳои муносибатҳои байналмилалии соҳа.
Реҷаи корӣ: аз соати 800 то 1700
Рӯзҳои корӣ: душанбе-ҷумъа
Сардори шуъба: Мирзоева Фарзона Мирзоевна
Телефон: 221-05-96