Абдуҷаббор Раҳмонзода. Хунёгаре аз диёри Хуршед

Абдуҷаббор РаҳмонзодаСуруду мусиқӣ воситаи муҳимми тавонманди рӯҳу ҷон буда, инсонро қуввату дармон мебахшад, таъбашро шод, қалбашро гарм ва ғаму андӯҳро аз ӯ дур месозад. Барои ҳамин мардуми тоҷик аз қадим то ба имрӯз ба ин навъи санъат арҷ гузошта, зиндагии хешро бо суруду мусиқӣ пайванд намудаанд. Онҳо дар ғаму андӯҳ, шодиву сур, ҷашну маърака аз суруду мусиқӣ истифода карда, бо ин роҳ  рӯзгори хешро беҳтару рангин менамуданд. Аз замони Пешдодиён сар карда,  то давраи Сомониён ва аз замони Сомониён то ба имрӯз санъату мусиқӣ ҳамроҳи халқи маърифатпарвари тоҷик будааст. Ин мардуми санъатдӯст бо таъсири мусиқӣ пеш рафта, ҳунару истеъдодашро ғанӣ гардонидааст.

Дар ин диёри хуршедӣ дар тӯли таърих беҳтарин ромишгарону санъаткорон, ҳофизону сарояндагон, мутрибону навозандагон умр ба сар бурда, мусиқии суннатии “Дувоздаҳмақом” ва “Шашмақом”- ро  кашф карданд ва минбаъд онро такмилу ташаккул дода, намунаҳои олии оҳангу мусиқии дилошӯбро ба ганҷинаи мероси фарҳангии ғайримоддии ҷаҳони мутамаддин ворид намудаанд. Бахусус, мусиқии анъанвии классикии “Шашмақом” ба санъати беназири Шарқ ворид шуда, ба низоми мукаммали мусиқии илмиву амалӣ табдил ёфта, ҳамчун воситаи муҳимми тасалияти рӯҳу ҷон то ба имрӯз ба инсоният хидмат намуда истодааст. Ин санъат то замони мо тавассути мактаби устоду шогирд идома ёфта, ба намунаи олии санъати суннатии халқ табдил ёфтааст.

Санъати мусиқии “Шашмақом”  дар асри ХХ боз ҳам ташаккул ёфта, тавассути ҳофизони шинохта – Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Барно Исҳоқова, Аҳмад Бобоқулов, Мериё Аминов, Маъруфхоҷа Баҳодуров, Боймуҳамад Ниёзов, Одина Ҳошимов, Зафар Нозимов ва даҳҳои дигар пеш рафта, боиси пайдо гардидани оҳангу мусиқиҳои анъанавию касбӣ шудаанд. Дар ин миён хидмати Артисти хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Артисти халқии Тоҷикистон, Артисти хизматнишондодаи Иттиҳоди Шӯравӣ, барандаи Ҷоизаи ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ, хунёгари бузург устод Ҷӯрабек Муродов бе назир мебошад.  Вай дар тӯли фаъолияти эҷодии хеш беш аз 1000 суруд ва зиёда аз 300 оҳанг офарида, дар санъати мусиқии тоҷик ва Шарқ ба ситораи дурахшони санъат ва мусиқӣ табдил ёфтааст.

ҶӮРАБЕК МУРОДОВ  дар диёри хуршед ва миёни  куҳҳои сарбафалаки Тоҷикистони офтобрӯйя ба дунё омада, бо заҳмату кӯшишҳои хеш  ба дараҷаи устоди забардасти санъати мусиқӣ расидааст. Аҳли илму ҳунар ба маҳорати ҳофизиву сарояндагии вай баҳои баланд дода, ӯро дар қатори бузургтарин хунёгарони олам ворид намудаанд. Бешак, вай бо суруду мусиқиҳои дилнишину форам на танҳо дар дилу дидаи халқи тоҷик, балки дар қалби миллионҳо нафар донандагони мусиқиву санъати воло роҳ ёфтааст.  Суруду оҳангҳои ӯ ба хазинаи тиллоии мусиқии ҷаҳон ворид шуда, номи тоҷиконро дар олам машҳур гардонидааст.

