Поккориҳои ҳафта. Шуъбаҳо даст ба дасти ҳам мениҳанд

Аз субҳи имрӯз тибқи анъанаи бисёрсола кормандони шуъбаҳо бо ҳидояти сарваронашон даст ба поккориҳои бару буми Китобхонаи миллӣ заданд. Дар ин субҳе, ки баъди як бориши шадиди дурӯз ҳаво офтобӣ шудаву гулҳо ва сабзаҳо чеҳраи поку зебо ва диданӣ ба худ гирифтаанд, кормандон омаданд, то хасу хасрӯбаҳои шамолу борони ду рӯзи пешро аз ҷӯйборҳо пок кунанд, баргҳои хазонро аз танаи гулҳои шукуфон ба замин резонанд.

Ҳудудан 80 нафар кормандон боғу гулгаштҳоро тоза карданд, ба ниҳолҳо об монданд, хасрӯбаҳоро руфтаву баргҳои хазонро ба партобгоҳ бурданд.

Рӯзҳои покиву низофат дар Китобхонаи миллӣ аслан ҳамарӯзианд, вале рӯзҳои шанбе ҳашари дастҷамъист, ки кормандон ҳатман бонавбат даст ба поккориҳо мезананд, то ин бинои назаррабо ва ин кохи маърифат ҳамеша ба чашми сокинону меҳмонон нуронӣ намояд.

Абдуғаюр Саломав