Бачагӣ ва ҷавонии Абӯрайҳони Берунӣ  

Манобеъи асосии тасдиқкунандаи шарҳи ҳоли шахсияти Абўрайҳони Берунӣ пеш аз ҳама осори худи ў ба ҳисоб мераванд. Маҳз асарҳои ў маълумотномае ба ҳисоб мераванд, ки ҳамаи хираду заковати мавсуф, истеъдоди кошифии вай гўяндаи вазъи зиндагию меҳнатпарастиаш шуда метавонанд. Раванди омўзиши амиқи осори Берунӣ ва феҳристи офаридаи худи ў ба муҳаққиқин имкон додааст, ки маълумоти пуррае оид ба фаъолият ва эҷодиёти илмии ў пайдо карда бошанд.

             Аввалин Берунишиноси қарни ХIII аз Эрон бо номи Иброҳим ибни Муҳаммад ал- Ғазанфарии Табрезӣ мебошад, ки перомуни мавлуди Абўрайҳони Берунӣ навиштааст, ки эшон: рўзи панҷшанбеи сеюми Зулҳиҷҷа соли 362 ҳиҷрӣ рўй ба олами ҳастӣ оварда, дида ба ин ҷаҳон кушод, ки ин мутобиқ ба 4 сентябри соли 973 исавӣ дуруст меояд. Номи пурраи мавсуф Абўрайҳон  Муҳаммад ибни Аҳмад  Берунӣ будааст. Ва аз ин дунёи фонӣ дарбасту дар муддати 75 соли умри пурсамари худ осори зиёде бо арзишу гаронбаҳо аз худ ба ёдгор гузошту оламро падруд гуфт.

              Аммо роҷеъ ба замони туфулият ва наврасии ў маълумоте вуҷуд надорад. Худи Абўрайҳони Берунӣ иқрор шудааст, ки ман аҷдоди гузаштаи хешро-ҳатто падари худро дар ёд надорам. Бо вуҷуди ин ҳама, Берунии ҷавон алоқаю гироиши худро ба аҳли ҳунармандону косибони ватандораш канда накарда, ҳатто дар асари безаволи худ «Минералогия» ёдовар мешавад, ки ба аҳли пешаварони деҳа дар робитаи қавӣ будааст.

            Аз ин гуфтаҳо гумон бармеояд, ки шояд дар айёми ҷавонияш Абўрайҳон аз волидони худ маҳрум гашта бошад ва ё бо кадом сабабҳои сиёсию ноустувор зиндаҷудо шуда бошад. Ба ҳар ҳол, ба дарбори Арроқиён афтодани ў бо тахминҳои зиёде мебарад, ки асоси генекологияи пайдоиши Берунӣ тасодуф набошад. Ҳангоми омўхтани ҳаёт ва фаъолияти илмии А.Берунӣ раҳми кас меояд, чунки дар баробари мушкилиҳои барзиёди зиндагӣ, ин муҷассамаи бузурги таърихӣ бе Ватану бе хонаводаю бе фарзанду хатто бе кадом сарпарасти ғамхор умр бурдааст. Вале ба ин ҳама печутобҳои зиндагӣ нигоҳ накарда домани тадқиқоти илмиро мустаҳкам медошт, нақшаҳои тарҳ гардидаи илмиашро дер ё зуд амалӣ мекарду эътибори худро меафзуд.

Иқтибосе буд аз китоби Муллошо Давлатов бо номи Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Абўрайҳони Берунӣ”, ки соли 2017 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст.

        Ба китоб доктори илмҳои таърих Ҳамза Камол ва номзади илмҳои таърих Дўстмуҳаммад Дўстов тақриз навиштаанд.

Китобро шумо дар Китобхонаи миллӣ метавонед мутолиа намоед.

Шарофат Мирзоева.