“Библиографияи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991-2021)” чоп шуд

Ин китоб ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп омода шудааст. Он фарогирии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотии ҳайати профессорону омўзгорони Академия дар солҳои 1991-2021 мебошад. Китоб имконият медиҳад, ки унвонҷўён, адъюнктон, аспирантон, докторантон  ва шахсони ба корҳои илмиву пажӯҳишӣ машғулбуда аз он истифода кунанд.

Китоб бо ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рўзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ оғоз шудааст:

Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба сифати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар тарбияи кадрҳои баландихтисос барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ саҳми назаррас дошта, кормандону хатмкардагони он дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва таҳқими сулҳу суботи кишварамон фидокорона заҳмат кашида, ба Ватан ва халқи Тоҷикистон содиқона хизмат карда истодаанд”.

Сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Ф.Р.Шарифзода рар пешгуфтори китоб навиштааст, ки аз замони ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ то имрўз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафти илм таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, барои рушди он заминаҳои мусоид фароҳам меорад. Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 Шўрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ҳадафи асосии он баррасии мушкилоти дар соҳаҳои илм, маориф ва инноватсия ҷойдошта ва мусоидат ба рушди ин бахшҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа мебошанд.

Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати профессорону омўзгорон, адъюнктону докторонтҳо ва унвонҷўён фаъолона ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул гардида, дар рушди маориф ва илмӣ кишвар саҳми худро мегузоранд.

Тадқиқоти анҷомдодаи ҳайати профессорону омўзгорони Академияи ВКД ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» аз 18-уми марти соли 2015 таҳти №1197, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», аз 26-уми сентябри соли 2020 таҳти №503, Консепсияи сиёсати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми феврали соли 2018 таҳти №1005 тасдиқ гардидааст, инчунин, ба ҳадафҳои Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 аз 19-уми марти соли 2013 таҳти №1438 ба Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 аз 1-уми июни соли 2021 таҳти №211 ҷавобгў буда, ҷиҳати таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, Истиқлолияти давлатӣ, манфиатҳои миллӣ ва амнияти кишвар, инчунин, масъалаҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор равона гардидааст.

Китоби мазкурро хоҳиш мандон  метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Мадина Ҳамидова, мутахассиси пешбари шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.