Устод Ҷӯрабек Муродов дар рушди санъати мусиқии касбӣ ва анъанавӣ саҳми арзанда гузошта, оҳангу сурудҳои ӯ намунаи олии санъати миллӣ ба шумор мераванд. Вай аз оғози фаъолияти корӣ ва эҷодӣ ба интихоби шеъру суруд диққати махсус дода, аз устодони забардаст нозукиҳои ин касбро омӯхтааст. Овозхони шинохта дар санъату мусиқии тоҷикӣ сабку услуби хешро пайдо карда, барои ташаккул ва рушди он заҳмати зиёд кашидааст. Бо ин роҳ ӯ санъати мусиқии классикии суннатиро такмил дода, сурудҳои халқиро тавон бахшида, намунаҳои олии оҳангу наворо  таълиф намудааст. Агар дар аввали фаъолияти эҷодии хеш Ҷӯрабек Муродов бештар ба сурудҳои халқӣ рӯ оварда, дар мавзӯъҳои ватандӯстона  суруду оҳанг баста бошад, баъдтар ӯ нозукиҳои ин касбро аз бар карда, санъати мусиқии анъанавии касбиро такмил бахшида, намунаҳои олии оҳангу мусиқиро эҷод намудааст, ки ҳар кадом ҷанбаи баланди инсондӯстона дошта, дар тарбияи маъанавии одамон саҳми беназир гузоштаанд.

Устод Ҷӯрабек дар интихоби шеъру суруд кӯшиши зиёд карда, барои ҳар кадоми он оҳангҳои дилошӯб ва муассир  эҷод намудааст. Махсусан, силсилаи оҳангҳои “Модарнома” -и сарояндаи мумтоз бар ашъори устод Мирзо Турсунзода намунаи олии сурудҳои халқӣ дар мусиқии тоҷик ба шумор мераванд. Вай ба ҳар як шеъри устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода оҳанги латифу зебо, дилкашу гуворо тасниф карда, дар онҳо бузургии модар, меҳру муҳаббати ӯ, сарнавишти пур аз пастиву баландиҳои рӯзгорро ифода намудааст. Зарби оҳанг, навои асбоб, тартиби садо мусиқиро мутантан гардонида, дили шунавандаро ба шӯр меоварад ва ин сурудҳо бо як маҳорати баланд иҷро мегарданд.  Дар ин силсилаи мусиқӣ сурудҳои пурмуҳтаво таъсири бештар расонида, дили шунавандаро ба шӯр меоранд. Дар сурудҳои ба васфи деҳқонону коргарон эҷод кардаи ҳофиз низ ин ҳолатро дидан мумкин аст.

Устод Ҷӯрабек Муродов  минбаъд доираи эҷоди хешро васеъ карда, ба санъати мусиқии классикии “Шашмақом” рӯ меоварад. Ин санъати асил ва суннатӣ ба ҳофиз рӯҳу илҳоми нав мебахшад. Вай ба омӯзиши нозукиҳои санъати асил ҷиддӣ машғул шуда, аз устодони ҳунар таркиби дохилии мақомро аз бар менамояд. Сарояндаи хушовоз ба силсилаи  мақомҳои Бузуруг, Рост, Ироқ, Дугоҳ, Сегоҳ ва Наво шинос шуда, фаслҳои созиву овозии Мушкилот ва Насрро аз бар менамояд ва дар пайи интихоби шеъру ғазал гардида, барои суруду оҳангҳои классикӣ аз баёзҳои қадима намунаҳои олӣ ва беҳтаринро интихоб менамояд.  Бо ин восита ӯ ба ғазалҳои дилнишин ва пурмазмуни устод Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷанд, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Зебуниссо ва Соибу Туғрали Аҳрорӣ  оҳанг баста, бо маҳорати баланд онҳоро иҷро менамояд.

