Дар Китобхонаи миллӣ боз як курси омӯзишии забони куриёӣ тибқи барномаи EPS шуруъ шуд
Имрӯз дар Гӯшаи Куриёи Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бо иштироки директори Муассиса, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода, Сафири Куриёи Ҷанубӣ ҷаноби Чон Сонг Шик ва консули ин кишвар дар Тоҷикистон ҷаноби Ли Ҷи Сонг давраи нави омӯзиши забони куриёӣ аз рӯйи барномаи EPS оғоз шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ин курси таълимӣ аз рӯйи методҳои навини замони муосир баргузор шуда, устодони варзида ва соҳибтаҷриба ба хоҳишмандон дарс хоҳанд гуфт.
Албатта, ба боварии комил гуфта метавонем, ки омӯзиши дарсҳои забони куриёӣ аз рӯйи барномаи EPS бо тамоми шароити хос ва мавҷуда баргузор шуда, хоҳишмандон вақти худро ба манфиати омӯзиши забон сарф хоҳанд кард.
Хотирнишон менамоем, ки бахше аз лоиҳаҳои барномаи EPS ба муҳоҷирон тааллуқ дошта, барои муҳоҷират ва кор дар Куриёи Ҷанубӣ муносиб ва муфид аст.
Хоҳишмандони сафар ба Куриёи Ҷанубӣ метавонанд аз имкониятҳои ин курси омӯзишӣ истифода кунанд.
Дарҳои мо ба рӯи Шумо боз аст!
Марҳамат намоед!
Мавзуна Орумбекова,
сардори шуъбаи
маркетинг ва менеҷмент