Ҷаласаи назоратии назди директори Китобхонаи миллӣ
Субҳи имрӯз дар Муассисаи Давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи назоратии назди директори Китобхонаи миллӣ Лутфия Абдулхолиқзода баргузор гашт.
Дар ҷаласа ҳисоботи сардорони шуъбаву бахшҳои ҳисоботдиҳанда ҷиҳати иҷроиши супоришҳои қаблан додошуда баррасӣ гардид. Аз ҷумла маълумоти муфассал оид ба ҳолати базаи техникӣ ва технологии Китобхонаи миллӣ; хисоботи муфассали бахши умумӣ ва коргузорӣ аз чараёни гардиши мактубҳои воридотӣ ва содиротӣ; таҳияи лоиҳаи барномаи таълимӣ оид ба этика ва эстетикаи китобдорӣ барои кормандони Китобхонаи миллӣ аз тарафи Марказ ва шуъбаҳои дахлдор.
Ҳамзамон барои ҳафтаи кории ҷадид як қатор супоришҳои мӯҳлатнок ироа гардид. Таваҷҷуҳи махсус ба чорабиниҳои ҳафтаинае, ки давоми ду-се рӯзи охир баргузор мегарданд, равона шуда, вобаста ба иникоси лаҳзаҳои чорабиниҳо дар сомонаи расмӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба бахшу шуъбаҳои масъул дастурҳо дода шуд.
Аз рӯйи натиҷаи ҷаласа шуъбаҳо омодагии худро барои баргузории чорабиниҳои дар пешистода, равона намудаанд.
Қайд гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳо ба баланд бардоштани самаранокии корӣ, суръат бахшидани гардиши китоб, фароҳам овардани шароити мусоид барои иштирокчиёни хурдсол мусоидат менамояд.
Ҳадафи асосии ҷаласа рушди минбаъдаи соҳаи китобдории кишвар дар фазои имрӯзаи донишҳои иловагӣ мебошад.
Махфират Муҳиддинова