Устод Ҷӯрабек, махсусан ба хондани намунаҳои ушшоқ аз силсилаи мақомот бештар диққат дода, “Ушшоқи  Савти сабо”, “Ушшоқи Самарқанд”, “Ушшоқи Гулёр”, “Ушшоқи Калон”, “Ушшоқи Содирхон” – ро ба маҳорати баланд иҷро кардааст. Барои ин оҳангҳо ҳофизу мутриби  сухансанҷ  беҳтарин ғазалҳоро  интихоб намуда, онҳоро ба маҳорати хос иҷро намудааст.  Ҷолиб он аст, ки ба ин силсилаи оҳангҳо савти равон, овози дилкашу фараҳбахши устод Ҷӯрабек Муродов таъсири амиқ  расонида, сурудро боз ҳам дилкашу форам  намудааст. Вай ҳар як суруди классикиро бо лаҳни хуш, нидои махсус ва баёни равон иҷро карда, ба дилҳо шӯр ва ба қалбҳо сурур мебахшад.  Махсусан, оҳангҳои танавор ва дилхароҷро устоди забардаст ба хубӣ иҷро карда, барои ин навъи оҳанг ғазалҳоеро интихоб кардааст, ки мазмуни баланди ахлоқӣ ва ишқӣ дошта, дар боло рафтани маънавиёт ва баланд бардоштани завқи отифонаи инсон таъсири амиқ мерасонанд. Ҳамин муҳаббат ва шӯридадилӣ ба мусиқии суннатии касбӣ устоди санъати тоҷик – Ҷӯрабек Муродовро ошиқи шайдои мақоми миллӣ карда, ба вай рӯҳу илҳом бахшида, дар офаридани оҳангҳои марғуладор ва дилнавоз кумакаш намудаанд.  Дар ҳамин радиф ӯ якчанд оҳанг эҷод карда, “Ушоқи Душанбе” – и сарояндаи маҳбуби халқ намунаи олии санъати мусиқии суннатии касбӣ ба шумор меравад. Бар ғазали шоир устод тарзе оҳанг бастааст, ки дар он тамоми зебоӣ ва бузургии Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистони азиз эҳсос  мешавад. Ин оҳанг ниҳоят фораму равон буда, садои шӯрангези устод онро боз гуворотар намудааст. Бе муболиға, чунин оҳангҳо дар эҷодиёти устод Ҷӯрабек Муродов ниҳоят  зиёд буда, аз ҳунари воло, таъби саршор ва хунёгари бузург будани ӯ дарак медиҳанд. Вай дар ин замина мактаби бузурги худро таъсис дода, дар рушди санъати мусиқии касбӣ ва халқӣ нақши ниҳоят азим бозидааст. Бо кӯшиши ӯ мактаби мақомхонӣ таъсис ёфта, беҳтарин овозхонони тоҷик ин мактабро идома дода, ба номи устод арҷ мегузоранд ва сабку баёни ӯро идома мебахшанд.

Ҷолиб он аст, ки устод Ҷӯрабек Муродов баробараи сурудҳои тоҷикӣ сурудҳои ӯзбекиро низ бо истеъдоди баланд иҷро намуда, дар таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек нақши бузург бозидааст. Вай силсилаи мақомхонии Фарғона, Самарқанд, Бухоро ва Хоразмро такмил бахшида, дар иҷрои сурдҳои суннатии касбии ӯзбекӣ маҳораи шоиста нишон додааст. Ӯ сурудҳои “Қӯшчинор”, “Лайло”, “Ферӯз”, “Фарғона тенг отгунча” “Қошларӣ қаламлар”  ва як силсила мақомҳои суннатиро бо маҳорати баланд иҷро карда, дар ин ҷодда муваффақ низ шудааст. Вай мактаби мусиқии Комилҷон Отаниёзов, Юнус Раҷабӣ, Маъмурҷон Узоқов ва Шералӣ Ҷӯраевро идома дода, дар рушди мусиқии анъанавии касбии ӯзбекӣ  ҳам таъсири амиқ расонидааст. Ӯро дар бисёр маҳалҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон ба некӣ ёд карда, дар базму шодии хонаводаашон даъват менамоянд ва бо иштироки ин ҳунарманди тоҷик  хурсандиҳояшонро баргузор мегардонад. Албатта, ин ҳама аз бузургӣ ва маҳорати баланди сурудхонии устод Ҷӯрабек Муродов дарак медиҳад.

Бояд гуфт, ки устоди ҳунар, ҳофизи маҳбуби мо Ҷӯрабек Муродов  шоистаи суханҳои аз ин беш буда, дар рушди санъати мусиқии тоҷик хидмати босазо ва шоистаро ба анҷом расонидаанд.  Аз ин рӯ,  дар арафаи ҷашни мавлуд ва 80 – солагии камолоти умри бобаракаташон ба ин ҳунарманду хунёгари бузург саломатӣ ва барори кор хоста, дар корҳои минбаъдаи эҷодиашон муваффақиятҳо орзумандем.

Абдуҷаббор Раҳмонзода
академики  Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон.