Аз асарҳои Пешвои миллат. Соиби Табрезӣ
Соиби Табрезӣ (1601-1677) намояндаи машҳури сабки ҳиндӣ буда, бо ашъори дилпазираш маҳбуби дўстдорони каломи бадеъ гардидааст, вале бештар ба дарбори Сафавиён алоқамандӣ дошта, маликушшуарои дарбори онон будааст.
Шиблии Нуъмонӣ Соибро аз барҷастатарин суханварони давраи Сафавия медонад ва чунин мегўянд: «Шеъру шоирӣ дар Эрон аз Рўдакӣ шурўъ шудаву бар Мирзо Соиб хатм гардидааст».
Соиб «…бар хилофи як миқдор ҳамқаламони худ, ки мазмунро фидои шакли пуртантана, ғарибхаёлӣ ва нозукпардозиҳои аз заминаи реалӣ ҷудо карда, бо ин восита назмро аз дараҷаи фаҳми оммаи мардум дур менамуданд, бештар ба масъалаҳои муҳимми зиндагӣ,тасвири ҳолат ва кайфиятҳои гуногуни инсон пардохт ва эҷодиёти худро ба зиндагии халқ наздик намуд». Барои мисол:
Мо на онем, ки моро ба забон бояд ҷуст,
Ё зи ҳар бесарупо ному нишон бояд ҷуст.
******
Аз печу тоб умри дарозам ба сар расид.
То решаам чу ришта ба оби гуҳар расид.
Мисоли дигар:
Ҷабҳа мехорад ба нохун шеъри хоболударо,
Он ки ковиш мекунад бо синаи афгори мо.
Аз насими навбаҳорон мағзҳо ошуфта шуд,
Гул накард ошуфтагӣ аз гўшаи дастори мо.
Шеваи мо-сахтҷонон нест изҳори малол,
Лолаҳо бедоғ мерўянд аз гулзори мо.
Мо ба хуни худ даҳони теша ширин мекунем,
Талх наншинад абас маъшуқи ширинкори мо,
Хуни моро пирӣ аз гардуни сангиндил харид,
Қомати хамгашта шуд ангуштари зинҳори мо.
Ғунчаҳои сарбамуҳри гулситони розро,
Номаи вокарда донад дидаи бедори мо.
Гарчи аз хокем,дар ҷунбиш гаронҷон нестем,
Барги коҳе мешавад болу пару девори мо…
Соиб мекўшад, ки ашёю сифату амали рўйихокиро ба афлок бардорад. Чунончи, қатли худро, ки ваҳшати талхест, комширинии теша мешуморад.
Ғазалиёти Соиб бо ширинию шевоӣ ва равонию дилрасии худ аз рўзгори зиндагии шоир то ба имрўз дили ҳазор-ҳазор дўстдорону дилбохтагони забону адаби моро тасхир карда, дар синаҳои аҳли завқ ба таври ҳамеша макону маскан гирифтаанд.
Соиб шоирест, ки ба қавли худи ў гавҳари санҷидаи ҳарфу сухани баландаш аз ҷайби садафи табъаш суфта берун меояд ва ба дилу дидаҳо роҳ меёбад. Аз ин ҷост, ки аксари ғазалҳояш саропо сараву суфта ва шевою дилрас ба назар мерасанд:
Бар чархи муҳит аст фурўғи назари мо,
Соҳил дили дарёст зи оби гуҳари мо.
Бедоди фалакро ба тағофул гузаронем,
Пўшидани чашм аст зи душман сипари мо.
Шерем, вале заҳраи озор надорем,
Аз ҷунбиши раг гарчи дамад нештари мо.
Аз ҳамраҳии ақл ба ҷое нарасидем,
Печидатар аз роҳ бувад роҳбари мо.
Ҳарчанд пару бол надорем чу шабнам,
Аз партави хуршед бувад болу пари мо.
Ё раб, кӣ дуо кард, ки чун қофилаи мавҷ,
Осоиши манзил набувад дар сафари мо.
Дар номаи мо ҳарфи насанҷида набошад,
Аз ҷайби садаф суфта барояд гуҳари мо.
Чун дидаи моҳӣ, ки намояд зи таҳи об,
Аз пардаи санг аст намоён шарари мо.
Соиб, ҷигараш чун ҷигари субҳ шавад чок.
Як рўз агар чарх кашад дарди сари мо.
Соиб дар тарзу шеваи баён, корбурду корбасти калимаҳо ва иборабандию ибораороӣ устоди комил аст. Бахусус, ибораҳое, ки шоир дар ғазали ёдшуда мавриди истифода қарор додааст, аз қабили чархи муҳит, фурўғи назар, дили дарё, оби гуҳар, бедоди фалак, пўшидани чашм, заҳраи озор, ҷунбиши раг, ҳамроҳии ақл, партави хуршед, қофилаи мавҷ, осоиши манзил, номаи мо, ҳарфи насанҷида, ҷайби садаф, дидаи моҳӣ, таҳи об, пардаи санг, ҷигари субҳ, дарди сар ҳама зебою шевою дилороянд, ки аз устодии комили Соиб дар забони мо гувоҳӣ медиҳанд.
