Нақши Академия дар рушди шахсият
Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои Истиқлолияти давлатӣ таҳаввулоти зиёдеро аз сар гузаронида, марҳалаи ниҳоят мураккабу пурихтилофи таърихиро сипарӣ намуд. Аҳли қаламу сиёсат ва фарҳанги кишвар, воситаҳои ахбори умум ҳамеша кӯшиданд, ки тавассути фаъолияти эҷодӣ моҳият ва аҳамияти Истиқлолиятро ба мардуми кишвар фаҳмонанд, эҳсоси ифтихори миллӣ, ватандорӣ ва шаҳрвандиро дар ниҳоду андешаҳои онҳо густариш диҳанд, симои воқеии Тоҷикистони соҳибихтиёр, таърих, фарҳангу тамаддуни таърихӣ, имкониятҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва роҳи пешгирифтаи онро баҳри бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.
Боиси ифтихор аст, ки аз замони ба даст овардани Ваҳдати миллӣ то имрӯз, бахусус баъди таъсиси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар сохтори он ташкили як қатор кафедраву ихтисосҳои созгор ба таълими ҷаҳони муосир мувофиқ устодон ва кормандони он баҳри тарғибу тадбиқи сиёсати пешгирифтаи Президенти Тоҷикистон талош варзида, дар таҳкими истиқлолияти воқеии кишвар, сулҳу ризоияти миллӣ, осудагиву ободии Ватани азизамон дар радифи табақаҳои дигари ҷомеа содиқонаву софдилона саҳми худро мегузоранд.
Дар ин давраи сарнавиштсоз, барои миллату давлати тоҷикон, тағйиротҳои куллие дар ҷомеа падид омад. Сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон дар таҷдиди кулли соҳаҳои хоҷагии халқ, бухусус дар соҳаи дипломатия ва идоракунии захираҳои инсонӣ ба назар мерасад.
Махсус бояд таъкид намоем, ки дар сохтори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2020 факултети таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбӣ таъсис ёфт, ки фаъолияти он ба таълиму тарбияи илмию методӣ равона шуда, вазифаҳои муқараршудаи факултет барои омода кардани мутахассисони сатҳи касбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки соҳаи хидмати давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар ду зина, зинаи бакалавр дар таҳсилоти фосилавӣ ва зинаи мутахассис дар таҳсилоти дуюми олии касбӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ин бахши Академия фаъолият дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст.
Имрӯзҳо факултети таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбии Академияи идоракунӣ аз рӯйи ихтисосҳои таҳсилоти дуюми олии касбӣ, идораи давлатӣ, идораи давлатӣ ва ҳуқуқ, идоракунии ҳайати кадрӣ, менеҷменти сиёсӣ ва дар таҳсилоти фосилавӣ аз рӯйи 8 ихтисос мутахассис омода мекунад, ки сатҳи таълим ва тадрис дар ин боргоҳ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ пурра ҷавобгӯй мебошад. Илова бар ихтисосҳои ишорашуда, дар факултет 4 ихтисоси дигар: идораи мақомоти маҳаллӣ, менеҷменти молиявӣ, сиёсат ва идораи давлатӣ барои омоданамоии мутахассисон роҳандозӣ шудааст, ки дар фурсатҳои наздик мо шоҳиди ба майдон о мадани кадрҳои баландихтисос дар бозори кори дохилӣ аз рӯйи ихтисосҳои ишорашуда хоҳем гардид.
Албатта, факултаи мавриди назари мо нисбат ба дигар факултаҳои Академия ҷавонтар аст, вале агар ба фаъолияти устодон ва ба дастовардҳои он назар намоем, маълум мегардад, ки дар роҳи захираи кадрӣ ва ба роҳ мондани методи пешрафти таълимӣ корҳои намоёну назаррас то имрӯз анҷом шудаанд. Махсусан, дар мавриди фаъолияти сардори сардорати факултет Маҳмадов Иброҳим чанд нуктаеро метавон баён дошт.
Аз рӯзҳои аввали корӣ ҷиҳати муҳайё сохтани ҷанбаҳои меъёрӣ ва ба роҳ мондани раванди таълим ҷустуҷӯйи роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим, такмил додани кори мустақилонаи донишҷӯён, ба тасвиб расонидани маводи илмию методӣ аз тарафи омӯзгорони Академия, омодасозии мутахассисони касбӣ мутобиқгардонии мувофиқ ба бозори меҳнат аз чораҳои аввалиндараҷа назди садорат буда, дарёфти роҳу усулҳои пешқадаму муосири таълим, мустаҳкам намудан ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани пояҳои моддиву илмӣ, васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотиву комуникатсионӣ, ба роҳ мондани ихтисосҳои нави ба талаботи иқтисоди миллӣ ҷавобгӯ ва воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилот, самти тайёр намудани кадрҳои соҳибтахассус барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар мувофиқа бо раёсати Академия ва воҳидҳои сохтории дахлдор чораҳои ҳалталаб андешида, иҷроиши онро ба роҳ монда истодааст.
Умуман, мо ки донишҷӯйи ин бахши Академия ҳастем, аз кору пайкори садорат ва устодони он ба хубӣ огаҳӣ дорем. Боиси хушнудӣ ва шарафмандист, ки дар ин боргоҳ ба мо устодони забардаст, ки ректори муҳтарам Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, кадрҳои ҷавону донишманд ва соҳибтаҷриба, аз зумраи доктори имлҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол, Шарофзода Гавҳар, Маҳмадов Иброҳим, Наимов Маҳмадулло, Мавлоназаров Салмон, Додихудоев Раҷабалӣ, Шарифов Шарифҷон, Хоҷақулов Ниёзро дар Академия ҷалб намудааст ва чуноне ки ишора намудем, дарс гуфтаанду аз дарёи беканори илму таҷрибаашон маърифат ва дониши моро такмил додаанд.
Воқеан, фаъолияти илмӣ-педагогии устодони номбаршуда дар соҳаи мактабу маорифи тоҷик хеле назаррас аст. Эшон илму донишомӯзиро сарчашмаи ташаккули инсонӣ ҳисобида, дар асарҳояшон, ки китоби дарсии мо қарор гирифтаанд, нозукиҳои соҳаро бо тамоми нозукиҳояшон мунъакис сохтаанд.
Аксари устодони факулта, ки умри пурбору бобаракати хешро дар роҳи таълими насли наврасу ҷавон сипарӣ намудаанд, маслиҳатгару роҳнамои ҳама устодони ҷавон ва донишҷӯён буда, дар тӯли таҳсили хеш ҳамеша моро рӯҳбаланд намуда, барои пешбурди кору пайкорамон ёрии хешро дареғ надоштанд. Мо низ аз кӯшишҳои устодон илҳоми тоза гирифта, барои хубтар анҷом бахшидани масъулияти хеш бештару беҳтар корҳоямонро ба роҳ мондаем ва бовар дорем, ки кулли ҳамкурсони мо низ ба ин андеша розӣ буда метавонанд.
Хулоса, дар тӯли солҳои донишҷӯйи дар факултети таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти устодон аз рӯйи дарсҳои психологияи идоракунӣ, менеҷменти фаъолияти идоракунӣ, технологияи иттилоотӣ, идоракунии захираҳои инсонӣ, риторика ва дигар усулҳои таълим босамар идома дошта, умедворем, ки натиҷаи фаъолияти муҳасилини факулта ба ташаккули шахсияти идорӣ ва дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси замони муосир дар самти идоракунии давлатӣ самараи хубу хуш меорад.
Нусратуллозода ИДИГУЛ
Донишҷӯйи маълумоти
дуюми Академияи
идоракунии давлатии
назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон.