БО БАЧАҲО. К. Исозода, И. Холматов. “Барои чӣ даст мешўянд?”

Шумо ҳар саҳар аз хоб хеста, дасту рўй мешўед. Аз мактаб биёед, модар мепурсад: «Дасту рўятро шустӣ?» Пас аз бозӣ боз мепурсад: «Дасту рўятро шустӣ?» Шумо мегўед: «Саҳар дасту рўямро шустам. Бас нест? Охир дастонам чиркин не-ку?»

Чаро дасту рўйро зуд-зуд бояд шуст?

Падару модар, хоҳару бародар, омўзгорон шуморо зуд-зуд ба шустани дасту рўй водор мекунанд. Барои чӣ онҳо мехоҳанд, ки шумо зуд-зуд дасту рўйро бишўед!

Агар дасту рўйро нашўед, чӣ рух медиҳад?

Микробҳо ба дасту рўйи одам часпида меистанд. Агар одам дасту рўяшро нашўяд, ифлосӣ ва микроб ба дохили баданаш ворид мешавад. Онҳо баданашро ба бемориҳои гуногун гирифтор мекунанд.

Микроб чист?

Микроб зарачаҳое мебошанд, ки ҳангоми ба бадан ворид шудан, одамро бемор мекунанд. Микробҳо чунон хурд ҳастанд, ки бо чашм онҳоро дидан ғайри имкон аст. Онҳоро ба воситаи микроскоп мушоҳида мекунанд.

Микроскоп чист?

Микроскоп асбобест, ки ҷисмҳои хурдро калон нишон медиҳад. Одамон онро барои дидани ҳар гуна заррачаҳои андозаашон хурд истифода мебаранд. Он аз шишаҳои калони нишондиҳанда сохта шудааст. Ба мисли шишаи айнаки бобоҳо ё бибиҳо.

Микробҳо чӣ тавр вориди бадани одам мешаванд?

Микробҳо метавонанд бо роҳҳои гуногун вориди бадани одам шаванд. Масалан, ҳангоми хўрдани сабзавоту меваҷоти ношуста. Ҳангоми даст расонидан  ба хок, дару девор, хоридани узвҳо, ҳоҷатхона рафтан, бозӣ кардан ё даст расонидан ба ҳайвонот. Бозичаҳо ё одами дастонаш ношуста низ метавонад микроб дошта бошад.

Барои чӣ даст мешўяндАз микроб кадом бемориҳо пайдо мешаванд?

Аз микроб бемориҳои дарди шикам, шикамравӣ, кирми рўдаю меъда, дарди гулў, хоришак ва дигар бемориҳои бадани одамро заиф, ҷисмашро лоғар ва беҳолату бемадор мекунанд. Инҳоро бемориҳои сироятӣ меноманд.

Бемориҳои сироятӣ чӣ гуна бемориҳоянд?

Бемориҳои сироятӣ бемориҳое мебошанд, ки аз як одам ба одами дигар мегузаранд. Одами ба чунин беморӣ гирифтор шуда метавонад ин бемориро байни мардум паҳн кунад. Бемориҳои сироятӣ манбаи паҳншавии микробҳо мебошанд.

Бемориҳои сироятӣ табобат мешаванд?

Бале. Ин бемориҳо табобат мешаванд. Аммо дар натиҷа муолиҷаи дурудароз. Одами бемор дар бисёр маврид дар беморхона бистарӣ мешавад. Баъди табобат ҳам одами шифо ёфта чанд вақт зери назорати духтурон қарор мегирад.

Барои чӣ ин беморонро дар беморхона бистарӣ мекунанд?

Ин бемориҳо хавфноканд. Онҳо аз одами касал ба одами солим мегузаранд. Барои ҳамин ин гуна беморон дар шифохона зери назорати доимии табибон қарор мегиранд.

Барои чӣ беморони дармоншуда чанд вақт зери назорати табибон қарор мегиранд?

Чунки имкон дорад, ки одами дармоншуда дубора гирифтори беморӣ шавад. Ҳангоми табобат бадани одам аз микроб тоза мешавад. Аммо микробҳо метавонанд баъди табобат ҳам дар бадан ё ҷойи зист боқӣ монанд.

Кай дастҳоро шустан лозим аст?

Пас аз хоб хестан, пеш аз хоб рафтан. Пеш аз хўрок хўрдан ва пас аз хўрок хўрдан. Баъди ба ҳоҷатхона рафтан. Пас аз бозӣ ва сайру саёҳат. Баъди нигоҳубин, бозӣ бо ҳайвонот ё сила намудани онҳо.

Дастҳоро чӣ гуна бехатар шустан мумкин аст?

Дастонро ҳатман бо собун шустан лозим аст. Саросема нашуда, пурра панҷаро бо ангуштон, кафи даст, пушти каф ва банди дастро шустан лозим аст. Медонед, ки одамон дасти худро бо собун дар муддати 20 сония мешўяд? Ин одат барои хубтар тоза шудани даст аст. Онҳо кори дуруст мекунанд. Чунки собун пўсти одамро аз микроб пок мекунад.

Китоби Комилшо Исозода ва Исмоил Холматов “Барои чӣ даст мешӯнд” соли 2020 чоп шудааст. Ин ва даҳҳо аз ин силсила китобҳоро шумо метавонед дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи Фирӯза Раҳимова.