Соиб дар ашъори дилпазираш инсонҳоро ба дўстию бародарӣ, фурўтанию хоксорӣ, ҳимматбаландӣ, ростию покизакорӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ даъват мекунад. Вай ҳиммати баландро пояи расидан ба ҳама баландиҳо медонад:
Ба ҳеҷ ҷо нарасад, ҳар кӣ ҳимматаш паст аст,
Пари шикаста хасу хори ошёна шавад.
Шоир хоксорию фурўтаниро нишони фазлу камоли инсон ва расидан ба манзили мақсуд ба қалам овардааст:
Фурўтанист далели расидагӣ ба камол,
Ки чун савор ба манзил расад, пиёда шавад.
Ба андешаи шоир хоксорӣ «девори боғи зиндагии» инсонҳост, ки нахл ҳам аз афтодагӣ бар хок сар ба осмон меафрозад:
Мекунад з-афтодагӣ нашъунамо нахли ҳаёт.
Хоксорӣ мешавад девори боғи зиндагӣ.
Шоир ростию росткориро беҳтарин фазилати инсонӣ ва суди инҷаҳонию онҷаҳонӣ медонад:
Мор то рост нагардад, наравад дар сўрох,
Рост шав, то битавонӣ ба лаҳад ғунҷидан.
Дар маҷмўъ, Соиб аз зумраи он шоирони ширинадост, ки сухани баланди обдор ва ширину шеваи ў то ба имрўз вирди забонҳост. Ғазали зерини шоир далели равшани ин гуфтаҳост:
Ба соғар нақл кард аз хум шароб оҳиста-оҳиста,
Баромад аз паси кўҳ офтоб оҳиста-оҳиста.
Фиреби рўйи оташноки ў хўрдам, надонистам,
Ки хоҳад хурд хунам чун кабоб оҳиста-оҳиста.
Ба ин хурсандам аз нисёни рўзафзуни пириҳо,
Ки аз дил мебарад ёди шабоб оҳиста-оҳиста.
Зи бас дар пардаи афсона бо ў ҳоли худ гуфтам,
Гарон гаштам ба чашмаш ҳамчу хоб оҳиста-оҳиста.
Сароеро, ки соҳиб нест, вайронист меъмораш,
Дили бе ишқ мегардад хароб оҳиста-оҳиста.
Ҷудоӣ андак-андак заҳри худро мекунад зоҳир,
Ки гардад талх дар мино гулоб оҳиста-оҳиста.
Кабоби нозуки дил оташи ҳамвор мехоҳад,
Барафкан аз узори худ ниқоб оҳиста-оҳиста.
Диле нагзошт дар ман ваъдаҳои пучи ў Соиб,
Шикаст ин киштӣ аз мавҷи сароб оҳиста-оҳиста.
Шеърҳое, ки дар давраи Сафавӣ таълиф шудаанд, боз ду ҷанбаи дигар доранд:
Аввалан, «забони кўча ва бозор» ба андозаи зиёд ба шеър ворид шуд.
Дуюм, дар мавриди беолоишии забони адибон камтар касе фикр мекард. Сабаби чунин вазъият берун рафтани табақаи дабирон ва адибон аз дарбор ва нишастани рўҳониён, ки завқи чандоне ба шеър надоштанд, ба ҷойи онҳо буд.
Ҳарчанд дар давраи Сафавиён рушду густариши забони тоҷикӣ ба андозаи давраҳои пешин набошад ҳам, ин забон дар номанигориву муросилот, адабу ахлоқи динӣ ва шеъри шоирони он замон мақоми барҷаста доштааст.
Дар давраи Сафавиён баробари ҷудо намудани мазҳабҳо забонро ҳам тақсим карданд. Аз ин ба пас истилоҳи забони форсӣ тарғиб гардида, истилоҳоти дарӣ ва тоҷикӣ кам истеъмол мегардид.
Бо таъсири ин сиёсат дар асрҳои баъдӣ пас аз рушд ёфтани ҳамкориҳои Эрон бо Фаронса, Англия, Русия ва дигар кишварҳои пешрафта истилоҳи «забони форсӣ» серистеъмол гардид. Шарқшиносони Ғарб ва Русия дар доираи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар раванди робитаҳои гуногунҷабҳа бо Эрон ба таҳқиқи таърихи забонҳо аз доираи «забони форсӣ» берун нашуда, ба омузишу таҳқиқи забони дарӣ ва тоҷикӣ камтар аҳмият медоданд, ки ин нуқтаро соли 1950 Е.Э. Бертелс дар мақолаи «Форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ» хеле воқеъбинона, холисона ва аз рўи сарчашмаҳои таърихӣ шарҳ дода, қадимияти забони тоҷикиро эътироф намудааст.
Ин як порчае буд аз мақолаи “Соиби Табрезӣ”, ки аз китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат-ҳастии миллат” иқтибос овардем.
Ин китоб саропо факту рақам аз таърихи забони мост. Забоне, ки бо гузашти замонҳо, қатлу куштори аҷнабиён, китобсӯзиҳову фарҳангзудоиҳои бегонагон боз ҳам асолати худро ҳифз кард.
Мутолиаи ин китоб барои ҳар нафаре, ки ифтихороти миллӣ дорад, судманд аст. Шумо аз ин китоб маълумотҳоеро ҳам дарёфт карда метавонед, ки пештар нахондаву нашунида будед.
Шакли электронии китоб ин ҷост:
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ
Таҳияи Ойҷонгул ДАВРОНОВА,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.