Барномаи фарҳангӣ-саёҳатӣ барои иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

ЭкскурсияМутасаддиёни озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯи субҳи доноӣ китоб аст» як барномаи рангоранги тафреҳиву саёҳатӣ ва фарҳангӣ барои ширкаткунандагони озмун ташкил кардаанд. Ин барнома бештар сайру саёҳат ба мавзеъҳои таърихии шаҳри Душанберо дар бар мегирад.

Иштирокчиёни аз шаҳру ноҳияҳои кишвар омада метавонанд дар доираи ин барнома аз ҷойҳои таърихию фарҳангии пойтахти азизамон дидан намоянд.

Дирӯз дар барнома шиносоӣ бо Китобхонаи миллӣ буд, ки даҳҳо нафар ширкаткунандагон ва шахсоне, ки онҳро сарпарастӣ ва роҳбаладӣ мекунанд, аз толорҳои хониш ва осорхонаи китоб дидан намуданд.

Қарор аст имрӯз гурӯҳе аз онҳо аз осорхонаи “Пешвои миллат”-и ДМТ боздид ба амал оранд.

Дар ин барнома саёҳат ба Осорхонаи миллӣ, тамошои филми мустанади “Марди роҳ” дар киностудияи “Тоҷикфилм”,  саёҳат ба хона-музеи устод Турсунзода ва хона –музеӣ устод Айнӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст.