Евгений Бертелс: Вижагонии ҳамагонии зиндагии адабӣ дар қаламрави Ғазнавиён. Бахши 2

Евгений БертелсВа он девсавори Нўштегин, чунонки бо вай ниҳода буд, ба Ҳирот расид ва Амир Масъуд бар малтафа воқиф гашт ва мисол дод то саворро ҷое ба фурўд оваранд ва дарсоат фармуд, то гаҷгаронро бихонданд ва он хона сапед карданд ва муҳр заданд. Гўи ҳаргиз бар он деворҳо нақш набудааст ва ҷома афканданд ва рост карданд ва қуфл бирниҳоданд ва кас надонист, ки ҳол чист. Ва бар асари ин девсавор, Хайлтош даррасид, рўзи ҳаштуми чоштгоҳ ва Амир Масъуд дар сафҳасарои Аднӣ нишаста буд бо надимон ва ҳоҷиб ва бо Қатлуғтегини биҳиштӣ бар даргоҳ нишаста буд, бо дигар ҳаҷобу ҳашам ва мартабадорон. Ва Хайлтош даррасид.

Аз асб фурўд омад ва шамшер баркашид ва дебус дар гаш гирифт ва асб бигзошт. Дар вақт, Қатлуғтегин бар пой хост ва гуфт: «Чист?». Хайлтош посух надод ва гушоднома бад-ў дод ва ба сарой фурў рафт. Қатлуғ гушодномаро бихонд ва ба Амир Масъуд дод ва гуфт: «Чи бояд кард?». Амир гуфт: «Ҳар фармон, ки ҳаст ба ҷой бояд овард». Ва ҳазоҳаз дар сарой афтод ва Хайлтош мерафт ва то ба дари он хона ва дебус дар ниҳод ва ҳарду қуфлро даршикаст ва дари хона боз кард ва дар (он) рафт. Хонае дид сапед, покиза ва муҳрзада ва ҷома афканда. Берун омад ва пеши Амир Масъуд замин бўса дод ва гуфт:

«Бандагонро аз фармонбардорӣ чора нест ва ин беадабӣ, банда ба фармони Султон Маҳмуд кард ва фармон чунон аст, ки дарсоат, ки ин хона бидида бошам бозгардам, акнун рафтам».

Амир Масъуд гуфт: «Ту ба вақт омадӣ ва фармони худованд-султон-падарро баҷой овардӣ. Акнун ба фармони мо як рўз бибош, ки бошад ба ғалат нишони хона дода бошанд, то ҳама саройҳо ва хонаҳо ба ту намоянд».

Гуфт: «Фармонбардорам, ҳарчанд бандаро ин мисол надодаанд». Ва Амир барнишаст ва ба ду фарсангӣ боғест, ки Бейлоб гўянд. Ҷое ҳасин, ки вайрову қавмро онҷо ҷой будӣ ва фармуд то мардуми саройҳо ҷумла онҷо рафтанд ва холӣ карданд ва ҳараму ғуломон бирафтанд. Ва пас Хайлтошро Катлуғтегини Биҳиштӣ ва Мушаррафу Соҳиббарид, гирди ҳамаи саройҳо бароварданд ва як-якҷой бад-ў намуданд, тоҷумла бидид ва муқаррар гашт, ки ҳеч хона нест бар онҷумла, ки инҳо карда буданд. Пас номаҳо навиштанд бар сурати ин ҳол ва Хайлтошро даҳ ҳазор дирам доданд ва боз гардониданд ва Амир Масъуд разиаллоҳу анҳа ба шаҳр бозомад. Ва чун Хайлтош ба Fазнин расид ва он чӣ рафта буд ба тамомӣ бозгуфт ва номаҳо низ бихонда омад, Амир Маҳмуд Раҳмутллоҳу алайҳ гуфт: «Бар ин фарзанди ман дурғўҳо бисёр мегўянд» ва дигар он ҷустуҷўҳо фаро бурид. Агар, ҳатто писарони Маҳмуд ҳам дар зери чунин муроқибати дақиқе будаанд, дигар метавон пиндошт, ки ҳолу рўзи чакомасароён ва донишмандоне, ки дар даргоҳи ў буданд, чӣ будааст.

Сахттарин рақобатҳо, ки рақибонро вомедошт ҳамвора дар чакомаҳои якдигар дар ҷустуҷўи ҷоҳое бошанд, ки битавон бар он хўрда гирифт, душвории кори ононро жарфтар мекард. Як иборати номуваффақ дар қасидае барои ҷашну сурур метавонист, ки чакомасароро аз чашми Маҳмуд андохта ва ҳатто ба яке аз дижҳои ҳиндии Султон бияфканад, ки танҳо як роҳ дар рў дошт ва он ҳам ба гўристон буд.

