Ду нафар аз ҷумлаи кормандони Китобхонаи миллӣ ба даври дуюми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, роҳхат гирифтанд

Фурӯғи-субҳи-доноӣ-китоб-аст

27 уми март дар Китобхонаи миллӣ даври аввали озмуни ҷумҳуриявииФурӯғи субҳи донои китоб астбаргузор гардид, ки дар он аз рӯйи 4 номинаадабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон довталабон ширкат варзиданд.

Ба ҳайси раиси ҳакамон муовини директори Китобхона Ҷалолуддин Нурзода иштирок намуда, ҳайати комиссия аз сарварони бахшу шуъбаҳои китобхона, Фарзона Мирзоева, Зафари Гулмурод, Ҳадиятуллоҳи Амриддин ва Бибираъно Ҷӯраева шоил буданд.

Тибқи арзёбии ҳакамон Абдуғаюр Саломов – саодори шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ дар наминатсияи адабиёти классик ва Назира Доруева аз шуъбаи феҳристнигории Муассиса дар наминатсияи адабиёти ҷаҳон ғолиб дониста шуда, ба даври дигари озмун роҳхат гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” соли панҷум аст, ки дар кишвар баргузор мегардад ва Низомномаи он бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3 феврали соли 2022 тасдиқ шудааст. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, яке аз масъулони асосии баргузории ин озмун Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Наргис НАЗАРЗОДА,
б
ахши матбуот ва
робита бо ҷомеа
.