АНОНС. Ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ бахшида ба гиромидошти Борбади Марвазӣ

Борбади МарвазӣДар Китобхонаи миллӣ бо ибтикори шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар бахшида бахшида ба гиромидошти хотираи асосгузори мусиқии форсӣ-тоҷикӣ Борбади Марвазӣ ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ баргузор мегардад.

Дар кори ҳамоиш иштирок ва суханронии роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, намояндагон аз Академияи милии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода,  Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори омма дар назар дошта шудааст.

Иштирокчиён имкон хоҳанд дошт аз андешаҳои олимон ва коршиносони соҳа баҳраманд гардида, доир ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёт, эҷод ва мероси фарҳангии ин чеҳраи барҷаста маълумоти муфид дарёфт намоянд.

Рӯзи баргузорӣ: 2-юми июни соли 2026
Замон: соати 14:00
Макон: Китобхонаи миллӣ
Вуруд озод.