Профессор Асозода: “Ҷалол Икромӣ ва устод Айнӣ”. Бахши охир
Далели дигарие, ки шогирди воқеии С.Айнӣ будани Ҷ. Икромиро собит месозад, он аст, ки баҳори соли 1949 С. Айнӣ таҳрири романи “Шодӣ”-и Ҷ. Икромиро дар Сталинобод ба анҷом расонида, оғози июни ҳамон сол нияти сафари Бухоро ва Ғиждувон мекунад. Ба таъбири Ҷ. Икромӣ “…ёру дӯстон ва хешовандонашонро бинад ва инчунин хостанд, ки дар ин сафар ману Улуғзода ба он кас ҳамроҳ бошем то ки домулло ба мо ҷойҳои таърихиро дар Бухоро нишон диҳанд ва шарҳу баён намоянд….” (Ҷ. Икромӣ. Ҳамон маъхаз, с 96).
Ин солҳоест, ки қисми дуввуми “Ёддоштҳо” дар дасти таҳрирашон буду барои қисмҳои баъдии он шояд маводи аввалия, ки заминааш шаҳри Бухоро бо ҷойҳои таърихиаш маҳсуб меёфт, барои С. Айнӣ нокифоя маълум мешавад. Бухоро ба ҳама даҳшатҳояш, ки ба асри С. Айнӣ бор намуда буд, дар шинохти ӯ бисёр азиз буд. Бухороро сидқан дӯст медошт, мадрасаҳои ҳамин шаҳр ва маҳфилҳои адабиаш буд, ки ба ӯ саводи баланди диниву фалсафӣ ва ирфониву адабиро таъмин намуда буд. С. Айнӣ дар дил ҳатман орзу доштаст, ки шаҳри Бухороро бо атрофаш бо ҳаёти баъдиинқилобиаш ва ҳаракатҳои аксулинқилобиаш рӯйи тасвир биёрад ва асари мукаммалеро ба ёдгор гузорад. Вале ӯ дар поёни солҳои 40-уми қарни ХХ эҳсос менамояд, ки дар иҷрои бисёре аз нуқтаҳои нақшаи эҷодиаш шояд умраш вафо намекунад. Ҳол он ки С. Айнӣ Бухороро, таърихи кӯҳнаву нави онро хуб медонист, дониши фаровонеро дар ихтиёр дошт, вале сад афсус, ки бемориҳои пайи ҳам ӯро нороҳат месозанд ва ҳатто дар поён расондани “Ёддоштҳо” ки ба андешаи С. Айнӣ боз се-чор қисми дигарро бояд менавишт, ба шубҳа менигарад.
Бинобар ин С. Айнӣ ду нависандаи дар назараш хушзавқ Ҷ. Икромӣ ва С. Улуғзода бо худ ҳамсафар месозад ва бо ин восита дониши бухорошиносиашро ба онон ёд доданӣ мешавад. Зеро С. Айнӣ дар эҷоди ин ду адиб ҷанбаи таърихиятро кашф карда буд ва боварӣ дошт, ки баъд аз сари ӯ онҳо метавонанд, ҷойҳои холимондаи таърихнигории вайро пурра мекунанд. Ҷ. Икромӣ дар як нишаст бо С. Айнӣ сабабҳои баъди беморхонаи Когон ба Бухоро баргаштанашро иброз дошта, аммо боз як сабаби дигар ҳам будааст, ки С. Айнӣ дар он маҷлис аз қиссаи он худдорӣ мекунад. Баъдҳо Ҷ.Икромӣ мефаҳмад, ки ин сабаб ба мавзӯи дар Самарқанд оиладор шудани С. Айнӣ иртибот доштааст. Ба идомаи ин сӯҳбат С. Айнӣ як сабаби дигари дилаш аз Бухоро монданро дар он ифшо месозад, ки соли 1922 Мулло Қаҳҳор босмачӣ бо дастааш бародараш Муҳиддинро ба қатл мерасонад. Табиист, ки С. Айнӣ дар бораи фаъолияти босмачиён ва кушандагони бародараш ва ҳам он роҳбарони Ҷумҳурии халқии Бухоро, ки босмачиёнро сарпарастӣ мекарданд, романе навиштанаш аз имкон дур набуд.
