Анонс. Маҳфили “Ҳамешабаҳор”: “Баҳори кӯдакон ва наврасон”
Ба таваҷҷуҳи дӯсторони шеъру шоирӣ расонида мешавад, ки имрӯз 1 июни соли 2026 соати 19:00, бо ибтикори шуъбаи менеҷмент ва маркетинги Китобхонаи миллӣ ва гардонандаи маҳфили “Ҳамешабаҳор” устод Хайрандеш бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии идона баргузор мегардад.
Иштирок дар маҳфил озод буда, хоҳишмандон метавонанд ҳангоми ширкат дар бозиҳои шавқовари маҳфил соҳиби туҳфаҳои хотиравӣ гарданд.