Фидоии роҳи илм: Бардошт аз авалин дидор бо донишманди маъруф устод Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ
Дар масири рушди илму фарҳанги муосири тоҷик чеҳраҳое вомехӯранд, ки бо заҳмати шабонарӯзӣ ва фаъолияти фидокоронаи худ дар ҳифзу заминасозии ҳувияти миллии миллат нақши бориз мегузоранд. Яке аз чунин шахсиятҳои барҷаста ва мондагори илми ватанӣ, собиқ сармуҳаррири Муассисаи давлатии «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик», олими шинохта устод Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ мебошад. Заҳматҳои бисёрсола ва дидгоҳи воқеъбинонаву методологии ин олими шаҳир дар ҷодаи таърихнигорӣ ва донишноманависии миллат беназир ва шоистаи таҳқиқ аст.
Ҳадафи мақолаи мазкур баён ва таҳлили раванди муштараки таҳияи китобномаи ин олими фарзона ва инъикоси заминаҳои шаклгирии аввалин иқдомҳои библиографӣ дар Маркази «Тоҷикшиносӣ» мебошад.
Фаъолияти илмии устод Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ ба унвони давомдиҳандаи асили мактаби бузурги академик Муҳаммад Осимӣ дар ҷодаи донишноманависии тоҷик арзёбӣ мешавад. Агар академик М. Осимӣ заминаҳои аввалини ин мактабро гузошта бошад, устод Амиршоҳӣ бо неруву дидгоҳи тоза ва истифода аз усулҳои муосири илмӣ онро идома бахшида, як марҳилаи нав эҳё намуд.
Вақте дар Маркази «Тоҷикшиносӣ» тасмим гирифта шуд, ки гирдоварии мавод ва таҳияи дастурҳои библиографӣ роҳандозӣ шавад, таваҷҷуҳи асосии пажӯҳишгарони марказ ба инъикоси фаъолияти шахсиятҳои хидматнишондода ва фидоиёни илми ватанӣ равона гардид. Бояд қайд кард, ки то ин давра дар марказ ягон навъи дастури библиографӣ таҳия нашуда буд ва ин иқдом аввалин таҷрибаи амалӣ дар ҷодаи библиографияи тоҷикшиносӣ ба шумор мерафт.
Дар натиҷаи ин заҳматҳо, вобаста ба тақозои замони муосир ва ҷиҳати таъмини ниёзҳои илмии ҷомеа, дастурҳои библиографии зерин пайдарҳам таҳия ва пешниҳод гардида истодаанд:
- «Феҳристи асарҳои Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллӣ (2014-2024)» – ҳамчун аввалин дастури библиографии марказ ва «Меҳргон: дастури библиографӣ» (ҳарду соли 2025 ба табъ расидаанд);
- «Сада: дастури библиографӣ»;
- «Куруши Кабир: феҳристи адабиёт»;
- «Қаҳрамонони Тоҷикистон: феҳристи адабиёт»;
- «Тоҷикшиносӣ: феҳристи осори бостонӣ» (нашри аввалини он таҳти унвони «Библиографияи тамаддуни ориёӣ: феҳристи осори бостонӣ» вобаста ба Паёми имсолаи Пешвои миллат роҳандозӣ шуд).
Ин иқдомоти илмӣ-методии марказ дар пайравӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтанд. Сарвари давлат дар Паёми худ дар соли 2025 нақши суннатҳои миллӣ ва давлатдории ориёиро ҳамчун асоси ҳувийят ва асолати тоҷикон ёдовар шуда, дастур доданд, ки ҷиҳати бунёди Конун – Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе чораҷӯӣ карда шавад. Маҳз дар заминаи ин ҳидоятҳо, маводи гирдовардаи мо гурӯҳбандӣ ва танзим шуд.
Дар ин асно, бо пешниҳоди мудири онвақтаи марказ Манижа Убайдуллоева ва пазироии роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, лоиҳаи таҳияи дастури библиографӣ таҳти унвони «Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ Қурбонзода: китобномаи шарҳиҳолӣ» оғоз гардид. Ин иқдом тибқи қарори Шурои илмӣ-методии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, расмияти илмӣ ва ҳуқуқӣ пайдо намуд.
Раванди амалии таҳияи китобнома аз ташкили мулоқоти рӯ ба рӯ ва мустақим бо худи устод оғоз ёфт. Вохӯрии мо дар бинои Муассисаи давлатии «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» сурат гирифт. Дидори аввалин ва суҳбатҳои касбӣ нишон дод, ки устод Амиршоҳӣ на танҳо як донишманди соҳибтаҷрибаву воқеъбин, балки инсони хоксоре мебошанд, ки тамоми фаъолияти худро барои ҳифз ва эҳёи таъриху фарҳанги миллат сарф намудаанд.
Ҷиҳати самаранок ва муназзам пеш бурдани корҳои омодагӣ, бо супориши устод, котибаи раиси Муассиса – Давлатзода Мавзуна Исмат ба раванди ҳамкорӣ ҷалб карда шуд. Мавсуф маводи лозима ва ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, инчунин иттилооти зарурӣ аз дӯстону шогирдони устодро аз хазинаи «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» дастраси мо мекард.
Ҳамзамон, аз ҷониби мураттибон қисми дигари сарчашмаҳо аз махзанҳои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ», каталогҳои электронӣ ва манбаъҳои муътамади интернетӣ ҷустуҷӯ, гирдоварӣ ва такмил дода шуданд.
Дар марҳилаҳои баъдии кор, аз ҷониби ҳамкасбон ва шогирдони устод мақолаҳои арзишманди илмиву хотиравӣ пешниҳод гардиданд. Ин навиштаҳо дар бахши махсуси китобнома, яъне «Адабиёт оид ба рӯзгор ва фаъолияти Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ» ҷой дода шуда, ба арзиши илмии дастур аҳамияти дучанд бахшиданд.
Орзуҷон Искандаров,
сардори Маркази «Тоҷикшиносӣ»,
Маҳмадвалӣ Зиёев, сармутахассиси
Маркази «Тоҷикшиносӣ».