Гумон меравад, ки ҳамин мавзуи саркушодамондаи С. Айнӣ боис мешавад, ки Ҷ. Икромӣ дар заминаи нақли устодаш романҳои “Духтари оташ”, “Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро” ва “Тахти вожгун”-ро дар солҳои 60-70-уми асри ХХ эҷод намуд, дар романи охирин – “ Тахти вожгун” кушандагони бародари С. Айниро фош кард. Воқеаҳои босмачигарӣ баъд аз соли 1920 сараввал дар Бухоро ва гирду атрофи он сар зад ва баъд ба Бухорои шарқӣ интиқол ёфтанд.
Аммо С. Айнӣ ба хотири Бухорои шарқиро бо ҳодисаҳои нави таърихиаш шиносондан мавзӯи мазкурро дар романи “Дохунда” инъикос намуд ва ҷиҳатҳои дигари онро, ки баъд аз эълон шудани Ҷумҳурии ҳафтумини сотсиалистии Тоҷикистон, ба вуқуъ пайвастаанд, қисман дар бахшҳои охири романи “Ғуломон” мавриди тасвир қарор доданд. Дар инъикос фаъолияти босмачигарӣ рӯйи тасвир наомадани ин мавзуъ дар мисоли Бухоро ҷойи холигиеро ба вуҷуд оварда буд. Ҷ. Икромӣ дертар бошад ҳам, мавзӯи маскурро бахусус дар “Тахти вожгун” матраҳ сохт ва рӯҳи устод Айниро шод гардонд. Яъне, Ҷ. Икромӣ одинаҳову дохундаҳо, гулбибиву гулнорҳои С. Айниро аз осори С. Айнӣ пайдо кард ва мисоли онҳоро дар Бухоро ва атрофи он ҷустуҷӯ намуда, он холигии насри таърихии С. Айниро гӯё мукаммалтар сохт. Ба ҳамин монанд Ҷ. Икромӣ, ки қисми якуми “Ёддоштҳо”-и С. Айниро аз рӯйи дастхат хонда буду сарнавишти бачагиву дар деҳ рӯзгор доштани устодаш барояш саҳифаҳои зиндагии худашро пеши назараш меоранд, дар пайравӣ ба ин асари пурмаънӣ ва ибратангез ӯ китоби ёддоштҳояшро баъдҳо эҷод намуд.
Ё ин ки С. Улуғзода баъд аз он ки қисми аввали “Ёддоштҳо”-ро мехонаду пораҳои қисми дуввуми онро ҳини сафари якҷоя бо С. Айнӣ аз забони муаллиф мешунавад, баъд аз се – чаҳор соли ин сафари муштарак, қиссаи “Субҳи ҷавонии мо”-ро навишт ва боберо ба нахустошноӣ бо С.Айнӣ дар Дорулмуаллимини тоҷикии Тошканд мебахшад. Гузашта аз ин, сафари С. Айни ба Бухоро дарси ҷиддие дар боби худшиносӣ, ватанхоҳӣ ва фарҳангдӯстӣ барои Ҷ. Икромиву С. Улуғзода маҳсуб меёбад ва дар эҷоди онон аҳамияти тақдирсоз пайдо менамояд. С. Улуғзода амалияи таъкиди профессори рус М.С Андреевро, ки ба С. Улуғзода дар Тошканд, ки “халқи худро бишнос” гуфта буд аз сӯҳбатҳои таърихии С. Айнӣ ба мушоҳида мегирад.
Дар ҳамин замина С. Улуғзода баъдҳо романи “Восеъ”, қиссаи “Ривояти суғдӣ” ва романи “Фирдавсӣ”-ро эҷод менамояд. Ба ин восита С.Айнӣ тавонистааст, ки муштаракияти мавуии эҷодро дар соҳаи насри таърихӣ ба вуҷуд оварад. Метавон гуфт, ки чӣ Ҷ. Икромӣ ва чӣ С. Улуғзода бо навиштани асарҳои таърихӣ- бадеии худ як орзуи ба гӯр бурдани С. Айниро амали сохтанд ва рӯҳи устодашонро ба таври ҳамеша шод гардонданд.
Дар илми адабиётшиносӣ С. Айниро ҳамчун аввалин сегонанависи тоҷик шинохтаанд. (И. Брагинский), ҳарчанд ки “Одина”. “Дохунда” ва “Ғуломон” ба меъёрҳои сегонанависӣ ҷавобгӯ нестанд, аммо ҳамчун сегонаи навъи махсус донистани ин се асари С. Айнӣ мафҳуми матлаб хоҳад буд. Ба ин маънӣ, С. Айнӣ асосгузори ҳамаи навъҳои насрӣ дар адабиёти нави тоҷик мебошад.
Ҷ. Икромӣ, ки сарчашмаи асосии эҷодаш ба мактаби эҷодии С. Айнӣ вобастагӣ дорад, гӯё дар адабиёти садаи ХХ ҳамчун дуввумин сегонанавис эътироф гардидааст. Мавзӯи “Духтар оташ” сарнавишти зани тоҷики бухорои қабл аз инқилоб ва ба рӯзҳои инқилоби халқии Бухоро расидани ӯ мебошад. Қаҳрамонҳои дигари романи мазкур ҳам аз Бухоро ва деҳоти ин минтақа интихоб шудаанд.
Ҳамин мавзуъро Ҷ. Икромӣ бо сарнавишти қаҳрамонони асосиаш дар сужети романи дуввум “Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро” идома медиҳад.
Бо ин ду роман гӯё Ҷ. Икромӣ қаноат ҳосимл намекунад ва мақсад мегузорад, ки сарнавишти қаҳрамонҳои зиндамондаи романи якуму дуввумро ба хатти сужаи “Тахти вожунг” мекӯчонад ва муборизаи онҳоро ба муқобили дастаҳои аксулинқилобӣ рӯйи тасвир меорад. Дар маҷмӯъ ин се роман ба пуррагӣ ба меъёрҳои навъи “сегона” мувофиқат менамояд. Ба ҳамин тариқ, Ҷ. Икромӣ таърихи нави Бухороро ба дигаргуниҳои азимаш ба тасвир мегирад ва оғози воқеияти сотсиалистӣ ва ҷараёни онро бо тазодҳояш хеле моҳирона инъикос мекунад.
Ҷ. Икромӣ бисёр хуб медонист, ки як муваффақияти насрнигории С. Айнӣ дар он буд, ки ӯ дар баробари ин ки воқеъаро медонист, иштирокиёни сухан осорашро низ аз наздик мешинохт ва мавриди зарурат ин ё он қаҳрамони мазкурро умумияти бадеӣ медод. Ҷ. Икромӣ аз нахустин ҳикояаш, ки бо ибтикори С. Айнӣ рӯйи чоп меояд мақсад доштааст, ки монанди С. Айнӣ асар эҷод намояд.
Ба ибораи дигар, агар Ҷ. Икромӣ воқеа, муҳит, ҷуғрофиёи қаҳрамони тасвир мекардаашро намедонист, асар эҷод намекард. Нависанда худ иқрор менамояд, ки повести “Тирмор” “дар натиҷаи муоина ва таассуроти ҳаётие, ки бевосита худам аз матбаа ва зиндагӣ гирифта будам, ба майдон омад…..” ( Ҷ. Икромӣ. Меҳнат ва коргарро мадҳ мекунам.- “ Маориф ва маданият, 1972, 25 ноябр). Ё ин ки дар мавриди романи “Духтари оташ” (1960) менависад, ки “бисёри воқеаҳо аз ҳаёти худам аз ҳаёти оилаи худамон ва ёру ошноҳо тасвир шудааст…”.
Ҷ. Икромӣ бо Саломат Ҷаҳонгирова ва аз наздик ошно буд ва медонист, ки аҷдоди ӯ ғуломзода аст. Ин зан прототипи Фирӯза мебошад. Прототипи Мирак дар “Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро” дотсенти Институти педагогии ба номи Шевченко Мирхон Саидов аст, ки яке аз дӯстони наздики нависанда будааст.
Дар романи “Хатлон” қаҳрамони маркази Мирҳайдар прототипи раиси овозадори вилояти Хатлон Миралӣ Маҳмадалиев мебошад. Чунонки аз таҷрибаи эҷодии С. Айнӣ медонем, устод дар бисёри мавридҳо ба хонанда дар бораи шахсияти баъзе қаҳрамонҳояш маълумоти иловагӣ медиҳад. Баъзан С. Айнӣ мегӯяд: ман ин шахсро мешинохтам ва борҳо дар сӯҳбаташ будам. Ҷ. Икромӣ ҳам, тавре дидем, худ аз куҷо пайдо кардани қаҳрамони асосиашро ба хонанда ошно месозад.