Аз чакомасароёни ин даврон, осоре борҳо беш аз чакомасароёни рўзгори сомониён мондааст. Аммо бо ин ҳама наметавон аз рўи чакомаҳое, ки ба дасти мо расидааст, нигораи зиндагии адабии он рўзҳоро равшан кард. Девонҳои комил, бисёр андак мондааст ва онҳо ҳам бештарашон рўнависии пасин ва бо таҳрифоте бузург ҳастанд. Огоҳии мо аз шоироне, ки овозаи камтар доранд аз тазкираҳои гуногун аст, аммо аз онҷо, ки куҳантарин тазкирае, ки барҷой монда, дувист сол дертар аз даврони зиндагии ин чакомасароён навишта шуда, пазируфтани додаҳое, ки дар онҷо омада бисёр душвор аст. Гузашта аз ин «Лубоб-ул-албоб» додаҳое дар бораи зиндагии чакомасароёне, ки номашон дар ин тазкира омадааст намедиҳад.

Дар фарҳангҳои гуногун шумораи бисёр парокандаи байтҳо омадааст ва яке аз ин фарҳангҳо ҳамоно «Луғати фурс» («Забони порсиён») аз Асадии Тўсӣ аст, ки аз нигоҳи даврони пардохта шуданаш, ба чакомаҳои шоирони рўзгори ғазнавиён наздик аст. Дар он иқтибосҳои бисёре омада, аммо як ва ҳамон иқтибос дар нусхаҳои гуногуни фарҳанг ба муаллифони гуногун нисбат дода мешавад. Аз ин рў ҳатто чунин сарчашмаи пурарзише имкон намедиҳад, ки аз бархе масалаҳо чунонки бояд сар дарбиёварем. Я. Рипко дар гузорише дар соли 1948 дар Москва аз як байти Фаррухӣ сухан гуфт, ки пажўҳишгарон онро дере дар васфи печидаи зебоии маҳбубаи чакомасаро мепиндоштанд. Росташ ин буд, ки пас аз чопи девон (ки муяссар сохт ин байтро дар вобастагӣ ба матн бихонанд) равшан гардид, ки ин тавсифе аз зеборўе набуда, васфи чизе аст, ки ҳомии чакомасаро барояш фиристодааст. Метавон гуфт, дар нусхаҳои хаттии девони шоирони даргоҳи Fазнавӣ аз ҳаҷв хабаре нест, аммо бисёре аз шеърҳои ҳамин шоиронро, ки дар фарҳангҳо овардаанд аз бозортарин ва хашантарин ҳаҷвҳо гирифтаанд. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки дар он рўзгор шоирон ҳаҷвро дар девонҳо намеоварданд ва ё ин ки дар рўнависҳои пасин, онҳоро ба дур андохтаанд.

Ногуфта намонад, ки ҳарчанд дарунмояи ин ҳаҷвҳои хашан аз кўчактарин арзише бархўрдор нестанд, забони онҳо бисёр дархўри нигариш аст. Сухан бар сари он аст, ки чакомасароён дар қасидаҳо аз сабки боло баҳра гирифта ва аз наздикӣ бо забони гуфтугў дурӣ меҷустанд. Аммо дар ҳаҷв поёнтарин вожаҳоро ба кор бурда ва чунон чизҳо ва падидаҳоеро ба ном номидаанд, ки дар қасида ишорае ҳам наметавонистанд ба он бикунанд. Равшан аст, ки созандагони фарҳангҳо нигарише борҳо беш аз қасида ба ҳаҷв доштаанд. Дар инҷо будааст, ки инон вожаҳоеро, ки бисёр андак ба кор мерафта ва хоҳони тавзеҳи бештаре буда, меёфтаанд. Қасидаҳо дар беҳтарин сурат, танҳо шуморе аз вожаҳои мансухро медодаанд. Дар бораи вожаҳои ангуштшумори арабӣ, бояд гуфт, ки хонанда метавонист ин вожаҳоро дар фарҳангнависии саршори арабӣ биёбад ва барои ҳамин ҳам инҳо ба фарҳангҳо роҳ наёфтаанд. Чакомаҳои шоирони гирди ғазнавиён, ки то рўзгори мо расидааст, бештараш шеърҳои дарборӣ аст. То онҷо ки мешавад доварӣ кард, қасида ҳамчунон асоситарин гуна ва намуди ин чакомасароӣ будааст. Аммо ин гуна чакомаҳои он рўзгор, бо ҳамаи пучии дарунашон, ин тафовутро бо ҳамин гуна шеъри пасин доранд, ки боз ҳам, ағлаб тавсифҳои бисёр зебое меоранд ва додаҳои пурарзиши таърихиро нигоҳ доштаанд. Ин қасидаҳо ба тамринҳои ташрифотӣ наздик гардида, аммо ҳанўз барои ҳамеша хушкида ва сахтнашуда буданд. Дар чакомаҳои беҳтарини шоирони он рўзгор, ҳатто дар қасидаҳои ташрифотӣ метавон бозтоби осори мардумиро дид. Ҳарчанд ки шоирон барои хушхидматӣ ба Султон Маҳмуд, ки дар ҳамаҷо «илҳоди қарматиён»-ро медид ва шарму озарм надошт, ки ҳамаи душманонашро қарматӣ биномад, мавзуоти дини ҳақро ба чакомаҳои худ дармеоварданд, аммо менамояд, ки нигариши онон ба дини куҳан, барои ҳамеша ҳанўз хомўш нашуда буд. Бисёре аз бахшҳои «Шоҳнома» ва бархе байтҳои шоироне, ки чандон шинохташуда нестанд, чунонки ин байтҳои Лабибӣ гуфтаи моро устувор мекунанд:

Аз итоат бо падар Зардушти пир,

 Худ ба наски офарингон гуфтааст.

Нигариш ба ин нукта ҳам дорои арзиш аст, ки шоир дар ин байт, истилоҳи зартуштиёнро медонад ва онро ба дурустӣ ба кор мебарад.

Гўянд нахустин сухан аз номаи Позанд,

Он аст, ки бо мардуми бадасл мапайванд.

 ЕВГЕНИЙ БЕРТЕЛС: ВИЖАГОНИИ ҲАМАГОНИИ ЗИНДАГИИ АДАБӢ ДАР ҚАЛАМРАВИ ҒАЗНАВИЁН. БАХШИ 1

Аммо ин байтҳо менамояд, ки Лабибӣ тасаввури мубҳаме аз адабиёти куҳан доштааст. Номаи «Позанд» ҳастӣ надошта ва наметавониста ҳам ҳастӣ дошта бошад, зеро Позанд на ин ки номи китоб, балки шеваи нигорише буда, ки бино бар он матни порсии миёна, ба дабираи Авастоӣ овонигорӣ мешудааст. Пас ин ки Позанд на номаи ҷудогона, балки як ришта ёдгориҳои таърихӣ аст. Бадеҳӣ аст, ки шояд Лабибӣ мехостааст бигўяд ки ин сухан дар кулл яке аз пураҳмияттарин суханон дар ин адабиёт аст. Ба ҳар ҳол, ин нукта равшан нест ва агар ҳанўз дар чопи Асадӣ худ мегўяд, ки дар ин байт ёде аз ҷои мушаххас дар Авасто омадааст, мо низ ҳамроҳ бо Я. Рипко ин пиндорро яксара рад мекунем. Ҳангоми баррасии осори шоироне, ки бо гунае бо ғазнавиён вобастагӣ доштаанд, метавон дар миёни онон, ду гурўҳро ба хубӣ дид: чакомасароёни оғозин, ки то андозаи бузург суннатҳои Рўдакӣ ва дабистонашро идома додаанд ва шоирони ғазнавиёни пасин.

Шаклҳои беандоза печида, яке шудани мавзуъҳо, яксон гардидани оҳангҳои асосӣ ва саранҷом пайдо шудани овоҳои сўфиёна, аз вижагиҳои гурўҳи дувум аст. Вижагии чакомаҳои сўфиёна, дар ин даврон, ҳамоно талош барои наздик шудан ба навои таронаҳои мардумӣ, гироиши намоён ба сабки рубоӣ ва ағлаб хўрдагирии тунд аз фармонравоён аст. Метавон пиндошт, ки бисёре аз чакомасароёни сўфия, то андозае намоёнгари дидгоҳҳои шаҳрнишинон, яъне пешаварону савдогарони кўчак, ки бахши тангдасттари динёрон низ ба онон пайваста буданд, будаанд. Солҳои фармонравоии Маҳмуд ва писараш Масъудро равшантар аз ҳама қасидасаро, Унсурӣ, Фаррухӣ ва Манучеҳрӣ бозметобонанд.

Матни комили ин матлаби ҷолиб ва таҳлили олимонаи устод  Евгений Бертелсро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ аз китоби ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” бихонед.

Китоби мазкур аз сислсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Китобхонаи миллӣ соли 2025  зери назари академик Носирҷон Салимӣ интишор ёфтааст. Китобро Сируси Эзадӣ ба форсӣ баргардон кардааст.

Таҳияи Башира Умарова,
мутахассиси пешбари
Маркази “Тоҷикшиносӣ