Бо бачаҳо. Ҳикояи ҷолиб аз “Маснавии Маънавӣ”. Ҳақшиносии   Луқмон

Маснавии МаънавӣРўзе буду рўзгоре буд. Луқмони Ҳаким марде буд сиёҳҷурда ва нозукандом, ки тамоми умри худро ба панд гирифтану панд додан гузаронид ва дар замони худаш суханҳои хуби ў маъруф буданд. Баъдҳо, ки дар ҳама ҷо машҳур шуд, чунон ўро ба хубӣ ёд мекарданд, ки баъзе мардум ўро пайғамбар медонистанд.

Аз ҳарфҳои хуби Луқмон, ки дар китобҳо навишта шудаанд, ин аст, ки ба писараш насиҳат мекарду мегуфт:

– Писарҷон ҳамеша саъй кун вақте хўрок мехўрӣ беҳтарин ғизоҳоро бихўрӣ. Вақте мехобӣ дар беҳтарин хобгоҳҳо бихобӣ ва то ҳар вақт зиндагӣ мекунӣ, аз беҳтарин лаззатҳои зиндагӣ баҳраманд бошӣ ва ба ҳар ҷо ки мерасӣ, хонае бисозу дар он ҷ обо дўстон вақтатро хўш бигзарон.

Писар гуфт:

– Падарҷон ин ки ту мегўӣ шояд барои ман мумкин нашавад. Чунки беҳтарин зиндагӣ аз касоне аст, ки хеле пулдор ҳастанд ва метавонанд ҳама чизро барои худашон фароҳам кунанд ва ҳама ҷо хона бисозанд. Ман мумкин аст, дастам аз моли дунё холӣ бошад.

Луқмон гуфт:

– Ҳама сухан дар ҳамин аст. Мардум ҳамеша хаёл мекунанд ҳама чизҳои хубро бо пули зиёд харида мешавад, вале агар пули зиёд бо ақл ҳамроҳ набошад, бо худ нороҳатиҳои зиёд меорад. Соҳиби пули зиёд бештари умри худро ба талхӣ мегузаронад, то аз зиёд кардани пул лаззат бибарад, вале худи пул лаззат надорад, балки лаззат дар ақл асту саодат дар осоиши фикр. Саъй кун маънии зиндагиро бишносӣ. Барои ин кор кофӣ аст, камтар дертар хўрок бихўрӣ, то хуб гурусна шуда бошӣ. Дар ин сурат ғизое, ки мехўрӣ, ба беҳтарин хурокҳо монанд аст. Каме бештар кор куну камтар бихоб, то хоби хўшу ширин дошта бошӣ. Дар ин сурат фикр мекунӣ дар беҳтарин хобгоҳҳо хобида бошӣ. Худатро доим ба хўшгузаронӣ одат мадеҳ, сахткору сахткўш бош ва каме ба зиндагии сахти дигарон ҳам фикр кун. Дар ин сурат лаззатҳои зиндагӣ барои ту ширинтару гуворотар мешавад. Бидон, ки ҳама ҷо хонаи туст ва хонаи дўстиро ҳама ҷо метавон сохт.

Яке аз саргузаштҳои Луқмон ҳам ин аст, ки рўзе ўро ба асорат гирифтанду ба хоҷаи бузурге фурўхтанд. Хоҷа ҳарчи бештар дар корҳои Луқмон диққат медод, бештар ба ақлу ҳўш ва ҳикмату дониши ў шефта мешуд. Ба тавре ки Луқмон дар назари хоҷа хеле азизу муҳтарам шуд. Рафта-рафта кор ба ҷое расид, ки хоҷа Луқмонро монанди писару бародари худ дўст медошт ва ўро аз ҷумлаи ҳамнишину ҳамдами худ медонист.

Хоҷаи бештар саъй мекард дар ҳар пешомаде иззту эҳтироми Луқмонро нигаҳ дорад ва дар сари дастархон низ беҳтарин хўрокҳоро ба Луқмон пешниҳод мекард. Дар ин ҳол, як рўз аз киштзор барои хоҷа як харбузаи тару тоза туҳфа оварданд.

Хоҷа кордчаро бардошту пеш аз он ки худаш харбузаро бихўрад, як тилим бурид ва ба Луқмон дод. Луқмон тилимро гирифту хўрд. Хоҷа хўшҳол шуду як тилими дигар аз харбуза бурид ва ба Луқмон дод. Луқмон барои риояи адаб онро ҳам қабул кард ва монанди луқмаи лазизе хўрду ташаккур гуфт. Ҳамин тариқ, хоҷа он қадар аз харбуза ба Луқмон дод, ки фақат як тилим боқӣ монд. Хоҷа бо худ гуфт: «Ҳоло дигар метавонам худам ҳам аз ин харбуза нўши ҷон кунам».

Аммо ҳамин ки онро хўрд, фаҳмид, ки харбуза офатзада ва бисёр талх будааст. Ҳалқу забон хоҷа аз талхии харбуза сўхт ва хеле нороҳат шуд. Ў баъди шустани даҳони худ ба Луқмон гуфт:

Дўсти азиз аҷаб харбузаи талхе буд ва ман намедонистам. Чи тавр аз аввал то ҳол ҳеҷ чиз аз талхии он сухане нагуфтӣ. Чи сабре дорӣ.

Луқмон ҷавоб дод:

– Бале, харбуза талх буд, вале ман муддатҳост, ки аз дасти ту ширинӣ мехўрдам, ин бор дилам розӣ нашуд аз талхии харбуза шикоят намоям. Ту маро азиз доштӣ, ман ҳам туро азиз доштам. Ман ҳамеша ба мардум насиҳат мекунам, ки дар баробари хубиҳои дигарон ҳақшинос бошанд, чӣ гуна мумкин аст, ки худам ба насиҳати худ амал накунам? Эй кош, ин як тилими охириро ҳам ба ман медодӣ ва аз муҳаббати худ хўшҳол мемондӣ, ҳамон тавр ки ман аз хубиҳо ва бузургвориҳои ту розию хўшҳол будам.

Аз китоби Маҳдии Озаряздӣ “Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб”, ҷилди 4, Душанбе, “Ирфон”, 2024.

Бачаҳои азиз метавонанд ин силсилакитобро дар толори хониши адабиёт барои кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ, воқеъ дар ошёнаи аввал мутолиа кунанд.

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
м
утахассиси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон.