«Бундаҳишн»-ро метавон дар китоби дуюми “Мероси хаттии бостон” хонд

Мероси-хаттии-ниёгон«Бундаҳишн» яке аз сарчашмаҳои қадимаи мардуми ориёинажод ба шумор рафта, тақрибан асрҳои VIII-IX мелодӣ ба забони паҳлавӣ навишта шуда ва ҳамчун асари энсиклопедӣ баъд аз Авесто дар мақоми дувум меистад.

Бундаҳишн дар ду шакл дастрас гардидааст: «Бундаҳишни бузург» ё «Бундаҳишни эронӣ» ва «Бундаҳишни хурд» ё «Бундаҳишни Ҳинд». Кӯтоҳтараш дар Ҳиндустон пайдо шудааст ва аз ин рӯ бо номи «Бундаҳишни хурд» ё «Бундаҳишни Ҳинд» машҳур аст. Нусхаи ин сарчашмаро Иброҳим Анкетил-Дюперрон соли 1762 ба Аврупо бурд. Қисми дарозтари онро Т.Д. Анклесария тақрибан дар соли 1870 аз Эрон ба Ҳиндустон бурда, мунташир кард ва аз ин рӯ бо номи Бундахиши Бузург ё танҳо Бундахишн машҳур аст. Ин ду манбаъ аз анъанаҳои гуногуни дастнависӣ асос ёфта, яке аз дигаре вобаста аз ҷиҳати мундариҷа каме фарқ мекунанд.

Асари мазкур, ки нависандаи он маълум нест, аз 46 бахш иборат буда, аз ҷониби пажӯҳишгари эронӣ – Меҳрдоди Баҳор бори аввал ба забони форсӣ тарҷума ва нашр гардидааст.

Бундаҳиш аз ду ҷузъ “бун ” ба маънои оғоз, ибтидо аввал ва “диҳиш” ба маънои офариниш таркиб ёфта ва дар маҷмӯъ ба маънои офариниши нахустин, аввалин, ибтидоӣ мебошад.

Бундахишн мавзуи муборизаи Аҳура-Маздо ва Ангра Майнюро барои ҳукмронии дунё дар бар гирифта, дар 3000 соли аввали соли кайҳони Аҳура Маздо фраваширо офарид ва ғояи офариниши ояндаи ӯро ба вуҷуд овард. Вай беэҳсосӣ ва беҷуръатиро ҳамчун аслиҳа алайҳи Ангра Майню истифода кард ва дар охири ин давра Ангра Майню маҷбур шуд, ки итоат кунад ва дар тӯли 3000 соли оянда ба беҳушӣ афтод.

Аҳуро Маздо аз набудани Ангра Майню истифода бурда, Амеша Спента (Намирандаҳои саховатманд), ки унсурҳои ибтидоии ҷаҳони моддиро ифода мекунад, офаридааст ва салтанати худро бо Ардом (Аша), “ҳақиқат” фаро гирифтааст, то Ангра Майнюро несту нобуд созад.

Бундахишн ниҳоят равиши инкишофи офариниши оламро зери таъсири ду қувва: некӣ ва бадӣ тасвир намуда, ба шаш гурӯҳи асосӣ тақсим мекунад:

  1. Осмон
  2. Об
  3. Замин
  4. Наботот
  5. Ҳайвонот
  6. Инсон

Хулоса, “Бундаҳишн” дар ягон давру замон арзиши худро гум накарда, аз ҷониби муҳаққиқону донишпажӯҳони ҷаҳон мавриди таҳқиқу омузиш қарор дошта, то ҳол тарҷума ва нашр мегардад. Ин асар ба хотири аҳамияти таърихӣ ва куҳанбунёдии миллати тоҷикро баён намуданаш дар Маркази «Тоҷикшиносӣ» Китобхонаи миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014, дар яке аз қисматҳои «Мероси хаттии бостон» китоби 2, ҷилди 1 таҳти  силсилаи «Тоҷнома» (Тоҷикон дар масири тамаддун) нашр гардидааст.

Китобро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.

Таҳияи Орзуҷон Искандаров, мутахассиси Маркази «Тоҷикшиносӣ».