Дигар ҷиҳати насрнависии Ҷ. Икромӣ он аст, ки аксари ҳикояву повест ва романҳояшро дар заминаи илҳом гирифтан аз асарҳои адибони рус эҷод кардааст. Яъне, Ҷ. Икромӣ ҳам монанди С. Айнӣ ҳеҷ гоҳ манбаи илҳомашро пинҳон намекунад, балки мегӯяд, ки “Ҳафта”-и Ю. Лебидинсийро ба тоҷикӣ тарҷума намудаму дар ҳамон мавзуъ повести “Ду ҳафта”-ро навиштам.
Маълум аст, ки Ҷ. Икроиӣ соли 1932 дар ҳайати як гурӯҳ нависандагони ҷавони тоҷик аз Сталинобод то Маскав сафар мекунад ва ин таассурот ба навиштани повести бачагонаи ӯ “Аз Маскав чӣ овардӣ?” мусоидат кардааст. Аммо Ҷ. Икромӣ мегӯяд, ки то ки ин қиссаро менависад, асари адиби рус Александр Неверов – “Тошканд- шаҳри нон”- ро мутолиа менамояд. Мешавад гуфт, ки повести “Аз маскав чӣ овардӣ?” назираи “Тошканд- шаҳри нон”- и А. Неверов мебошад.
Романи “ Шодӣ” ҳам дар замини илҳоме аз романи “Замини корамшуда”– и М. Шолохов арзи вуҷуд кардааст. Ба ҳамин монанд, романи ҳаҷвии “Саргузашти Сафар – Махсум”- и Ҷ. Икромӣ дар ҳамқаламӣ бо Ҳ. Назаров ба романи Л. Соловёв “Вайронкунандаи оромӣ” аз нигоҳи мавзуъ ва сарнавишти қаҳрамонаш шабеҳият пайдо кардааст. Назар ба иқрори Ҷ. Икромӣ, романи номбурдаи адиби рус, ки дар асоси маводи фолклори Осиёи Марказӣ эҷод гардида, қаҳрамони асосиаш Мулло Насриддин Афандӣ аст, ба ӯ хуш меояд, ба андозае, ки “Ин китобро яке аз аҷибтарин ва олитарин китобҳои оид ба Шарқ” медонад. Дар эҷоди “Саргузашти Сафар – Махсум” Ҷ. Икромӣ таҷрибаи эҷодии Л.Соловёвро истифода менамояд ва ҳам ин роман аз ҳам асарҳои дигари Ҷ. Икромӣ, ки дар натиҷа илҳом аз намунаҳои насри русӣ ба вуҷуд омадаанд ва тақлид дуранд.
Ба ҳамин тариқ, Ҷ. Икромӣ дар ҷараёни эҷоди худ ҳамеша С. Айнӣ, ҳунари ӯ ва таъкидҳои ӯро мадди назар мегирифтааст. Аз ин рӯ, тадқиқи мавзӯи Ҷ. Икромӣ ва С. Айнӣ хеле доманадор буда, умед аст, ки он дар ояндаи наздик мавриди баҳси ҷидди адабиётшиносӣ қарор мегирад. Месазад, ки мавзӯи устодӣ ва шогирдӣ дар мисоли С. Айнӣ ва Ҷ. Икромӣ ба ҳукми анъана даромада, боис мегардад, ки саҳифаҳои дар торикӣ мондаи таърихи адабиёти садаи ХХ тоҷик рӯ ба равшанӣ хоҳанд овард. Гузашта аз ин, имрӯзҳо, ки аз умри пурбаракати Нависандаи Халқии Тоҷикистон, сад сол (соли таълифи мақола, 2009 дар назар аст) пурра мегардад, метавон гуфт, ки Ҷ. Икромӣ бо эҷодиёташ боз садсолаҳо ба хонандаи тоҷик дониши ватанхоҳӣ, фарҳангшиносӣ ва одаму одамгарӣ ато менамояд Ҷ. Икромӣ ин рамзи таърихи адабиёти сад соли охири тоҷик хоҳад буд.
Июл- августи соли 2009
(Поёни матлаб)
МАНБАЪ: Худойназар Асозода: “Воқеият, сиёсат ва С.Айнӣ”. Душанбе, 2010.
Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ
ба истифодабарандагон