ЭЪЛОН! Ба диққати донишмандон, пажуҳишгарон ва дӯстдорони китоб!

ЭълонМуассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади истиқболи сазовори Ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Рӯзи китоб”, беҳтар намудани фаъолияти илмии Муассиса, муаррифии навгониҳои таҳқиқотии соҳаи китобдорӣ, инъикоси дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар дар соҳаи фарҳанг ва китобу китобдорӣ, таҳқиқи вазъи фаъолияти китобхонаҳои саросари мамлакат, ҷамъоварӣ ва нашри пажӯҳишу баррасиҳои илмӣ-оммавии соҳаи фаъолияти китобдорӣ, таҳия ва нашри силсилаи маҷмуаи мақолаҳоро таҳти унвони “Масъалаҳои китобшиносӣ, китобхонашиносӣ ва библиографияшиносии тоҷик” ба нақша гирифтааст.

Донишмандони муҳтарам, пажӯҳишгарон ва дӯстдорони китобу китобхона метавонанд мақолаҳои илмӣ-оммавии худро ҷиҳати нашр дар маҷмуаи мазкур пешниҳод намоянд.

МАВЗУЪҲОИ МЕҲВАРИИ МАҶМУА:

Масъалаҳои китобшиносӣ:

  • таърихи китоби тоҷик (оид ба пайдоиши аввалин дастнависҳо, китобҳои чопи сангӣ ва маводи чопӣ);
  • нашр ва паҳн намудани китоб дар Тоҷикистон дар даврони Истиқлол;
  • мазмуну муҳтавои китобҳои нашршаванда;
  • вазъи таъминоти адабиёт дар китобхонаҳо;
  • нақш ва мақоми китоб дар ҳаёти маънавии ҷомеа;
  • фаъолияти нашриёти давлатӣ ва хусусӣ дар даврони Истиқлол;
  • нашри адабиёти илмӣ-маърифатӣ ва бадеӣ барои кӯдакону наврасон дар солҳои соҳибистиқлолӣ.

МАСЪАЛАҲОИ КИТОБХОНАШИНОСӢ: 

  • таърихи китобхонаҳои Тоҷикистон;
  • ҷойгоҳи китобхона дар ҷомеа;
  • фаъолияти китобхонаҳои мамлакат дар даврони Истиқлол;
  • масъалаҳои мукаммалгардонии фонди китобхонаҳо;
  • нақши озмуну фестивалҳо дар ҷалби аҳолӣ ба китобхонӣ;
  • китобхонаҳои электронӣ дар Тоҷикистон.

МАСЪАЛАҲОИ БИБЛИОГРАФИЯШИНОСӢ:

  • созмондиҳии хадамоти библиографӣ дар китобхонаҳо;
  • фаъолияти марказҳои библиографӣ дар таҳия ва интишори дастурҳои библиографӣ;
  • омӯзиш ва тарғиби донишҳои библиографӣ дар китобхонаҳо;
  • инъикоси осори Пешвои миллат дар библиографияи тоҷик;
  • аз таърихи библиографияи тоҷик;
  • библиография ҳамчун илм.

ТАЛАБОТ НИСБАТ БА МАҚОЛАҲОИ ПЕШНИҲОДШАВАНДА:

Мақола бояд ҷое нашр ва ироа нашуда бошад;

Мақола бо ҳуруфи Timmes New Roman Tj , андозаи ҳарф – 14 ва фосилаи байни сатрҳо 1,5 ҳуруфчинӣ гардад;

Истинод ба адабиёт дар матн ҳатмӣ буда, ба таври зайл тартиб дода мешавад: [3, с. 25; 5, саҳ. 33-36], ки рақами якум рақами манбаъ дар рӯйхати истинодҳо, дувум саҳифа мебошад;

Рӯйхати адабиёт дар охири мақолаҳои илмӣ пас аз калимаи «АДАБИЁТ» бо тартиби алифбо ҷойгир карда мешавад;

Дар сатри охирин  маълумот дар бораи муаллиф – насаб, ном, номи падар (пурра), дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ, вазифа, ҷои кор ва рақами телефон оварда мешавад;

Интихоби мақолаҳо бар уҳдаи масъулони илмии чопи маҷмуа аст;

Нишонӣ барои ирсоли мақолаҳо: hadyatullohi.a@nlt.tj

Охирин муҳлати қабули мавод 30-юми июни соли 2024.

Суроғаи мо: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон 5. 

Рақами телефонҳо барои тамос:
+992372210633
+992918268083
+992988060398