Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 24 – уми декабр

Як-рузи-таърих-24-12-2022Соли 1798 шоир, мутарҷим, мақоланавис ва ношири лаҳистонӣ ва белорус Адам Митскевич ба дунё омад. Ӯ яке аз аввалин намояндагони романтизм ва яке аз бузургтарин шоирони Лаҳистон аст. Ҳамчунин ӯро яке аз бартарин шоирони аврупоӣ медонанд. Дар соли 1822 китоби аввалини ашъораш аз чоп баромад. Ҷилди якуми осори нависанда «Шеър» ном дошт ва силсилаи маъруфи «Балладаҳо ва шеърҳо»-ро дар бар мегирад.

Элиза-КукСоли 1818  Элиза Кук – шоири англис дар Саутуарк таваллуд шудааст. Дар соли 1835 вай аввалин маҷмӯаи шеърҳои худро бо номи «Lays of a Wild Harp» нашр кард. Аз соли 1849 то 1854 ӯ як маҷалла бо номи Eliza Cook’s Journal –ро интишор медод ва баъдтар аксари мақолаҳои дар он нашршударо бо унвони «Jottings from my Journal» (1860) чоп мекард.

23 сентябри соли 1889 аз олам гузашт.

Соли 1863 нависанда, шоир ва танзпардози англис  Уилям Теккерей вафот кард. Ӯ устоди романҳои реалистӣ буд. “Бозори худфурӯшӣ”, “Ребекка ва Ровена”, “Сарнавишти Ҳенри Эсмонд”, “Шуҳрати Барри Линдон” аз ҷумлаи асарҳои ӯянд.

Соли 1906 Ҷеймс Хедли Чейз нависандаи англис, дар Лондон таваллуд шудааст. Вай муаллифи беш аз 80 романҳои детективист.

Соли 1910 дар Чикаго нависандаи асарҳои илмӣ – таҳайюлии амрикоӣ  Фриц Лейбер ба дунё омад. Барандаи шаш ҷоизаи Хюго ва чаҳор ҷоизаи Небюла. Романҳои “Ҳазораи сабз”, “Вақти бузург”, “Дарвеш”, “Шабаҳ дар Техас”, “Ҷодугарзан” аз ҷумлаи асарҳои ӯянд.

Соли 1971 нависандаи рус Андрей Иванов дар Таллин таваллуд шудааст.

Гарольд-ПинтерСоли 2008 намоишноманавис, шоир, нависанда, коргардон, ҳунарманд, фаъоли сиёсии англис Ҳоралд Пинтер дар синни 78-солагӣ аз саратони ҷигар дар Лондон даргузашт. Ў барандаи Ҷоизаи Нобел дар адабиёт дар соли 2005 буд.

Намоишномаҳои ӯ: “Хона”, “Ҷашни таваллуд”, “Пешхидмати гунг”, “Дарди мухтасар”, “Осоишгоҳ”, “Саройдор”, “Мактаби шабона”, “Фосиқ”, “Бозгашт ба хона”, “Садоҳои хонавода”, “Забони кӯҳистон”, “Назми навини ҷаҳонӣ”,”Меҳмонӣ”, “Маҳтоб”, “Бузургдош” ва ғайра мебошанд.

Таҳияи Мадина ҲАМИДОВА